Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
Рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳайати меҳмононро аз Федератсияи Русия, ки ҷиҳати баррасии масъалаҳои шуғл, муҳоҷирати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисон дар ҷумуҳурӣ қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти корӣ дар Федератсияи Русия тавассути сафарбаркунии муташаккилона, омодагии пеш аз сафари онҳо, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо, таъмини шароити меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои корфармоёни Федератсияи Русия бо ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати тақвияти фаъолият таъсиси филиалҳои намояндагии МДБ “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷиратӣ” дар назди марказҳои навтаъсиси рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, ки ҳайати мазкур бо фаъолияти яке аз марказҳои мазкур дар ноҳияи Данғара шинос шуданд, тезонидани раванди баимзорасонии лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.