21:32:46 30-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти вазир бо вазири давлатии Ҳиндустон

31 майи соли 2025 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва тағирёбии иқлим Кирти Вардхан Сингҳ баргузор гардид.

1 muloqoti vazir 659865455Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи қобили таваҷҷуҳи тарафайн, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои вохӯрии қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии сиғаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”, ки рӯзҳои 5-6 июни соли 2025 дар Деҳлӣ пешбинӣ шудааст, тамаркуз зоҳир карданд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ