А. ХОЛИҚОВ: “ҚОНУНИ ТАНЗИМИ МАРОСИМ ПАСАНДОЗҲОИ МАРДУМРО АФЗОИШ ДОД”
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон муътақид аст, ки яке аз омилҳои афзоиши мизони амонати мардуми ин кишвар дар бонкҳо ба иҷрои қонуни танзими маросим рабт доштааст. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи душанбеи 9 январ дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки соли 2011 амонати мардум дар бонкҳо ҳудуди 54 дарсад афзоиш ёфта ва ин “самараи иҷрои қонуни танзими маросим аст.”
Зеро, ба эътиқоди вай, мардуми Тоҷикистон ҳамакнун барои баргузории ҷашну маросимҳо маблағи камтар сраф карда ва пули изофии худро дар бонкҳо ба амонат мегузоранд. Гузашта аз ин, оқои Холиқов бар ин назар аст, ки бо “туфайли” ин қонун мардуми Тоҷикистон тавонистанд бӯҳрони молии ҷаҳониро бо хисороти андак паси сар кунанд.”
Вай хабар дод, ки дар 4,5 соли баъд аз қабули ин қонун дар баргузории маросиму ҷашнҳо сокинони кишвар беш аз 7 милёрд сомонӣ ё ҳудуди якуним милёрд дулор сарфа карда ва дар тафаккури мардум “тағйироте дар баргузории маросимҳо ба вуҷуд омадааст.”
Вай гуфт: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар соли 2011 аз ин роҳ беш аз 800 милюн сомонии мардум сарфа шудааст. Ба ин рақам сарфаи маблағ дар баргузории зодрӯзҳо, маросимҳои “се” ва “бист” шомил нестанд.” Оқои Холиқов мегӯяд, ки агар то замони оғози иҷрои ин қонун барои баргузории як маросим ба сурати муттавасит сокинони кишвар 8 ҳазору 700 сомонӣ харҷ мекарда бошанд, акнун ин маблағ то ба 2 ҳазору 766 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Бархе аз соҳибназарон ин оморро зери суол мебаранд, зеро ба эътиқоди онҳо бо 2700 сомонӣ ё ҳудуди 500 дулор баргузории маросими арӯсӣ ё ёдбуди фавтидагон дар Тоҷикистон ғайривоқеъӣ ба назар мерасад. Як ҷавоне, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ки ҳарчанд дар баргузории маросими арӯсиаш меъёри муқарраршуда барои даъвати меҳмононро риоя кардааст, вале дар маҷмӯъ бо дарназардошти тӯҳфаҳо ба арӯс ва махориҷи дигар, беш аз даҳ ҳазор дулор харҷ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, бештаре аз маросимҳо дар ин кишвар, бавижа дар манотиқи рустоӣ, бо маблағи камтаре баргузор мешаванд, вале ин маблағ низ бамаротиб бештар аз 500 дулор аст. Аз сӯйи дигар, Абдураҳим Холиқов дар бораи теъдоди афроде, ки муқаррароти қонуни танзими маросим дар Тоҷикистонро нақз кардаанд, иитилоъ надод. Ҳарчанд гуфт, ки ба ҳангоми баргузории маросимҳои “чиҳил”, “сол” ва “ошӣ арӯсӣ” бештаре аз мавориди нақзи ин қонун ошкор шудаанд.
Қонун дар бораи “Танзими анъанот ва расму ойинҳо” дар соли 2008 ба ибтикори раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабул шуд ва зарурати онро давлат ҷилавгирӣ аз велхарҷии мардум барои баргузории маросимҳои суннатӣ хонда буд. Ҳарчанд коршиносон ин қонунро муғойир бо усули демукротик мехонанд, аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин қонун боъис шуд, то "рақобатҳои мардум дар баргузории арӯсиҳои бошукӯҳ" коҳиш ёбад.
Қонун дар бораи "Танзими анъанот ва расму ойинҳо" дар рӯз ва соъоти баргузории маросими арӯсӣ ва суннатӣ ва бархе аз маросими дигар маҳдудиятҳо ворид карда ва барои мисол, иҷоза намедиҳад, ки дар ҷашни арӯсӣ беш аз 150 нафар ширкат кунанд. Ҳамчунин, тибқи ин қонун соҳибҷашн набояд ба меҳмонони худ беш аз як таъоми гарм пешниҳод кунад. Тӯли ҷашни арӯсӣ ба се соъат маҳдуд шуда ва баргузории он дар бархе маҳаллот танҳо дар рӯзҳои таътил мумкин аст.
Абдураҳим Холиқов мегӯяд, ки қабули ин қонун ба коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон низ мунҷар шудааст. Дар гузашта Президент Раҳмон низ таъкид дошт, ки ин қонун “саривақт” тасвиб шуд ва “ҳоло кишварҳои ҳамсоя мехоҳанд аз ин таҷрибаи тоҷикон истифода кунанд.”
Би-Би-Си
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
313
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1369
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
107
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
284
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
184
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
872
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2277
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1345
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4393
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































