АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
Президент ба ман супориш дод, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар тамос шуда, ин масъаларо ҳал кунам ва хулосаи худро дар мавриди маҳалли баргузории музокирот пешниҳод кунам. Аҳмадшоҳи Масъуд бо қотеъияти том Шерхон-Бандарро сарфи назар карду гуфт, ки музокиротро дар Хустдеҳ гузаронидан беҳтар аст. Ба хотири таъмини амният, ӯ ҳатто ваъда дод, ки баъди убури марзи Афғонистон бо чархболҳои низомии худ моро то Хустдеҳ гусел хоҳанд кард.
Ин пешниҳод ба Эмомалӣ Шарифович бисёр маъқул шуд. Вақте ки мо аз сарҳад гузаштему дар фазои Афғонистон чархболҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайдо нашуданд, бархе аз ҳайати мо дар ташвиш афтод, ҳатто пешниҳод карданд, ки ба Душанбе баргардем, аммо Президент бо қотеият гуфт, ки мо қафо намегардем. Ҳамин тариқ, баъди даҳ дақиқа мо парвоз кардему аз ду тараф моро чархболҳои низомӣ ҳамроҳӣ карданд. Инҷо аввал роҳбарон ҷаласаи васеъ гузаронданду баъд мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Шарифович бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид: сипас мулоқоти сегона бо тарафи Афғонистон доир шуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр қотеъона гуфт, ки ҷониби мухолифин бояд шартҳои воқеӣ ва иҷрошаванда гузорад. - Нафарҳоеро, ки мехоҳед, шомили ҳукумати Тоҷикистон шаванд, бояд мутахассис бошанд ва аз дасташон ҳам ягон кор биёяд. Ӯ ҳатто иброз дошт, ки муҳим нест ҳатман 30 ё 50 фоиз намояндаи мухолифин аъзои ҳукумат бошанд. Чӣ қадар ҳуқуқшинос, доктор ё иқтисодчӣ дошта бошед, аз мӯҳтарам раиси ҷумҳур хоҳиш кунед, ки онҳоро дар кадом сатҳе, ки бошад, ҷой диҳад. Як сухани бисёр аҷоиб гуфт, ҳарчанд, ки онҷо уламо низ ширкат доштанд, аз он ҷумла устод Раббонӣ - Бас кунед дар ҳама вазифаҳо пешниҳод кардани муллоҳоро. Шумо нафарони мутахассис пешниҳод кунед, ки иқтисоди ҷумҳуриро боло бардоранд. Бубинед, ки мо ба кадом ҳол расидем. Аз мо сабақ бигиред. Ҳамаи ин аз дасти эшону муллост, ки тоҷик дар Афғонистон кӯҳ ба кӯҳу пушта ба пушта овораву саргардон аст. Албатта, дуруст аст, ки ҳам Эмомалӣ Шарифович ва ҳам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои барқарор кардани сулҳ хизматҳои зиёд карданд. Дар айни ҳол, саҳми Аҳмадшоҳи Масъуд низ дар ин раванд бениҳоят бузург аст.
-Толибон даъво доштанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд миллатгаро аст. Ба назари Шумо оё ӯро миллатгаро номидан мумкин аст?
-Аҳмадшоҳи Масъуд як ҳисси баланди тоҷикпарастӣ дошт, на миллатгароӣ. Зеро ӯ ба ҳама кавмҳои Афгонистон, паштуҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳову дигарон эҳтиром мегузошт. Ин буд, ки намояндагони ҳама халқиятҳову миллатҳо дар атрофаш ҷамъ шуда буданд. Як мисол меорам: Ёдатон бошад, соли 1993 ихтилоф миёни роҳбарияти мухолифин ва ба ном вазири дифоъашон Ризвон Садиров ба миён омад. Аз сӯҳбатҳое, ки бо баъзе роҳбарони мухолифин доштам, фаҳмидам, ки он айём онҳо тасмим гирифта буданд, ки Ризвон Садировро аз байн бардоранд, зеро ӯ рафторҳои аблаҳона ва кушторҳои ноҳақ мекард. Аҳмадшоҳи Масъуд Ризвонро танҳо ба хотири тоҷик буданаш ҳамроҳи аскаронаш аз Баҳораки Бадахшон ба Кобул интиқол дода, зери назорати худ гирифт. Мутаассифона, онҳо ба қадри Аҳмадшоҳи Масъуд нарасиданд.
- Вақте ки Масъуд фаҳмид, ки пушти сари толибон Амрико, Покистон ва Арабистони Саудӣ қарор доранд, ӯ дар муборизаи худ ба чӣ умед мебаст?
- Ҳангоме ки моҳи сентябри соли 1996 Аҳмадшоҳи Масъуд Кобулро тарк карду ба Панҷшер ақиб нишаст, мо дар ин маврид чандин сӯҳбатҳо бо Президент доштем. Дар ҳакиқат, ақибнишинии ӯ дуруст буд. Чунки агар истодагарӣ мекард, ҳам нируҳояш талафоти зиёд медоданду ҳам мардуми мулкии бегуноҳ ҷони худро аз даст медод. Ва Кобул ҳам бештар хароб мешуд. Гузашта аз ин, қувваҳо нобаробар буданд. Аҳмадшоҳи Масъуд дигар аз ягон ҷо кӯмак намегирифт. Ва ҳамон рӯзе, ки толибон Кобулро гирифтанд. Президент ба Елтсин, Назарбоев, Акаев ва Каримов телефон карда, бо камоли масъулият иброз доштанд, ки тақдири Афғонистон дар хатар аст, бинобар ин бояд ҷамъ шуда маслиҳат кунем, зеро бо ин суръате, ки толибон омада истодаанд дар ояндаи наздик худро ба сарҳадҳои мо мерасонанд ва амнияти кишварҳои узви ИДМ дар хатар мемонад.
Баъдтар ин президентҳо ва сарвазири Русия Черномирдин дар Алма-ато ҷамъ шуда, тасмим гирифтанд, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд ёрдам расонда шавад. Ин буд, ки Русия ба кӯмакҳои худ оғоз карда, баъдан ба дархости мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов Эрону Ҳиндустон низ ҳамроҳ шуданд, алалхусус дар рӯзҳои вазнин саҳми ин ду кишвари охир назаррас буд. Дар навбати худ, бо дастури Президент мо мекӯшидем, ки ҳарчи зудтар ин кӯмакҳо ба Аҳмадшоҳи Масъуд расанд.
Соли 1998 ба толибон муяссар гардид, ки Толиқонро гирифта қаламрави Аҳмадшоҳи Масъудро хеле танг кунанд. Масъуд боз ҳам рӯҳафтода нашуда, тавонист онҳоро аз ин шаҳр берун кунад. Чандин бор ҳолатҳое шуданд, ки умеди ягонаи Аҳмадшоҳи Масъуд Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон шуд, чунки тамоми роҳҳои ҳавоиву заминӣ барояш баста шуданд, ҳатто давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамсояҳои наздики Афғонисгон буданд, аз тарси толибон, баъзеашон бо онҳо равобити хуб барқарор карданд, дигарон метарсиданд, ки дар ниҳояти кор ҳукуматро дар Афғонистон толибон пурра ба дасти худ мегиранд, бинобар ин, аз кӯмак ба Аҳмадшоҳи Масъуд худдорӣ мекарданд.
Замоне ки аэродромҳои Багрому Толиқонро толибон гирифтанд, Аҳмадшоҳи Масъуд бе майдони ҳавоӣ монд. Вақте ки ба мо муроҷиат кард, иҷозат додем, ки чархболҳояшро ба Фархор биёрад. 9 тайёраи ҷангиаш ба Тирмиз парвоз карданд, аммо онҳоро бародарони ӯзбек дигар барнагардонданд, зеро тарс доштанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ин тайёраҳоро ба Тоҷикистон медиҳаду артиши мо пурқувват мешавад.
- Масъуд дар бораи қумондонҳои худ, Фаҳим, Алмосхон, Бобоҷон ва дигар атрофиёни худ чӣ нақл мекард?
- Ҳамон замони зинда буданаш ҳам ӯ агар аз Афғонистон мебаромад, вазифаашро Фаҳим иҷро мекард. Мо қариб ҳар рӯз тамос мегирифтем, агар худаш намешуд, ба доктор Абдулло мегуфт, ки бо мо тамос гирифта, вазъиятро фаҳмонад. Масъуд одате дошт, ки ягон қумондонашро бад намегуфт. Ҳама вақт онҳоро ситоиш карда мегуфт, ки бисёр шахси хуб аст, вафодору содиқ аст. Ман ҳамин қадар медонам, ки ба Фаҳиму доктор Абдулло боварии зиёд дошт.
- Оё Маъсуд барои худ шахсан ягон хоҳиш мекард ё не? Умуман ба ғайр аз ҳамкорӣ ӯ дар бораи чӣ гап мезад?
- Боре гуфт, ки Дустум дар Ӯзбакистону Туркия қаср дорад. Ман чунин даъво надорам, зеро медонам, ки Тоҷикистон имрӯз як ҷумҳурии камбағал аст, вале орзу дорам, ки ҳукумати Тоҷикистон дар як гӯшаи дурдасти кишвар барои ман як ваҷаб замин диҳад, ки мисли Панҷшер як кулбаи гилини ду утоқа бисозам. Ва ҳар гоҳ ки бисёр хаставу монда шудам, як шаб ҳамон ҷо ором хоб кунаму боз ба ватани худам биравам.
Дар бораи писараш мегуфт, ки зеҳни тез дорад, аъло мехонад. - Марди хона аст, ҳангоме ки дар хона набошам, сарпарасти модару хоҳаронаш аст. Ӯ бисёр мехост, ки Аҳмад - писараш низомӣ нашаваду сиёсатмадор ё дипломат шавад.
Ҳис мекардам, ки нисбат ба оилааш меҳрубон аст. Бисёр аз падарарӯсаш миннатдор буд. Футболро нағз медид. Боре пурсид, ки оқои вазир ҳамин сигоркашӣ чӣ хубӣ дорад? Ӯ дар Панҷшер сигоркаширо манъ кард буд.
- Ҳеҷ хубӣ надорад, - ҷавоб додам ба вай, - Фақат ҳамин ки баъзан асабҳоро ором мекунад.
- Агар ман асабӣ шавам, лаби ягон дарё ё сари кӯҳ чакар (мегардам) мезанам, - гуфт ӯ, - то замоне ки асабҳоям ором шуд. Чун асабҳоямон ором шуд, аз пушти кор мешавам.
- Аҳмадшоҳи Масъуд аслан одами камгап буд. Баъзан табъаш хуш мешуд, аз зиндагиаш нақлҳо мекард. Ҳамин тавр, боре қисса кард, ки дар даврони сардор Довуд падараш полковник буду Аҳмадшоҳ дар гурӯҳи Ҷавонони мусулмон ба номи мустаори Масъуд дар Панҷшер фаъолияти пинҳонӣ мебурд. Хадамоти амният дар бораи ин ташкилоти пинҳонӣ ахбор ҷамъ намуда, сипас дар идораи полис иттилоотро мавриди баррасӣ қарор медоданд.
- Падарам доим насиҳат мекарду мегуфт, ки ҳамин хел ҷавонони “бад” пайдо шуданду боз ба онҳо хамроҳ нашавӣ. Падарам намедонист, ки лидери ин гурӯҳ худи ман ҳастам. Аҳмадшоҳи Масъуд боре гуфт, агар медонистам, ки баъди рафтани артиши Шӯравӣ тақдири мардуми Афғонистон чунин мешавад, ман ҳаргиз силоҳ ба даст намегирифтам ва ба муқобили онҳо намеҷангидам.
- Дар давраҳое, ки ҳама фикр мекарданд, ки Толибон тамоми Афғонистонро тасарруф мекунанд, оё Масъуд ба воҳима меафтид ё не?
-Ман ягон бор инро ҳис накардам. Боре баъди он, ки толибон бори дуюм Толиқонро гирифтанд аз Масъуд се рӯз дарак нашуд. Президент ба ман супориш дод, ки Аҳмадшоҳро пайдо кунаму пурсам, ки чаро вазъият тағйирёфт. Рӯзи сеюм тавассути телефони моҳвораӣ ӯ тамос гирифту гуфт, ки оқои вазир дар мо хайру хайриятист, вале ман гуфтам, ки ҳамаро таслим кардӣ, чи хел хайру хайриятист.
-Ин як манёври тактикӣ буд, агар шаҳрро намесупоридем, ҳам мардуми ғайринизомӣ талаф меёфту ҳам шумораи зиёди муҷоҳидин. Чӣ кунам?
-Толиқонро дар се рӯз бигир.
-Ба ҷаноби Президент бирасон, ки Толиқонро гирифтам.
Ва дар ҳақиқат, субҳи рӯзидигарТолиқонро гирифт.
Соли 2001 шоҳиди чунин воқеае шудам, ки онро инҷо нақл мекунам. Руслан Аушевзимистони ҳамон сол ба Душанбе омад. Аҳмадшоҳи Масъуд дар синаи Аушев ситораи Қаҳрамони Иттифоқи Советиро диду, шӯхиомезпурсид, ки чӣ нишон аст, ҷавобдод, ки нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.- Барои чӣ ба ин нишон сарфароз гаштӣ? - пурсид боз. - Барои ҷанги Афғонистон, -посух дод Аушев. - Фаромӯш кардӣ, ки ман туро дар ҷанги Афғонистон шикаст дода будам. Оё мағлубон дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони қаҳрамонӣ мегиранд? Руслан Аушев тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар Панҷшер мошини маро зада буд ва ман базӯр ҷонамро наҷот додам.
-Солҳои пеш овозаҳо буданд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд баъзан хонаи шумо меомад. Ин овозаҳо то чӣ андоза ҳақиқат доранд?
-Бале, ин дуруст аст, ки агар Аҳмадшоҳи Масъуд имкон меёфт,баъзан хонаи мо меомад, аз ин рӯ фарзандонам на танҳо ӯро хуб мешинохтанд, балки ӯро амак ном мебурданд. Махсусан писарам Фирӯзи хурдакак ба Аҳмадшоҳи Масъуд меҳри зиёд дошт. Азбаски ӯ ба манзили тоҷикони таҳҷоӣ кам ба меҳмонӣ мерафт, таваҷҷуҳи ҳамсояҳои моро нисбат ба худаш дида, дарк мекард, ки чӣ обрӯи бузурге дар миёни сокинони Тоҷикистондорад.
-Аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ тавр хабар ёфтед?
-Рӯзе, ки ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд сӯиқасд карданд, бегоҳи ҳамон рӯз тақрибан соати 10 сафири Эрон Саид Расули Мӯсавӣ телефонкарду ҳаминхабарро ба ман расонд. Барои ман шунидани хабари марги ӯ хеле вазнин буд, зеро таи солҳои ҳамкорӣ бо ӯ дарк карда будам, ки сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд бештар аз ҳама хоҳони сулҳ натанҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақа мебошад. Муборизаи вай бо толибон таи солҳои муқовиматаш дар ин бора гувоҳӣ медиҳад.
-Ташаккур барои сӯҳбат!
Сӯҳбатнигор Нуралӣ ДАВЛАТОВ