00:41:17 16-уми Июни 2025 сол

СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард

25 апрели соли 2025, дар иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи “Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъғйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид.

1 smm tajikistan 458556212Тибқи Қатънома ҷонибҳо аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва нишасти минтақавии тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2026 истиқбол намуда, аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои мазкур даъват карданд.

Ҳамзамон қатъномаи мазкур Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф шудани 21 март ва баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун имкони мусоид дар таҳкими ҳамдилии байналмилалӣ номидааст.

Мавриди зикр аст, ки қабул гардидани ташаббуси мазкур нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.

www.mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854