08:50:03 03-уми Июни 2025 сол

Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ

Тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз таҳдидҳои глобалии рушди устувор табдил ёфтааст, ки паёмадҳои он ба муҳити зист, иқтисодиёт ва хусусан, бозори меҳнат таъсири амиқ мегузорад. Ин раванд имкониятҳои шуғлро коҳиш дода, хатари бекорӣ, муҳоҷират ва ноустувории иҷтимоиро бамаротиб зиёд мекунад.

3_umed_murodzoda_56548745Тибқи гузориши Кумитаи байналмилалии тағйирёбии иқлим (IPCC), дар сурати кам накардани партовҳои гулхонаӣ то соли 2100 ҳарорати миёнаи сайёра эҳтимол ба 2,7 дараҷа афзоиш ёбад. Ин ҳолат ба коҳиши маҳсулнокии меҳнат ва талафоти иқтисодӣ оварда мерасонад. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2030, дар натиҷаи шароити номусоиди иқлим, дар ҷаҳон то 80 миллион соати корӣ талаф меёбад, ки ин муодили 2,2% иқтидори умумии меҳнат мебошад. Ин талафот асосан ба кишварҳои дар ҳоли рушд таъсиргузор хоҳад буд.

Таҳлилҳои ТБМ нишон медиҳанд, ки беш аз 1,2 миллиард нафар дар ҷаҳон дар бахшҳои мустақиман аз муҳити зист вобаста, ба монанди кишоварзӣ, моҳидорӣ, сайёҳӣ ва энергетика фаъолият мекунанд. Тағйирёбии иқлим боиси коҳиши захираҳои табиӣ, тағйири фаслҳои киштукор ва баланд шудани хавфи офатҳои табиӣ мегардад, ки фаъолияти иқтисодӣ ва шуғлро зери хатар мегузорад.

Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то соли 2050 зиёда аз 216 миллион нафар одамон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Амрикои Лотинӣ бо сабаби тағйирёбии иқлим маҷбур мешаванд, ки аз макони зисти худ кӯч банданд. Ин раванд метавонад фишорро ба бозори меҳнати шаҳрҳо шадидан зиёд намояд.

Тағйирёбии иқлим, инчунин, ба саломатии коргарон таъсир мерасонад. Боло рафтани ҳарорат, бемориҳои вобаста ба гармӣ, камобӣ ва стрессҳои ҷисмонӣ қобилияти меҳнатии инсонро паст мекунад. Муҳаққиқони Lancet Countdown соли 2022 таъкид карданд, ки тағйири иқлим аллакай ба ҳолатҳои фавт, бемориҳои вогир ва коҳиши самаранокии меҳнат сабаб шуда истодааст. Дар кишварҳои гарм иқлими шадид боиси зиёд шудани рӯзҳои номусоиди меҳнат мегардад. Танҳо дар соли 2023 дар Осиёи Ҷанубӣ, тибқи ҳисобҳои ТБМ 5,3% вақти умумии меҳнат талаф ёфт.

Дар самти муқовимат бо ин таҳдидҳо гузариш ба иқтисоди сабз, аз ҷумла рушди энергетикаи тоза, сохтмони устувор ва истифодаи технологияҳои “сабз”, метавонад ҳалли муассир бошад. ТБМ дар як арзёбӣ таъкид мекунад, ки чунин гузариш то соли 2030 метавонад беш аз 24 миллион ҷойи нави корӣ дар ҷаҳон эҷод кунад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва обтаъминкунандаи асосии минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари тағйирёбии иқлим мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд, ки кишвари мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин, рӯ ба рӯйи офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад.

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ,   имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст. То кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки наздик ба 45 фоизи аҳолии фаъол дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ машғули кор мебошанд. Ин бахш ба хушксолӣ, сел ва тағйироти сатҳи боришот сахт вобаста мебошад. Дар сурати идомаи тағйироти иқлим, шумораи умдаи ҷойҳои корӣ дар ин бахш аз байн хоҳанд рафт.

Бо дарки ин хатарҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомҳо амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои солҳои 2022–2030 қабул шуда, ки ҳадафаш мутобиқсозии соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бозори меҳнат ба шароити нав мебошад. Дар доираи Нақшаи миллӣ оид ба саҳмгузории муайяншуда (NDC) чораҳои коҳиши партовҳо ва рушди шуғли сабз дар назар дошта шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тағйирёбии иқлим на танҳо мушкили муҳити зист, балки як таҳдиди мустақим ба шуғл, зиндагии шоиста ва рушди инсон мебошад. Иқдомҳои глобалӣ ва миллӣ бояд ба ҳамгироии сиёсати иқлим бо сиёсати шуғл, ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир ва рушди ҷойҳои кории устувор равона гарданд. Ин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки дар самти тағйиёрбии иқлим, мутобиқсозии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, шуғли шаҳрвадон ба он чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ қайд карда буданд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати таъсири манфии он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Умед Муродзодa, муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854