Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
30 январи соли ҷорӣ дар Маркази Вокуниши бӯҳронии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ брифинги сардори Ситод, қаҳрамони Русия генерал-полковник Андрей Сердюков баргузор шуд, ки ба натиҷаҳои омодасозии якҷояи мақомоти идоракунӣ ва ташаккулҳои қувва ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии СПАД барои соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 бахшида шудааст. Дар режими видеоконфронс дар чорабинӣ намояндагони хадамоти матбуотии идораҳои мудофиа ва воситаҳои ахбори оммаи аккредитатсияшудаи давлатҳои узви СПАД иштирок карданд.
Дар рафти чорабинӣ сардори ситоди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи тамоюлҳои асосии вазъи ҳарбӣ-сиесӣ дар минтақаи масъулияти Созмон, натиҷаҳои машқҳои муштарак дар соли гузашта, афзалиятҳои фаъолияти ситод ва маҷмӯи чорабиниҳое, ки дар доираи омодагии якҷояи оперативӣ ва ҷангии ҚУШУНҲОИ (Қувваҳои Коллективӣ) СПАД барои соли 2025 ба нақша гирифта шудаанд, нақл кард. Ҳамин тавр, тибқи нақшаи омодасозии якҷояи мақомоти идоракунӣ ва ташаккулёбии қувва ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии СПАД барои соли 2025" (аз љониби Шӯрои вазирони мудофиа ва кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СПАД тасдиқ шудааст) дар нимаи дуюми моҳи октябр дар Љумҳурии Тоҷикистон як ҷаласаи муштарак бо нерӯҳои Сулҳпарвар тањти унвони "Бародарии шикастнопазир -2025" ва ҷаласаи махсус бо ташкили муштарак ҳимоя ва таъминоти тиббӣ "Монеъа-2025" баргузор мегардад.
Ҷанбаи муҳими нави омодасозии муштарак баргузории таълимоти зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таълимоти сулҳпарваронаи "Бародарии шикастнопазир -2025" мебошад, ки соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст ва бо вазъияти ягонаи ҷамъиятию сиёсӣ, макон ва вақти баргузории онҳо муттаҳид гардидааст.
Чорабинӣ тибқи созишномаҳои бадастомада, ки дар меморандуми ҳамкорӣ соли 2024 байни Созмон ва маркази Зиддитеррористии ИДМ ба имзо расидааст, бо мақсади таъмини ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм гузаронида мешавад .
Мувофиқати байнидавлатии ҳамаи масъалаҳои марбут ба омодасозии машқҳои муштарак дар ҷараёни гуфтушунидҳои штабӣ ва вохӯриҳои кории кишварҳои иштирокчии СПАД гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои муштарак дар сатҳи баланд ба манфиати расидан ба ҳадафи асосӣ – омода нигоҳ доштани қувваҳои Дастаҷамъӣ барои вокуниши муносиб ба ҳолатҳои бӯҳронӣ ва иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини амнияти дастаҷамъӣ гузаронида мешаванд.
"Шиори соли ҷорӣ, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад, "80-солагии Ғалабаи Бузург" мебошад. Дар ин замина, вазифаи асосии мо дар соли 2025 иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Остона тасдиқ шудааст. Бовар дорам, ки соли 2025 мо ба ҳамаи ҳадафҳои гузоштаи сарони давлатҳо ноил хоҳем шуд", – хулоса кард сардори ситоди Муттаҳидаи СПАД генерал-полковник Андрей Сердюков.
Бояд қайд кард, ки кори ситоди Муттаҳид ба таври муназзам сурат мегирад. Соли 2024 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои Муштараки " Сарҳадӣ" бо ҷузъу томҳои қувваҳои Дастаҷамъии густариши босуръати минтақаи Осиеи Марказӣ баргузор гардид. Пеш аз машқ бо фармондеҳии гурӯҳ ҷамъоварии оперативӣ ва дарсҳои амалӣ оид ба ташкили амалиёти ҷангӣ, ки ба таҷрибаи пешрафтаи амалиёти махсуси ҳарбӣ асос ёфтааст, гузаронида шуд.
Дар рафти машқ масъалаҳои ташкили ҳифзи зиддиҳавоии ҷузъу томҳо, инчунин ҳамкории фармондеҳии қувваҳои Дастаҷамъии густариши босуръати минтақаи Осиёи Марказӣ бо нуқтаҳои идораи мудофиаи зиддиҳавоии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми қувваҳои Мусаллаҳи Русия тадқиқ карда шуданд.
Дар маҷмӯъ дар машқҳои муштарак зиёда аз 5 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ иштирок карданд, зиёда аз 900 адад силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсус истифода шуданд.
Бояд қайд кард, ки машқҳои муштарак бо назардошти таҷрибаи низоъҳои мусаллаҳонаи муосир гузаронида мешаванд. Ҳадафҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ ба даст оварда шуданд ва ҳайати шахсии қисмҳо ва воҳидҳои ҷалбшуда омӯзиши хуби саҳроӣ ва ҳамоҳангии амалҳоро нишон доданд.
Афсарон дар омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштарак дар ҳайати коллективҳои бисёрмиллатӣ таҷриба пайдо карданд, малакаҳои амалии корҳоро оид ба истифодаи контингентҳои давлатҳои узви Созмон баланд бардоштанд.
Чорабиниҳои муштараки дар пешистодаи давлатҳои аъзои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ба таҳкими амнияти байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, аз таҳдидҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави зикршуда ҳимояи боэътимод эҷод намуда, инчунин заминаҳои ташаккули низоъҳои байнимиллии ҳудудиро тибқи сенарияи бӯҳрони Украина безарар мегардонанд.
Манбаъ: oficery.ru