НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР ВИЛОЯТИ БАДАХШОН
Мақомоти беҳдоштии вилояти кӯҳистонии Бадахшон аз афзоиши қобили таваҷҷӯҳи ибтило ба бемории сил дар ин вилоят ибрози нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз соли 2005 мелодӣ ба ин сў раванди густариши бемории сил дар вилояти Бадахшон суръат пайдо кардааст.
Бавижа, дар Ишкошим ва Рўшон, ду ноҳияи ин вилоят, тайи солҳои ахир ин беморӣ дар таносуб бо ҳар 100 ҳазор нафар аз ҷамъият то 180 дарсад афзоиш пайдо кардааст. Дар ин бора Маҳзур Меҳтаршоев, масъули маркази мубориза алайҳи бемории сил дар Бадахшон, ба Би-би-сӣ иттилоъ дод. Оқои Меҳтаршоев гуфт, ки дар соли гузаштаи мелодӣ дар қаламрави вилоят ҳудуди 300 нафар барои бори аввал мубтало ба бемории сил шудаанд, ки ин рақам нисбат ба солҳои қаблӣ бештар аст.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 65 нафар барои бори аввал мубтало ба ин беморӣ шудаанд. Ин дар ҳолест ки дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят танҳо 50 нафар ба ин беморӣ мубтало шуда буданд. Ба гуфтаи масъули маркази мубориза алайҳи бемории сил дар Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин вилоят раванди афзоиши беморони силли ба истилоҳ “хонаводагӣ” зиёдтар ба мушоҳида мерасад.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ, бавижа дар минтақаҳои Вахони ноҳияи Ишкошим ва Бартанги ноҳияи Рӯшон мавориди ибтилои чанд узви як хонавода ба ин беморӣ зиёд рух додааст. Шафтолу номи мустаъори як нафар аз беморон дар шифохонаи силли шаҳри Хоруғ аст, ки мегӯяд ӯ барои мудовои худ ба ин беморхона аз деҳаи дуруфтодаи Рошорви Бартанг омадааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бо ӯ, як бародар ва хоҳари дигараш низ дар ин бемористон ба далели мушобеҳ бистарӣ ҳастанд. Шафтолу гуфт, ки ин беморӣ ба аҳли хонаводаи онҳо аз як амӯзодааш сироят кардааст. Вай афзуд амӯзодааш, ки солҳои дароз дар Русия муҳоҷири корӣ буда, дар он ҷо ба ин беморӣ мубтало шуда ва сипас ба хонааш баргаштааст.
Вай бемориашро аз наздикон ва пизишкон пинҳон дошта ва талош кардааст аз роҳи суннатӣ табобат кунад. Вале шифо наёфта ва атрофиёнашро низ ба ин беморӣ мубтало кардааст. Тавре ки масъулони бемористони силли шаҳри Хоруғ гуфтанд, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 дарсади беморони бистарӣ дар ин беморхона афродеанд, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва ё кишварҳои дигари ҳамсуд ба сар бурдаанд.
Набот Доидихудоева, мудири созмони ғайридавлатии “Мадина”, ки ҳадафаш огоҳсозии муҳоҷирон дар бораи хатароти бемориҳои вогир ё сироятист, гуфт, ки далели аслии ибтилои бештари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ин беморӣ набудани шароити муносиби зиндагӣ дар маҳалли корашон аст. Аммо Маҳзур Меҳтаршоев далели афзоиши ибтило ба бемори сил дар Бадахшонро густариши фақру бекорӣ дар минтақа ва камбуди ғизоҳои қавӣ медонад.
Аз сӯйи дигар, ӯ мӯътақид аст, ки иҷрои тарҳҳои тоза дар ин замина ба сабти шумори бештаре аз мубталоён ба бемории сил мусоъидат кардааст. Оқои Меҳтаршоев мегӯўяд, ки агар дар даврони Шӯравӣ дар тамоми қаламрави Бадахшон танҳо як маркази мубориза алайҳи сил вуҷуд дошт, ҳоло бахшҳои ин марказ дар ҳамаи навоҳии вилоят фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо истифода аз дастгоҳҳои мудерни пизишкӣ ошкор кардани сил ба василаи озмоиши хилти балғами бемор ҳамакнун дар тамоми бемористонҳои вилоят имконпазир шудааст. Далели дигари ифшо ва сабти бештари беморони сил афзоиши кормандони довталаб дар маҳаллҳост, ки бо сокинон вохӯрда ва дар бораи нишонаҳои амрози мусрӣ ё вогир сӯҳбат мекунанд ва онҳоро барои муроҷеъа ба пизишкони ҳирфаӣ ва марокизи беҳдоштӣ ҳидоят мекунанд.
Вилояти кӯҳистонии Бадахшон аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бино ба омори ғайрирасмӣ, мизони бекорӣ дар ин минтақа ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи 210 ҳазор ҷамъияти ин вилоят ҳудуди 80 ҳазор нафар аз афроди мустаъид ба кор дар Русия ва кишварҳои дигари ҳамсуд ба унвони муҳоҷири корӣ зиндагӣ мекунанд.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки обу ҳавои номусоъид, мавқеъияти ҷуғрофиёии бисёр баланд аз сатҳи дарё (баҳр), заминҳои санглох ва камҳосил, гаронии нархи маводди мавриди ниёзи аввалия нисбат ба дигар минтақаҳо аз далоили дигари афзоиши бемориҳои ба истилоҳ “иҷтимоъӣ”, назири сил, дар Бадахшон аст.
Тавре ки масъулони бахши беҳдошти ҳукумати вилояти Бадахшон гуфтанд, беморони сил аз доруҳои вижаи зиддисил ба таври ройгон бархӯрдоранд ва давлат барои муддате ғизоҳои муққаввиро барои онҳо ба таври ройгон таъмин мекунад. Тоҷикистон барои мубориза алайҳи бемории сил дар қаламрави худ ба иҷрои тарҳи миллии муқобала бо густариши бемории сил барои солҳои 2010-2015 машғул аст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сандуқи Ҷаҳонӣ (Global Fund), тарҳи HOPE, тарҳи мубориза алайҳи вируси камбуди масунияти инсонӣ (ВИЧ ё HIV) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД ё AIDS), сил ва молориёро ба иҷро гузошта ва барои беҳтар кардани шароити фаннии марокизи мубориза алайҳи сил ва бозомӯзии мутахассисон низ тарҳҳои зиёдеро анҷом додааст.
Дар ҳоли ҳозир, дар шаҳри Хоруғ сохтмони як бинои дуошёнаи мудерн оғоз шудааст, ки ҳазинаи сохтмони онро Сандуқи Ҷаҳонӣ (Global Fund) бар ӯҳда гирифтааст. Қарор аст дар маркази вилояти Бадахшон шифохонаи ҷадиде бо озмоишгоҳи нави бемори сил ҳам, ки зарфияти бистарӣ кардани 60 нафарро дорад, сохта шавад.
Би-Би-Си-
29.05.2025 11:19
195
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
147
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
29.05.2025 00:37
145
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
07.05.2025 23:59
361
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
464
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
337
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:14
141
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
180
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
28.05.2025 01:09
153
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд
-
14.10.2024 18:41
842
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1554
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3243
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
28.05.2025 01:03
147
Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
20.05.2025 16:02
209
Аз ташаббус то амал: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
26.04.2025 20:08
285
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
-
20.03.2025 11:59
397
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
626
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
743
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
342
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
363
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
359
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
602
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
868
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1696
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
478
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
462
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1672
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1994
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2197
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2883
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
394
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
355
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
810
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2923
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3358
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3343
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
545
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
574
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
518
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?