22:25:11 23-уми Майи 2025 сол

Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид

Имрӯз дар доираи баргузории Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои давраи то соли 2028 ба имзо расид.

2 kumitai millii olimpi 4545874545Ёддошти тафоҳум аз ҷониби ноиби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Алинаҷод бо мақсади инкишоф додани ҳамкории самарабахш ва пеш бурдани Ҳаракати олимпӣ ба имзо расонда шуд.

Дар доираи он ҳарду ҷониб чорабиниҳои дуҷониба, ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ барои варзишгарон, инчунин барномаҳои маркетингӣ ташкил намуда, варзиш, Ҳаракати олимпӣ, идеяи бозии одилонаро тарғиб мекунанд ва рушди фаъолияти варзиширо барои ҳама дастгирӣ менамоянд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба варзиш дар ҳама сатҳҳо бо ҳамдигар машварат мекунанд, инчунин таҷриба ва дониши худро ба манфиати варзиш мубодила менамоянд.

Инчунин иштироки дастаҳо ва варзишгарон дар мусобиқаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд, таъмин гардида, ҳар ду тараф ба якдигар тақвими дахлдори солонаи чорабиниҳои варзиширо барои иштироки федератсияҳои миллии дахлдори ҳарду кишвар пешниҳод мекунанд.

Дар доираи он мубодилаи мураббиён, таҷрибаи тиббии варзиш, мутахассисони варзишӣ ва дастаҳои ваварзишгарон дар назар аст.

Ҳамзамон бо мақсади ба роҳ мондан ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди академӣ дар соҳаҳои илмӣ, техникӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, санъат ва ҳама гуна фаъолияти дигари марбут ба пешбурди Ҳаракати олимпӣ, ҳарду ҷониб метавонанд мувофиқ бошанд.

khovar.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ