08:01:08 15-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти вазир бо намояндаи вежаи дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

2 июни соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

1_muloqoti_vazir_8954874522235Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо баён намуданд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ