07:33:44 30-уми Майи 2025 сол

Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Намоишгоҳ барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардида, ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонон ва ба ин васила тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор мебошад.

4 piryakhho 6598544521Дар толор маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, химия, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро пешкаши ҳозирин менамоянд.

Инчунин, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзии Тоҷикистон дар майдони кушоди намоишгоҳ ба намоиш гузошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки ташкили чунин намоишгоҳҳо боиси баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариш ëфтани ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак бо технологияҳои муосир мувофиқи мақсад мебошад.

Иштирокчиёни Конфронси болозикр, инчунин ҷонибҳои алоқамнд, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар сохторҳои дахлдор барои иштирок дар намоишгоҳ даъват карда мешаванд.

www.egov.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854