20:14:26 20-уми Майи 2025 сол

Аз ташаббус то амал: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Давоми солҳои охир тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

3 piryakhho 5465985656Ҷуҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз таъсири тағйирёбии иқлим дар канор намондааст, бахусус бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, дар панҷоҳ соли охир аз 14509 пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях комилан об шудааст. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои кишвар то 20-25 фоиз кам мешавад. Аз таҳлилҳои гидрометереологии 50 соли охир бармеояд, ки ин тамоюл на танҳо боиси камшавии масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо, балки ба афзудани офатҳои табиии марбут ба шароити гидрометеорологӣ оварда расонида истодааст.

Ин тамоюл хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои мо натанҳо манбаи об барои минтақа балки, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.

Маҳз бо назардошти муҳиммияти ин масъала, ҳануз соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим ва дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид батағйирёбии иқлим пешниҳод намуда буд, ки Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Санаи 3-юми марти соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони сайёра, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷуҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад.

Боиси ифтихори аст, ки 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, қатънома оид ба «Соли 2025 – cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард. Ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамин тавр дар Қатъномаи қабулгардида, санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар асоси он 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин боз як нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.

Ҳадафи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таъкид намудани нақши муҳими пиряхҳо дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ва зарурати иқдоми фаврии ҷаҳонӣ барои боздоштани обшавӣ пиряхҳо мебошад. Дар конфронси байналмилалӣ ба навовариҳои илмӣ, амалиёти муштарак ва ҳамкории сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Дар доираи конфронс, баргузории форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ низ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

Форумҳои пешазконфронсӣ:

ü  Кишоварзӣ дар марҳилаи обшавии пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ ва обхезӣ тавассути ҷудо кардани карбон ва баланд бардоштани устуворӣ дар минтақаҳое, ки аз пиряхҳо вобаста мебошанд;

ü  Ояндаи мо: Форуми байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлимӣ;

ü  Форуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои пиряхҳо ва криосфера;

ü  Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034).

Чорабиниҳои канорӣ:

ü  Муколамаи вазирон оид ба устувории иқлимӣ, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об. Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории обӣ ва иқлимӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Осиёи Марказӣ;

ü  Дар масири идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ;

ü  Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти захираҳои обӣ;

ü  Форуми занон оид ба ҳифзи пиряхҳо.

Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо платформаи муҳими ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш ҷамъ овардани ҷомеаи илмӣ, пешвоёни сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар посух ба таҳдидҳои афзояндаи коҳиши босуръати пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалӣ бо ҳамоҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва сохторҳои низомии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Қабули ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки амали ҷавобгарии ҷаҳонӣ дар пешгирии фалокати иқлимист. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, як рӯйдоди муҳими сиёсӣ бада, оғози марҳилаи нави иқдомҳои муштараки ҷаҳонӣ барои ҳифзи табиат, об ва фардои инсоният аст.

Зоҳир Набиев – сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорат энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ