«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
(Ба муносибати 80-умин соли ғалаба дар ҶБВ бахшида мешавад)
Устоди бузурги назми порсӣ, достонсарои беҳтарини асри 20-и мардуми порсизабон устод Мӯъмин Қаноат дар навиштани ҳар як достону ашъори баланди худ шахсияти хело нуқтасанҷ ва дақиқ аст.
Дақиқназарӣ ва ҳақиқатнигории устод дар ҳар як асараш ба хуби айён буда, далелу фактҳои таърихӣ ва корномаи шахсиятҳои ҷодаи таърихро ҳақиқатнигорона ба тасвир мекашад. Устод ба назари банда як сураткаши моҳир ва ё муфаттиши таҷрибаноку соҳибкасберо мемоманд, ки ҷои ҳодисаҳоро бо як маҳорати том чун рассомони мониқалам Ван Гогу Айвазовский бо тамоми ҷузъиёташ сураткашӣ менамояд ва ё чун тафтишгарони машҳур Шерлок Холмсу Эркюл Пуарои ботамкин бо як маҳорати том протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодисаро бо диққат ва ба таври касбӣ тартиб медиҳад. Мо чунин ҳақиқатнигории устодро дар достонҳои хело машҳураш ба мисли «Суруши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Гаҳвораи Сино» ва ё монологи «Гули Бодом», ки ба қаҳрамони ҷанги 2-юми ҷаҳон Саидаҳмад Каримов бахшида шудааст ба хуби мушоҳида менамоем.
Дақиқӣ ва нуқтасанҷии устод дар достони дигараш бо номи «Ситораи Исмат» бори дигар ба хубӣ айён мегардад. Ӯ дар сарсухани ин достон, ки соли 1990 бори аввал нашр гашта, дар он оиди қаҳрамониҳои тоҷикписар Исмат Шарифови Қаҳрамони Иттиходи Шӯравӣ нақл мекунад ба хубӣ оиди маргу фоҷиаи ин тоҷикписару аҳлу оилааш, вафоти наздиконаш, се маротиба, аз ҷумла маротибаи охирон санаи 9-уми майи соли 1945 ба зодгоҳаш омадани хати сиёҳи ӯ нақл карда, ҳамаи набардҳо, қаҳрамониҳои ӯ ва фоҷиаи аҳли оилаи ин қаҳрамони ҷабҳаро бо як тасвири олидараҷаи шоири достоннавис ба риштаи тасвир кашидааст. Яъне устод барои ба назм даровардани қаҳрамониҳои ин тоҷикписар хело заҳмат кашида, лаҳзаҳои зиндагӣ, корнамоиҳои ӯ, фоҷиаҳои ба сари аҳли оилааш омадаро аз мадракҳои таърихӣ, саҳифаҳои таърихӣ оиди ҷанги мавзеъҳои Орёлу Курск, ҷабҳаи дуюми Украина, аз Харков то Уману Днестр, Курландия (мавзеъи Калинингради ҳозира) ба хубӣ омӯхта баромада, ба зодгоҳи ин қаҳрамон деҳаи Итарқаи ноҳияи Данғара сафар намуда, бо ёру дӯстон ва шиносҳои бачагию ҳамдеҳагони қаҳрамон вохӯрда, баъдан ин достони бисёр хуби маргу фоҷиаи қаҳрамонии тоҷикписарро ба назм даровардааст. Дар ин росто боз ҳам қайд кардан мехоҳам, ки вазифаи азалии шоирони миллист, ки доири қаҳрамониҳои фарзандони миллат алайҳи таҷовузи аҷнабиён, корзори онҳо баҳри ҳимояи ватан ва наҷоти миллати хеш асарҳои баландмазмун эҷод намоянд, то бо ин амал ҳам миллатро аз таърихи набардҳояш баҳри озодӣ ва истиқлолият огоҳ намоянд ва ҳам тавонанд ҳисси худшиносии миллӣ ва бедории фарзандони миллатро баҳри дифоъи ватан боло бардоранду абадан номи қаҳрамонони миллат ва корномаи онҳоро барои ояндагон ба ёдгор гузоранд.
Ин вазифаи азалии ва таърихии пеш аз ҳама сипаҳсолорони назми ҳар як миллат аст, зеро танҳо назми баланд, ҳақиқатнигорона ва бо мазмуну ғояҳои хело ҳам олию волои миллӣ ва суханҳои мантиқӣ офаридашуда метавонад, ки садсолаҳо, ҳазорсолаҳо боқӣ монад ва чун эпоси миллии иронитаборон «Шоҳнома»-бузурги Ҳаким Фирдавсӣ барои миллат хизмат кунад. Вагарна асари бо ғояи суст, ва мазмуни паст ва мантиқи содда офаридашуда, як даҳсолае ҳам нагузашта моли мағоки таърих хоҳад шуд ва дар равоқи таърих чанг хоҳад баст ва аз ӯ барои миллату хонанда чун як парвози шиҳобпораи зудгузар манфиате нахоҳад расид.!
Беҳуда худи шоир нагуфтааст:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд!
Хушбахтона, устод Мӯъмин Қаноат яке аз он нафарони камтарини адабиёти порсист, ки тавонистааст, бо офаридаҳои амиқу дақиқи худ, достонҳои хаммосии худ оиди давраҳои муайяни таърихии миллат возеҳу равшан саҳифаҳои рангини миллат ва дарду доғи замон, корномаҳои фарзандони ҷудогонаи онро ба риштаи тасвир кашад.
Ногуфта намонад, ки навиштани достонҳои таърихӣ ва алалхусус иншои достонҳои мавзӯъи ҷанг кори саҳл нест ва хонандаи закитабъи ман онро чун шеъри лирикӣ осон машуморад.
Ба ғайр аз истеъдоди худододии шеър гуфтану шоирӣ доштан, дар ин жанри назмӣ ҳамчунин саводи хело баланд лозим ҳаст, то оиди ҳодисаҳои таърихӣ, тафаккури қаҳрамонони он замон, шахсиятҳо, муҳити давр, то истифодаи намудҳои техникаи ҳарбӣ, лашкаркашони худӣ ва рақибон, ҷуғрофияи минтақаи ҷангу ақибгоҳи ҷабҳа ,рӯҳияи инсони он давр ва худи замон ва дигар ҳолатҳо бояд дониши хубро доро бошӣ.
Навиштани чунин достонҳо табиист, ки кори саҳл ва мисли навиштани шеъри лирикӣ кори якрӯза ва баъзан яксоата нест, он моҳҳо ва баъзан солҳоро талаб мекунад.
Достони «Ситораи Исмат» бо тарзу услуби навишти худ фикр мекунам, ки яке аз беҳтарин достонҳои оиди мавзӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаи устод буда, бо назардошти қисмати фоҷиаангези қаҳрамони достон Исмат Шарифов ва аҳли хонаводаи ӯ , яке аз дардноктарин достон ва асари фоҷиаангезе ҳаст, ки онро шояд хонандаи ками андар кам бе оби чашм ва қалби фишурда хонда бошад.
Достон аз 3 боб ва 9 зербоб ва хулоса иборат буда, ҳаҷман мисли дигар достонҳои устод калон нест, лекин дар ин се боб устод бо ҳамон тарзу усули навишти худ аз воқеъаҳои он давра сар карда, аз ақибгоҳи фронт-Тоҷикистони азиз то хати ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо як маҳорати томи шоирона қаламкашӣ намудааст, ки мазмунан достонро ба як романи калон ва ё як асари калони назмии 300-400 саҳифагӣ баробар кардааст.
Воқеъаю фоҷеъаи ин хонадон ин аст, ки баъди ба сафи артиш даъват намудани Исмат Шарифов аввал дар набарди Курск ва Орёл, охирин набарди вазнинтарини ҶБВ бо амри тасодуф аз қисми ҳарбии худ ҷудо афтода ва хати сиёҳи ӯ санаи 6-уми сентябри соли 1943 ба номи падараш меояд ва баъди чанде бо ғаму андӯҳи зиёде падари Исмат Шарифов, бобои Шарифи Ашӯр ҷаҳонро пардруд мегӯяд.Аз моҳи феврал то июни соли 1944 дар ҷабҳаи дуюми Украина, аз Харков то Уману Днестр далерона ҷангида соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Иттифоқ меафтад, ки баъди убур намудани дарёи Днепр маҷрӯҳ гашта, ба беморхонаи ҳарбӣ меафтад. Ҳамин давра боз хати сиёҳи дуюми Исмат баъди чанде ба ба номи падараш, ки аллакай дар қайди ҳайёт набуд ба зодгоҳаш меояд, ки он низ саҳван будааст ва дар ин давра ҳамчунин охири соли 1943 хоҳараш Зиннат, ки ки ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дар яке аз беморхонаҳои ҳарбии шаҳри Сталинобод кор мекард сари фарзанд меравад ва бародари калонияш Шарифов Саъдулло низ дар ҷанг ҳалок мегардад.
Баъди чунин фоҷиа аз паси фоҷиа ва гирифтани номаи дуюми сиёҳ оиди марги Исмат модараш холаи Тиллобибӣ ҷаҳонро бо ғаму андӯҳи зиёде тарк мекунад.Исмат Шарифов бошад баъди чанде аз беморхонаи ҳарбӣ баромада, ба хати ҷабҳаи ҷангӣ меравад ва шерона ба муқобили душманон ба ҷанг медарояд.Иттифок уфтода, ки дар хона танҳо арӯси ҷавонаш Нигор боқӣ мемонад ва бо амри худ ва ё насиҳати волидайн бо назардошти он, ки шавхараш дар ҷабҳа халок шудааст, ба шавҳар мебарояд ва хонаи ин қаҳрамони ҷанг бо пурраги холӣ монда, бо иборае дигар дуде аз оташдон намебарояд ва фонусе аз даҳлез рӯшноӣ намедиҳад.
Шоири мумтози мо устод Мӯъмин Қаноат бо як ҳисёти баланди шоирона барҳақ ин қиссаи фоҷиаангези маргу зиндагии як оилаи тоҷики замони ҷангро ба риштаи тасвир кашида, менигорад:
Як баҳори дигар аз ғулғулаи ҷанг гузашт,
Алами мурдани Исмат зи дили санг гузашт.
Ба алам рафт Шариф, омада рӯзи чили ӯ,
Сабзае сар накашидаст ҳанӯз аз гили ӯ.
Чӣ сияҳрӯзӣ, сияҳнома ба номаш омад,
Чӣ парешон буду арвоҳ саломаш омад.
Бахусус нолаи модари Исмат, момои Тиллобибӣ, баъди омадани номаи сиёҳи навбатии аскарбачааш аз тарафи шоир басо дарднок ва ҷигарсӯз тасвир гаштааст:
Зи дили момаи Тилло алави ҷанг гузашт,
Тоқату тоб зи пуртобии отанг гузашт.
- Бачама гиря куне, гиря, ҳама хешу табор…
***
Писарам, хатти сиёҳат ба пари зоғ омад,
Рафтӣ аз боғи ҷаҳону ба дилам доғ омад.
Алла гуфтам сари гаҳвора, ки хуш хоб равӣ,
Рафтаӣ хоб, чӣ гӯям, ки ту бедор шавӣ.
***
Соҳиби зиндаи ман, мурдаи ман, во писарам,
Меравӣ зинда ба тобут зи пеши назарам…
Шоли гулдор чу гулзор ба гаҳвораи ноз,
Нола мехест зи холигаҳи гаҳвораи роз.
Ба хазон рафтӣ ту аз боғи ҷаҳони гузарон,
Гули ин боғ шавад боз насиби дигарон.
Шоир вобаста ба омадани номаи сиёҳи дуюми аскарбачаи тоҷик Исмат Шарифов,ки ин нома боиси ғӯсамарг гаштани модараш гаштааст, дар тасвири ин фоҷеъа бо дарду алами хоси шоирона килк рондааст:
Шир шуд аз хабари шуми сияҳнома сиёҳ,
Хат сиё, хома сиё… Ҷома сиёҳ.
Зи пари тир, ки алмоспар, оламсипар аст,
Чӣ кунад очаи бечора, ки худ мушти пар аст.
Зи камони фалак ин тири парон меояд,
Ҷониби қомати монанди камон меояд.
Ба аламхонаи Тиллобибӣ танҳост Нигор,
Ҷони танҳош дар ин қомати раъност фигор…
Як сари бачаму ду хатти сиёҳаш омад,
Сари ӯ зиндаю ду бор гувоҳаш омад.
Навҳаи дилхароши модари Исмати номаи сиёҳаш аз хати ҷабҳаи ҷанг омада, момои Тиллобибӣ ончунон аламнок садо медиҳад, ки гӯё дили хоросангро низ сӯрох менамояд ва ӯ низ ба вақти нолаи аскарбачаи шаҳидаш ба шаҳодат мерасад, ки ба рости басо аламовару фоҷиаи ғамангезест. Сухани шоири миллиямон устод Мӯъмин Қаноат низ дар ин тасвирҳо басо таъсирбахш ва бо шаклу навҳаю алами тоҷикона эҷод гаштааст:
Ду хабар омаду ду боли расоям бишикаст,
Санги пар омаду ду пои равоям бишикаст.
Чӣ аловест, ки афрӯхта дар фарқи сарам,
Об мерезад аз фарқи сарам чашми тарам.
Рафт аз сар писарам, во сари бефарёдам,
Вой, ин хонаи беравзану бебунёдам.
Кӣ саробони занат – духтари сарсой шавад,
Хонаи меҳр фитад, ҷуғз дар он ҷой шавад.
***
Вақти ин нола яке момаи Тилло бигузашт,
Ҷисм дар хонаи вайрона, нигоҳаш сари дашт…
Ҳама огоҳ шуд аз маргу қазои ду шаҳид,
Сухани нек ҳама гуфт сазои ду шаҳид.
Баъди ду номаи хати сиёҳи Исмат ва реҳлат кардани падару модари Исмат Шарифов ва хоҳараш, баъди чанде завҷааш Нигор ба шавхар мебарояд ва дигар касе номае ба Исмати сарбоз равона намесозад ва Исмат аз ин амал ба ташвиш меояд:
Фано гаштам,
Шудам эҳё ба зери сояи болаш,
Муҳаббат арши Инсон аст,
Натвон кард помолаш.
Чаро, ки аз Нигору модарам пайку паёме нест.
Магар дар деҳаи Итарка як марди саломӣ нест.
Аҷаб хоби парешон дидаму хотирпарешонам,
Чӣ осебе расида бар ҷаҳони ишқу армонам.
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмат Шарифов баъдан дар муҳорибаҳои зиёди ҷангӣ ширкат варзида, аз худ диловарии бемислу монанде нишон дод ва худро чун фарзанди арзандаи миллати точик ва кишваре бо номи Тоҷикистон дар ин ҷанги вазнини ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Тибқи мадракҳои мавҷуда ва навиштаҳои шоири мумтоз устод Мӯъмин Қаноат охирин ҷабҳаи ҷангии ин тоҷикписари диловар дар сарзамини Курландия (Калинингради имрӯза) ба вуқӯъ пайваста аст.Муҳориба дар ин ҷабҳа дар охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои фашистони немис аҳамияти басо муҳими стратегӣ ва ҳалкунанда дошт.Чи тавре,ки устод менигорад ва дар мадракҳои таърихӣ низ омадааст фармондеҳи ин ҷабҳа Шернер ҳатто ба забон овардани Сталинградро дар ин хати ҷабҳа маън карда буд.
Шоир оиди ҷабҳаи Курландия менигорад:
Аҷаб дегест Курляндия, меҷӯшад,
Сарашро осмон оҳиста мепӯшад.
Барашро аз замину аз замон бастем,
Дарашро аз дарун ӯ басту мо бастем.
Адӯ дар ҳалқа ҳамчун моҳу хиргоҳаш,
Зи ду роҳӣ заминӣ баста шуд роҳаш.
***
Даме ки ҷанг дар Одеру Олмон аст,
Даруни ҳалқа ҷангидан на осон аст.
Ва Шернер гоҳ меболиду гаҳ маъюс,
Ба пешонӣ кашида қисмати Паулюс.
Ва амре дод:
«Касе аз ҷабҳаи Волга сухан гӯяд,
Сухан бар зидди миллат ё Ватан гӯяд…»
Аз охири соли 1944 то санаи 6-уми марти соли 1945 Исмат дар ҳайати артиши 22-юми ҷабҳаи Прибалтика барои озод намудани шаҳрҳои Рига, Добеле ва ғайраҳо мардонавор размидааст.
Санаи 6-уми марти соли 1945 Исмат Шарифов охирин набарди ҳалкунандаи худро дар деҳаи Биллии Ҷумҳурии Латвия гузаронида, то дами охирин шерона ҷангид ва соати 15.00 баъди пешин дар набардгоҳ ҷоми шаҳодатро нӯши ҷон кард:
Замини Добеле шудгори тайёр аст,
Чу ҷирми осмон сокиту сайёр аст.
Замин ин лаҳза гӯё ёри айёр аст,
Гаҳе дар дасти мо, гоҳе ба ағёр аст.
***
Тани Исмат ба рӯи хок рӯ бар осмон афтод,
Биларзид, ларза дар кавну макон афтод.
Дар ҳамин давра буд, ки номаи хати сеюми сиёҳи Исмат Шарифов ба деҳаи Итарқа омад ва ҳамсари қаҳрамон, ки баъди номаи сиёҳи дуюми шавҳар бо маслиҳату машварати падару шояд азизони дигараш ба шавҳар баромада буд ва кунун мефаҳам, ки шавҳараш то хати саввуми сиёҳ зинда будааст, ба навҳасароӣ медарояд,ки шоир онро инҷо хуб тасвир кардааст:
Номаро чун хати иршод кушод,
Номаро дар ҳарами хок ниҳод.
Саҷда овард ба сӯи нома,
Зор нолид ба рӯи нома.
Гунаҳе рафт зи ҷабри падарам,
Зи дили соддаи аз кори ҷаҳон бехабарам,
Нашавад шуста ба об:
Хонаи ишқи маро сӯхтӣ, эй хонахароб!
Номаро дар ҳарами сина ниҳод,
Номаро дар паси ойина ниҳод…
Шоир дар хотима оиди Исмат Шарифов ва қаҳрамонии ӯ ва арҷгузории ӯ баъд аз маргаш ёд меоварада, менигорад, ки гувоҳии ҳалокати Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Исмат Шарифов,ки акнун ин номаи хабарии ҳақиқатан рост буд санаи 9-уми майи соли 1945 ба зодгоҳи Исмат Шарифов ноҳияи Данғара омадааст:
Паёми фавти Исмат ин пагоҳӣ дар ба дар омад.
Ба рӯзи ид байни шодию ғам беасар омад.
***
Намегиряд касе дар мотаму мавти шаҳи мардон,
Ба зери хок ашки модараш… хушкид новардон…
Ба поён Оби Тоҳир ранги ашки лолагун мерафт,
Зи дасти бекасии Исмати бечора хун мерафт.
Куҷо Таҳминае, ки зор нолад бар сари Сӯҳроб,
Куҷо покизае, ки пок дорад гавҳари Сӯҳроб?
***
Комиссар гирд оварда ватандорону хешонро,
(Кӣ орад ҷамъ арвоҳи парешонро?)
Сухан гуфт аз набарди Исмату аз зӯри бозӯяш,
Сухан гуфт аз камону аз камину рӯю абрӯяш.
Зи номи момаи Тиллобибӣ то исми авлодаш,
Ҳама бигзашт аз фарёду аз ёдаш.
Ба номи ҳар яке бо шеваи ҳарбӣ садо андохт,
Ҳама аз ин ҷаҳон рафта, садое ба само андохт.
Чӣ меҷӯӣ! Ҳама ғамкуштаҳо дар пуштаҳо хобанд,
Дуои хайр гӯӣ, хайр меёбанд.
Ситора дар кафаш шамъи мазори дур месӯзад,
Ба мардум дод онро…
Дидаи мардум барафрӯзад…
Он чиз дарднок аст,ки вақте,ки комиссари ҳарбӣ ба ҳамдиёрони қаҳрамон оиди қаҳрамонии Исмат Шарифов нақл мекунад ва номи волидайну хешу табори қаҳрамонро ба забон меоварад то, ки номаро ба онҳо супорад, чун ҳама ғамкушта гашта буданд, садое аз аҳлу байти қаҳрамон набаромад!
Ба қавли шоир:
Чӣ меҷӯӣ!
Ҳама ғамкуштаҳо дар пуштаҳо хобанд….
Устод Мӯъмин Қаноат дар асари насрии арзишманди худ «Ёдоштҳо ва бардоштҳо», ки воқеъан барои тоҷикон мисли «Доғистони ман»-и устоди равоншод Расул Ғамзатов ба ҳисоб меравад доири ангезаи равонии разму фоҷиа ёдоварӣ карда, ин таҳаюлот ва андешаи образноки фалсафӣ ва хаёлии худро ба замони кӯдакияш ва ҳодисаҳои таърихии аз артиш барнагаштани акояш Абдулло, омадани хати сиёҳи бародараш Анвар ва баъди чанде чун атои худовандӣ ба деҳа баргаштани ӯ, ҳалокати шавҳари муалимаашон Давлатбибӣ, устод Карам дар ҷанг ва китобҳои захмини аз Блокадаи Ленинград ба мактаби онҳо омада расида ва ба ҷабҳа рафтани зиёда аз 60 нафар ҷавонмардони деҳаашон ва дигар таъсироти ҷанги ҷаҳонӣ рабт медихад.
Оре дар урфият беҳӯда намегӯянд «То набинӣ насӯзӣ». Шоири ҷаҳонии мо, замони кӯдакӣ бо қалби тоза ва хурдакаки худ, худ шоҳиди бевоситаи ҳамин амалу ҳодисаҳои ҷанги ҷаҳонӣ буд ва маҳз ҳамин амал эҳсосоти табиӣ ва ҳам истеъдоди худовандии шоири ояндаро ба таҳрик овард ва боиси пайдо гаштани чунин навиштаҳои бузурги дардолуд, ғамзада, оташин ва дар айни замон бедуди рӯи коғази сафед гаштанд.
Виссарион Белинский, муҳаққиқи дӯстдоштатарини банда дар асар ҳама вақт дар баробари образи шоирона ва нависандагӣ ҳақиқати ҳаётро меҷуст, зеро ин ду як шуда, бо иборае уқёнус мешуданд ва ҳаққо,ки навиштаҳои устод Мӯъмин Қаноат низ чунин ҳастанд.
Хулоса достони «Ситораи Исмат»-и устод Мӯъмин Қаноат бо як ҳиссиёти баланди шоирона суруда шуда, аз маргу фоҷиаи як оила ва дар симои ин оила, аз фочиаи миллати тоҷик ва дигар миллатҳо дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври образнок, даққиқ, бо мантиқ сухан мекунад ва фоҷиаю қаҳрамонӣ дар инҷо бо ҳам тавъаманданд. Шоир низ инҷо сад-дар сад ҳақ аст, зеро ҷое ҷанг ҳаст ва хосатан ҷанг барои наҷоти меҳан ва башарият меравад ин ибораҳо бо ҳам тавъаманданд. Ҷанг худ фоҷиа, драмаи даҳшатноке барои тамоми башарият ва тамаддуни инсонӣ ва хосатан модарони аскарбачагон ва ҳамчунин саҳнаи қаҳрамонии писарони аслии Ватан баҳри дифоъи Ватан-Модар аст!
Ин достон хусусияти басо зиёди тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолиятхоҳиро дорост. Ин асар бояд чун асари бехтарини ғояи тарбияи ватандӯстӣ дошта ва бо он рӯҳияи равонии басо фоҷианоку дарду ғусаи доштааш китоби рӯимизии хонандагону педагогҳо бошад ва аз он дар ин давраи басо вазнини ҷаҳонишавии тамадунҳо,ривоҷи терроризм ва ифротгароӣ ва мағзшӯии ҷавононон аз хориҷи кишвар пайваста бояд истифода бурд.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба меҳан дар Паёми худ ба МО - Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони арзишманде баён дошта буд ва ногуфта намонад, ки асарҳои устод Мӯъмин Қаноат,ки рӯҳияи баланди ватандӯстӣ доранд ва ба замми ин психологияи ба худ хос доранд дар роҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва худи ҷомеъаи имрӯза нақши боризи худро бозида метавонанд. Ба андешаи ман махсусан ин асарро кайҳо бояд дар саҳнаҳои театри тоҷик ба намоиш мегузоштанд ва умедворем, ки ба зудӣ чунин хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда тамоми шаҳрвандони кишвар ва хосатан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қарамонони ақибгоҳи меҳнатӣ ва бачагони замони ҷангро ба муносибати Иди ғалаба ба фашизми хунхор табрик гуфта, ба ҳама зиндагии шоистаро таманно дорам!
Варқаи Зайниддин,
Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1-ум, узви ИЖ-и ҶТ