АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
Сентябри соли 2002 Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҷовидон пайваст. Бо марги ӯ як марҳилаи мураккабу сарнавиштсози Афғонистон ба охиррасид. Ин сипаҳсолори бузург чоряк аср ба муқобили давлатҳои абарқудрат ҷангида, озодиву истиқлолияти меҳанашро дифоъ кард.
Дар арафаи дуввумин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд роҷеъ ба зиндагиву муқовимат ва саҳми ӯ дар имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мо сӯҳбате доштем бо муовини Сарвазири Ҷумҳурӣ Сайдамир Зуҳуров.
- Мӯҳтарам Саидамир Зуҳуров, дар даврони ҳуҷуми нирӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ва солҳои аввали истиқлолият Шумо дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ медонистед?
- Ҳанӯз солҳои 1979 -1980 дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд хеле зиёд шунида будам. Иттилооти ман дар бораи ӯ ҳангоми хизматам тӯли дуюним сол дар шаҳри Кобул ва вилоёти шимол бештар шуд. Аммо ин шиносоии ғоибонабуд. Ҳамон вақт, натанҳо ман, балки дигар мушовиронишӯравӣ сарфи назар аз он ки бар зидди Аҳмадшоҳи Масъуд ҷанг мекарданд,ба вай баҳои мусбат медоданд, зеро нерӯҳои ӯ бо мардуми осоишта муносибати хуб доштанд. Онҳо на ба ғорат машғул буданду на касеро маҷбур мекарданд, ки дар сафашон биҷанганд. Сарбозони ӯ асосан ихтиёриён буданд. Ҳатто ба ғайринизомиёне, ки аз хизматашон истифода мегардид, маошашонро мепардохт, зеро манбаи асосии молии Аҳмадшоҳи Масъуд тибқи ахборе, ки дар дасти мо буд, сангҳои қимматбаҳои Бадахшону Панҷшер ҳисоб меёфтанд. Ӯ сангҳоро дар Покистон мефурӯхт ва бар ивази он силоҳу муҳимот мехарид.
Онҳое, ки ин сангҳоро аз кон мебароварданд, ва онҳое, ки интиқол медоданду мефурӯхтанд, барои ҳар як санги фурӯхташуда ҳаққашонро мегирифтанд. Ин буд, ки сипаҳсолор аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфт.
Ибтидои солҳои 90 мо кормандони хадамоти амнияти Шӯравӣ ва Тоҷикистон тавассути миёнаравҳо бо Масъуд ғоибона шинос шудем, ҳатто мукотибаи хаттӣ ҳам доштем барои озод кардани асирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар асорат буданд. Ҳарчанд ки бо ӯ аз наздик шинос набудем, ӯ ба мо ёрӣ мерасонд.
-Нахустин бор Аҳмадшоҳи Масъудро кай ва дар кадом шароит дидед? Азин вохӯрӣ чӣ таассуроте бардоштед?
-Нахустин бор, вақте ки сардори давлат Эмомалӣ Шарифович соли 1993 ба Кобул сафари расмӣ доштанд, мо бо ҳамроҳии он кас бо Аҳмадшоҳи Масъуд вохӯрдем. Як рӯз қабл аз ин сафар ман аз Маскав баргашта будам ва сардори давлат маро қабул карда гуфтанд, ки дар ҷоям бошам, зеро яке аз муовинони манро ҳамроҳашон ба Афғонистон мебаранд. Аз сабаби он ки вазъ дар ин кишвари ҳамсоя, алалхусус дар Кобул хеле муташанниҷ буд, аз Эмомалӣ Шарифович хоҳиш кардам, ки ба ҷои муовинам худамро ҳамроҳашон бигиранд, чунки ба ҳар сурат, амнияти сардори давлат дар навбати аввал ба дӯши ман буд. Сардори давлат ин хоҳиши маро пазируфтанд.
Вақте ки ба Кобул расидем, дидем, ки вазъият аз иттилооте, ки қаблан доштам вазнинтар будааст, зеро ҷангҳои шадид идома доштанд. Ҳикматёр пойтахтро ҳар рӯз ракетаборон мекард. Бинобар ин тайёраи мо ба мушкилии зиёд дар фурудгоҳи Кобул нишаст. Баъди мулоқотҳои расмие, ки миёни устод Раббонӣ ва Эмомалӣ Шарифович сурат гирифтанд, бо Масъуд вохӯрдем. Ин ҷо бояд зикр кунам, ки ман ҳанӯз дар Душанбе аз мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов хоҳиш карда будам, ки бояд бо Аҳмадшоҳи Масъуд вохӯраму проблемаҳое, ки бо вазъи Тоҷикистону гурезаҳои мо марбут буданд, хамроҳаш муҳокима кунам. Сардори давлат гуфтанд, ки ягон ним соат дар мулоқоти шумо ширкат мекунаму баъдан сӯҳбатро худатон идома диҳед. Масъуд тахминан соатҳои чор аз Багром парвоз карда омаду бо мо вохӯрд. Сӯҳбат ба андозае ҷолиб буд, ки Эмомалӣ Шарифович ҳам рафтан нахост, ҳарчанд ки сӯҳбати мо чор соат идома ёфт. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам намози пешин ва ҳам намози шомро дар пеши мо хонд.
Сӯҳбат аз он шурӯъ шуд, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович ҳангоми муаррифии ман гуфтанд, ки ин кас вазири амнияти Тоҷикистон аст. Дирӯз аз Маскав омаду чун фаҳмид ба Кобул меравам, илтимос кард, ки ӯро ҳамроҳи худ ба Афғонистон биёрам, то бо Аҳмадшоҳи Масъуд аз наздик шинос шавад. Аҳмадшоҳи Масъуд як табассум карду гуфт, ки агар махфӣ набошад, сабаби ин қадар таваҷҷӯҳи зиёди эшон дар чист? Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тариқи шӯхӣ ҷавоб додам, ки махфият вуҷуд надорад, фақат мехоҳам як чизро фаҳмам. Гуфт: - Бифармоед.
- Ман ба як савол ҷавоб ёфтан мехоҳам. Вақте ки ба Хуҷанд меравам, мегӯянд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд хуҷандист. Кӯлоб меравам, мегӯянд, ки кӯлобӣ аст, дар Душанбе мегӯянд душанбегӣ аст. Дирӯз вақте ки ба тайёра савор мешудам, як нафар давида омаду гуфт, ки Саидамир Зуҳурович, ҳатман пурс ки Масъуд аз кадом минтақаи Тоҷикистон ҳаст? Ба ин шахс гуфтам, ки ту ҳамин ҷо бош, ман рафта аз худаш мепурсаму баъд омада ҷавобашро мегӯям. Аҳмадшоҳи Масъуд хандид. Ӯ гуфт, ки ҳамаашон дуруст мегӯянд. Аслан ватани аҷдодии ман ҳамон тараф аст, аз Даҳбеди Самарқанд, аммо хеле пеш, солҳои кӯчкании калон онҷоро тарк карданд ва як қисм тарафи шумо рафтанду қисми дигар тарафи Панҷшер омада сукунат гирифтанд. Вале имрӯз худам иштиёқи зиёди дидани ватани аҷдодӣ дорам, аммо намедонам, ки Ислом Каримов - Президенти Ҷумҳурии Узбекистон иҷозат медиҳанд онҷоро зиёрат бикунам ё на?
- Шумо шахсияти низомиву сиёсие ҳастед, ки тамоми дунё мешиносад. Аз ин рӯ, ҳар лаҳза, шумо ба ин хотир муроҷиат кунед, боварӣ дорам, ки ҷаноби Каримов монеае эҷод намекунад, - гуфтам ба ӯ.
Зимни ин сӯҳбат мо вазъияти дохиливу берунии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Аввалан, Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр қотеъона хоҳиш кард, ки мо бояд ҳатман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор кунем. - Барои барқарории сулҳ, - афзуд ӯ, - мо бояд тамоми гурезаҳоямонро аз Афғонистон барем. Ҳар қадар, ки онҳо инҷо монанд, сарфи назар аз мавқеи ману устод Раббонӣ, ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам дар хориҷ нируҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, гурезаҳоро ба манфиати худ истифода кунанд, алалхусус ба муқобили ҳукумати кунунии Тоҷикистон. Ин метавонад бадбахтиҳои зиёде ба сари мардум биёрад. Аз он ки ману устод Раббонӣ бо онҳо дар иртибот ҳастем, эшонро пазироӣ мекунем, ёрӣ мерасонем, шумо фикри бад накунед. Агар мо ин корро накунем, гурӯҳҳои манфиатдор инро мекунанд, ки ин бар зарари мову шумост.Дар ин сурат онҳо аз назорати мо мебароянду дигар наметавонем эшонро барои бастани сулҳ ҳидоят бикунем.
Ҳамин буд, ки баъди бозгашт бо иҷозати мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович мо як гурӯҳи корӣ ташкил дода, ба Афғонистон фиристодем, то ки бо гурезаҳо вохӯрда, аз аҳволашон бохабар шаванд. Ва ҳар нафаре, ки ихтиёран баргаштан мехоҳад, гурӯҳ баргардонад. Дар ин замина бо дастёрии нафарони Аҳмадшоҳи Масъуд дар вилоёте, ки таҳти назораташон буд, ҳамкорӣ сурат мегирифт. Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: кӯшиш кунед, ки дар Тоҷикистон ҷанги чирикӣ (партизанӣ) сурат нагирад, чунки Тоҷикистон мисли Афғонистон кӯҳистон аст ва сар шудани чунин ҷанг бадбахтии зиёд меоварад. Ӯ мисол овард, замоне ки бар зидди режимҳои собиқи Кобул меҷангид, бо пули ночиз, иншооти бузурги Афғонистонро тарконда буд. Як мисолашро инҷо зикр мекунам. Ӯ ба нафаре 10 ҳазор афғонӣ медиҳад, ки маводи инфиҷориро дар комбинати сохтмонии Кобул тарконад. Ва ҳоло бо 6 млн. доллари амрикоӣ наметавонанд иншооти харобшударо барқарор кунанд. Ӯ ваъда дод, ки ҳангоми сӯҳбатҳо бо роҳбарони мухолифини тоҷик ҳатман маслиҳат медиҳад, ки нисбат ба ватану миллат ба чунин харобкорӣ даст назананд. - Мо бояд ҳатман сулҳро дар Тоҷикистон барқарор кунем. Ба хотири он ки тоҷикони дунё, аз он ҷумла, тоҷикони мо як хонаи умеди худро дошта бошанд. Ҳар чизе, ки дар ин роҳ аз дасти ман биёяд, ҳатман ба анҷом мерасонам гуфт ӯ.
- Аз сафарҳое, ки ҳангоми музокироти байни тоҷикон дар Афғонистон доштед, чӣ воқеаҳои фаромӯшнашудание дар ёдатон мондааст?
- Моҳи майи соли 1995 мо барои анҷоми музокироти сулҳ ба Кобул сафар доштем. Инҷо нахустин мулоқоти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бо собиқ роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сурат гирифт. Тибқи пешбинӣ бояд мулоқоти рӯ ба рӯи ду роҳбар сурат мегирифт.
Мо се - чор рӯз пеш бо гурӯҳи корӣ ба Кобул парвоз кардем. Вазифаи мо ин буд, ки барои вохӯрии ин ду роҳбар шароити мусоид фароҳам оварем. Ҳамчунин, амнияти ин музокиротро бояд таъмин мекардем. Таи ин рӯзҳо имкон пайдо кардам, ки чандин сӯҳбатҳо бо устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд доир кунам. Дар ҳамаи сӯҳбатҳо Масъуд аз ин чорабиние, ки бояд баргузор мегардид, ҷонибдорӣ мекард. Ин буд, ки ба ҳамаи шартҳову дархостҳое, ки мо мемондем, бечуну чаро розӣ мешуд. Дар робита бо амният нафаронаш бо мо ҳамкорӣ мекарданд. Баъди анҷоми гуфтушунид мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири овардани як афсар ва чанд аскари рус, ки дар хоки Афғонистон асир буданд, парвозро як шабонарӯзи дигар мавқуф гузошт. Президент бо қатъият шарт гузоштанд, ки то асиронро ба худ наёранд, ба Тоҷикистон намеравад.
Мутаасифона, асирон дар Бадахшон, назди кадом қумандоне қарор доштанд. То бо ӯ масъаларо ҳал карданд, ки ҳаво барои парвоз номусоид шуд, сипас онҳоро ба Кобул оварданду Аҳмадшоҳи Масъуд асиронро ба Президент супорид. Ин иқдоме, ки аз ҷониби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифт, бисёр иқдоми ҷавонмардона буд, зеро русҳоро аз хоки Тоҷикистон ба асорат бурда буданд. Ин вазифаи мо буд, ки онҳо баргардонда шаванд.
Вақте ки аз сафари якум аз музокирот баромадем, ҳамроҳони мо - Ҳамрохон Зарифов, Зафар Икромов, Эркин Раҳматуллоев ва Абдуҷалил Самадов хоҳиш карданд, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд сурати хотиравӣ бигиранд. Аҳмадшоҳи Масъуд суратгириро хуш надошт. Чун сӯҳбати президент бо вай дар рӯҳияи бисёр хуб гузашт, аз ман хоҳиш карданд, ки ӯро барои суратгирӣ розӣ кунам. Наздаш рафтам ва гуфтам: - Омир - соҳиб ҳамроҳони ман бисёр хоҳиш доранд, ки ҳамроҳи шумо сурат гиранд. Ӯ неву нестон накарда гуфт, ки марҳамат, аккосатонро гӯед биёяд, акс бигирем.
Мулоқоти навбатии мо бо Масъуд ҳангоми музокирот дар моҳи декабри соли 1996 дар Хустдеҳи Афғонистон баргузор гардид. Устод Раббонӣ низ дар ин музокирот ширкат доштанд. Замонати амнияти ин музокиротро Аҳмадшоҳи Масъуд ба зимаи худ гирифт, чунки нафарони алоҳида муқобили парвози Президент ба ин минтақаи Афғонистон буданд ва ҳатто ташкилоти байналхалқии муқими Тоҷикистон, аз он ҷумла, намояндагони Созмони милали муттаҳид, хоҳиш карданд, ки агар музокирот дар Афғонистон гузарад хуб мешуд на дар Хустдеҳ, балки дар наздики Шерхон-Бандар баргузор гардад.
Идома дорад...
Сӯҳбатнигор Нуралӣ ДАВЛАТОВ