Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ хонум Ивана Живкович баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди СММ аҳамияти стратегӣ касб намуда, ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯриҳои сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар пайгирӣ намуда, татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаро дар соҳаҳои энергетикаи сабз, идоракунии захираҳои об, иқлим, рушди маҳал, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ Завқизода З. А. зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок таъкид намуда, барои ҷалби маблағгузории иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ даъват ба амал овард.
Дар навбати худ Ивана Живкович изҳор дошт, ки тарафи Барномаи рушди СММ пурра омода аст ҳамаи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ намояд ва минбаъд низ барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.
Барномаи рушди СММ аз соли 1994 дар Тоҷикистон амал намуда, дар ин давра беш аз 615 млн. доллар лоиҳаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро маблағгузорӣ намудааст. Айни ҳол дар кишвар 37 лоиҳаҳои амалкунандаи Барномаи Рушди СММ бо маблағи беш аз 60 млн. доллар татбиқ мешаванд.