15:41:32 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»

Аввалин мусоҳибаи Аҳмадшоҳи Султон, ки соли 2007 ба хотири ҳимояи кори курсияш бо рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад пиромуни фаъолияти рӯзноманигорӣ мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод, ки инак мӯҳтавои онро пешкаши шумо мегардонем.

-Аввалан бигӯед, рӯзноманигор кист ва кадом шахс метавонад ин касбро ба худ пеша кунад?

sulon hamad 7898564512-Рӯзноманигор шахсеро мегӯянд, ки дар яке аз расонаҳои хабарии мавҷуда ва фаъол (фарқ надорад, ки он нашрия ҳаст (рӯзнома, ҳафтанома, маҷалла) ва ё расонаи электронӣ (радио, телевизион, сайти интернетӣ), кор мекунад ва ё бо онҳо ҳамкорӣ менамояд ва муштариёнро бо иттилооте таъмин менамояд, ки ба он ниёзманданд. Ин аст таърифи зоҳирии мафҳуми рӯзноманигор. Ва аммо рӯзноманигор ба маънои пуррааш таърифи дигар низ дорад.

Рӯзноманигори ҳақиқӣ он аст, ки мекӯшад то маҳсули эҷодаш ба дарди шахси алоҳида ва ё тамоми ҷомеъа бихӯрад. Навиштан набояд танҳо ба мақсади ба ҳар роҳе он навишта чоп бишавад ва ҳаққи қалам ба даст ояд, бошад. Маҳсули кори рӯзноманигор ба мисли маҳсули кори соҳибони дигар касбу ҳунар, аз ҷумла наққош, дуредгар, заргар, хайёт ва ғайра бояд харидори худро дошта бошад. Маҳсулоти соҳибони ин касбу ҳунарҳое, ки аз онҳо ном бурдам, агар эҳтиёҷоти моддии харидорро бароварда созанд, маҳсули рӯзноманигор ҷаҳони маънавии харидорро ғанӣ мегардонад. Чун ҷаҳони маънавии харидор бой шуд ин албатта ба ҳаёти моддии он низ таъсири мусбат хоҳад расонд. Қариб ҳар як шахси босавод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ рӯзноманигор шуда метавонад.

Вале рӯзноманигори хуб танҳо касоне шуда метавонанд, ки дар ҳақиқат ин пешаро самимона дӯст медоранд ва шабу рӯз дар фикри такомул ва рушди донишу таҷрибаи худ дар ин самт мебошанд. Пайваста нашрияҳои гуногунро мутолиа менамоянд, дар ҷараёни ончи, ки дар ҷаҳон мегузарад ва инъикоси худро дар расонаҳои хабарӣ меёбанд, бошанд. Муҳим он аст, ки ҳадафи аслии ин рӯзноманигор нек, яъне хизмати беғаразона ба мардум, миллат ва кишвараш бошад, на чизи дигар. Рӯзноманигор мехоҳад инро ва ё не, вале ҳадафи ӯҳамеша аз навиштаҳояш маълум мешавад. Хонандаи закӣ ин ҳадафро пай мебарад ва танҳо баъди ин дар бораи ӯ хулосаҳо мебарорад, муносибаташро бо ӯ муайян мекунад.

-Чуноне, ки мо медонем, шумо якчанд китоб рӯи чоп овардаед ва яке аз онҳо китоб дар бораи Аҳмад Зоҳир овозхони машҳури Шарқ аст. Ҳадаф аз навиштани ин китоб аз чӣ иборат буд?

-Ҳадаф аз навиштани китоби «Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо» пеш аз ҳама хонандаи тоҷикро бо зиндагиномаи ин хунёгари беназири Машриқзамин шинос кардан буд. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир қариб дар ҳар як хонадони тоҷик садо медиҳанд, вале кам касон аз саргузашти фоҷиавии ин овозхони нотакрор огаҳҳастанд. Ҳатто дар ватани Аҳмад Зоҳир дар бораи ӯқиссаҳои зидду нақиз паҳн шудаанд. Ман кӯшиш ба харҷ додам, ки то андозае ба ин масъала рӯшанӣ андозам. Аз сӯи дигар бо дар назардошти он, ки Аҳмад Зоҳир дар байни овозхонҳои ҷавони мо низ маҳбубият дорад, хостам дар мисоли ӯ барои ҷавонони имрӯза нишон диҳам, ки чӣ гуна як шахс дар натиҷаи заҳмати беандоза зиёд метавонад ба қуллаҳои баланди ҳунари мусиқӣ бирасад ва сазовори эҳтироми мардум бишавад. Яъне сабабҳои маҳбубият касб кардани Аҳмад Зоҳирро ошкор намоям, то ин ки овозхонҳои ҷавони имрӯза низ аз ин шева огаҳ бошанд ва маҳсули эҷоди онҳо низ аз сӯи шунавандаҳо хуб пазируфта шавад.

ӯзноманигори мустақил будан душвор аст ва ё рӯзноманигори давлатӣ?

-Ба назари ман рӯзноманигоре, ки масъулиятро ҳис мекунад, фарқ надорад, ки ӯ мустақил аст ва ё давлатӣ, барояш хуб навиштан ҳамеша хеле душвор аст. Дар кори рӯзноманигорӣ муҳим масъулиятшиносӣ, доштани донишу таҷрибаи хуби касбӣ ва қалами хуб аст, на мустақил ё давлатӣ будан ва ё набудан. Ҳастанд рӯзноманигорони давлатие, ки хеле варзидаанд ва хуб менависанд. Рӯзноманигорони мустақиле низ ҳастанд, ки кам касон онҳоро мешиносанд. Зеро навиштаҳояшонро кам касон мехонанд. Аз сӯи дигар агар ҳадаф аз ин суол донистани фарқияти тарз ва шеваи кори рӯзноманигори мустақил аз рӯзноманигори давлатӣ бошад, пас бояд гуфт, ки тафовут дар ин байн вуҷуд дорад. Рӯзноманигори мустақил дар интихоби мавзӯъ ва жанри маводаш ва ҳатто ҷои нашр ва ё пахши он ҳамеша озод аст ва аз рӯи салоҳдиди худ амал мекунад. Ин гуна мустақилиятро дар фаъолияти рӯзноманигороне, ки пойбанди ягон нашрия ҳастанд (фарқ надорад, ки он нашрия давлатӣҳаст, хусусӣ ва ё хориҷӣ) камтар мушоҳида мекунем. Мушкилоти рӯзноманигори мустақил бештар бо пардохти ҳаққи калами ӯ иртибот дорад. Рӯзноманигори мустақил маъмулан маоши собит надорад. Ӯ асосан дар асоси қарордодҳои шифоӣ бо масъулини расонаҳо кор мекунад, ки ин тарзи кор на ҳамеша ба манфиати ӯ анҷом мепазирад.

-Хушиҳои зиндагиро шумо дар чӣ мебинед?

-Хушиҳои зиндагиро ман дар кори нек кардан барои инсон мебинам. Мафҳуми инсон бароям хеле васеъ аст. Зери ин мафҳум ман модарам, фарзандонам, модари фарзандонам, бародарону хоҳаронам, хешу ақрабо, меҳмонону ҳамсоягон, дӯстон, ношиносон, ятимону барҷомондагон, мусофирону ғарибон, мусулмонону ғайримусулмонон, хулоса тамоми бандагони Худои бузургро дар назар дорам. Зеро ман муътақид ҳастам, ки некӣ кардан барои як инсон, аслан ин некӣ кардан барои худи ӯҳаст. Мавлавии бузургвор дар «Маснавии маънавӣ» мефармоянд:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Оё шумо чашмони шахсеро, ки барояш кадом як вақте кори неке кардаеду инак дар пеши шумо изҳори ташаккур мекунад, дидаед? Самимияту дурахши ин чашмон бароям чунон лаҳзаи хушеро мебахшад, ки наметавонам тасвираш кунам ва шумо низ, мутаассифона, наметавонед ин лаҳзаеро, ки ҳини дидани он манзара вуҷудамро фаро мегирад, тасаввур кунед.

-Бигӯед, ки рӯзноманигор чӣ дунё дорад ва дунёи ӯ чӣ зебогиҳо дорад?

-Дунёи рӯзноманигор бо он зебост, ки ҳазор дунёи дигар дорад. Рӯзноманигор қариб ҳар рӯз вориди як дунёи нав мешавад. Ҳар як мусоҳиби рӯзноманигор, ҳар як қаҳрамони маводи ӯ дунёи ба худ хосе дорад. Кашфи ин дунё як олами дигареро бо худ ба ҳамроҳ дорад. Дар ҷаҳони рӯзноманигор ҳар як одам ин худ як олам аст. Чӣ зебо аст ҳар рӯз дар оламе будан! Рӯзноманигор аз ҷумлаи он соҳибҳунаронест, ки ҳаррӯза имкон ва ҳаққи воридшавӣ ба дунёи навро дорад.

Мусоҳиб Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi