«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
(20 май рӯзи тавалуди устод Мӯъмин Қаноат аст)
Дар бораи достони шӯҳратёри адабиёти тоҷику адабиёти сермиллати шӯравӣ, достони «Сурӯши Сталинград» зиёд гуфтаанду навиштаанд.
Ин достон, шоҳкории бузурги устод Мӯъмин Қаноат,ифтихори адабиёти порсилисонҳо, асари безаволи адабиёти сермиллати СССР ва адабиёти ҷаҳонист. Зиёда аз 50 сол боз дар дар ҳаёти фарҳангиву адабии халқҳо, пеш аз ҳама халқҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ нақши муҳимеро дар тарануми ваҳду оромӣ, сулҳи байни мардуми сайёраи Замин-Модар ба ҷой гузошта истодааст.
Он ҳама вақт байни ҷавонон ва пирони рӯзгордида қироат гашта, намоишномаи «Сурӯши Сталинград» дар асоси сюжаи ин достон дар шаҳрҳои хурду бузурги Руссия ва дигар кишварҳо намоиш дода мешавад.Мусиқаи композитсионии он ва оҳанги бастакори итолиявӣ дар дайрҳою калисоҳои насронии русу дигар халқҳо, дар толорҳои боҳашамати Маскаву Пекин, Дехлӣ ва Санкт-Петербург, Челябинск, Волгоград, Астрахан, Элиста…. танинандоз ҳаст ва иншоллоҳ садсолаҳо садо хоҳад дод.
Ин достону сужаи мусиқавию фоҷиа-намоиши он, ҷавонону пирон, тифлону занон, мардуми башариятро ба оромиш, сулҳу ваҳдати умумибашарӣ ҳама вақт даъвату наслҳоро тарбият кардааст ва хоҳад кард.Ҳамасола дар вилоятҳои Руссия, хостанадар Волгоград, Астрахан, Омск, Томск, Челябинск, Свердловск, Қалмоқистон ва ғайраҳо озмуну хониши достони «Сурӯши Сталинград» доир мегардад ва насли ҷавон бо қироати волои худ мардумро ба ҳаяҷон меоваранд.
Насли ҷавони рус аз ғояҳои ин достон тарбияи аълои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тибқи андешаҳои роҳибони православии рус дар ин асос рӯҳия ва андешаи динии худро аз нигоҳи дини православӣ вобаста ба дӯстдории ватан тақвият мебахшанд. Бояд гуфт, ки қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград» ҳамагӣ шахсони воқеъии ин набарди бузургтарини башарият мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар бисёре аз ин сарчашмаҳо аз устод Қаноату достонаш ҳама вақт ёд карда мешавад ва ҳатман ибораи шоири номвари СССР ва Тоҷикистон дар ин сомонаҳо, пахшҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо номи ӯ ҳамнавост. Инро дар соли равон, соли ҷашнгиии 80 солагии ғалабаи халқи Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ низ метавон мушоҳида кард.
Ҳамасола дар сар то сари кишвари бузурги Руссия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ замони аз муҳосира озод намудани шаҳри Сталинград (Волгоград) моҳи феврал, Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9-уми май, ва ҳамчунин дар 22 субъекти Руссия (вилояту ҷумҳуриҳои қадовари Волга) ва бархе аз шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон рӯзи дарёи Волга ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯзи дарёи муқаддаси славянӣ ва скифҳои оритабор ба рӯзи таваллуди маъруфтарин ва машҳуртарин шоири достонсарои тоҷик дар хоки собиқ СССР Мӯъмин Қаноат 20-уми май рост меояд. Санаи 20-уми май рӯзи дарёи Волга аз суруши дуюми достон бо «Суруши дарё» оиди дарёи Волга дар шаҳру ноҳияҳо, вилояту ҷумҳуриҳои қадоваи Русия ва Қазоқистон, пайваста қироатҳои шеърӣ анҷом дода шудаву номи Мӯъмин Қаноату, ибораи «шоири Тоҷикистон» мутантан садо медиҳад,ки ин мояи ифтихори миллати мост!
Дар ин ҷашнҳо ҳатман аз достони «Сурӯши Сталинград» дар театру толорҳо, мактабу донишкадаву донишгоҳҳо, қисмҳои ҳарбии Федератсияи Россия дар қатори шоирони маъруфи рус қироат ва порчаҳо аз он хонда мешавад. Дар ин асос номи тоҷик ва Тоҷикистон ёдоварӣ карда мешавад, ки ин боиси ифтихорӣ мо тоҷикон аст. Ин амал ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Масалан, омӯзгорбонувони зебои гинмназияи №14-и шаҳри Волгорад, иборат аз 27 нафар аз қабили Бондар Е.П., Пономарёва А., Чуб М., Бирюкова А.Ю. ва дигарон бо навбат тамоми достонро аз сароғоз то анҷом, зери садои мусиқии фоҷиаи инсонӣ қироат намуданд. Ё худ Бондарчук Ксения аз шаҳри Танкогради вилояти Челябинск, сурушуи дуюмро бо номи «Суруши дарё» аз ин достони маъруф бо як маҳорати том мехонад.
Сароғози достони маъруф аз тарафи омӯзгорон, ҳунарпешагон, донишҷуён, толибилмони шаҳрҳои Волгорад, Челябинск,шаҳри Зеленогради вилояти Москва, ноҳияи Косихаи вилояти Олтой, ҳунармандони Ҷумҳурии Қалмоқистон ва ғайраҳо бо маҳорати тамом қироат гашта, ин суханони устод Мӯъмин Қаноат онҷо хонда мешаванд:
Вале ман рози дил аз модарам ҷӯям,
Барои пайкари сарбоз ҷон ҷӯям,
Чу Сино аз замин то осмон ҷӯям,
Ки як дам мурдаҳоро зинда гардонам!
Баъди шунидани ин сатрҳо, кас ҳамчун тоҷик баъди шунидани номи шарафманди ҳаммилати худ Шайхурраис Ибни Сино(табиист, ки дар тарҷумаи русӣ он Авиценна хонда мешавад) хело болидарӯҳ гашта, ифтихори баландеро дар тинати худ ҳамчун тоҷиктабор ҳис мекунад. Хосатан, ки имрӯзҳо ҳар миллате даъвои «Синохоҳӣ» намуда истодааст, ин суханони волои шоири тоҷик хонандагони русро ба сӯи Синои тоҷиктабор бешак хоҳад бурд ва ба ин ҷои шакке низ нест!
Зеро ҳангоми хондани сароғози он ва ин байтҳо ҳатман ин номи барои ҳар як тоҷик муқаддасро аз Смоленск сар карда то Шарқи Дур, аз Оренбург то округи Хансӣ ва Мансӣ, ки яке қаҳрамонони машҳур ин достон Матвей Путилов онҷо тарбия гирифтааст ҳама бо маром мехонанд бо шакли аврупоии «Авиценна»! Чун достони шоири маъруфи тоҷик мегӯянд ва баъдан қироати достон шурӯъ мешавад ва ба мисраъи «Чу Сино аз замин то осмон ҷӯям»-ро мехонанд ибораҳои Сино ва тоҷик бо ҳам тавъаманданд ва ин бузургтарин хизмати устод Қаноат дар ҷангҳои иттилотӣ барои Синои тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монад!
Ҳамчунин, вақто, ки порчаҳо аз суруши шашум оиди Аҳмад Турдием хонда мешавад (ин шахсият, як нафар сержанти қаторӣ ба шарофати ин достони бузург дар сатҳи собиқ СССР дар қатори Алексей Матросов, Зоя Космодемянская, Алексей Мересев ва дигар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур аст, гарчанде мавсуф қаҳрамон нашуда буд, лекин сатрҳои ҷовидонаи устод Қаноат ин тоҷикписарро хело машҳур ва номашро дар сатҳи СССР вирди забонҳо гардонид- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Бояд гуфт, ки аз тарафи ҳунармандон ҳамчунин суруши 5-ум оиди Робиа, бонуи тоҷик бо як маҳорати тамом ва ҳаяҷони махсусе он садо медиҳад, ки дили мардуми аҳли толорро тасхир менамояд.
Чунин мисолҳо зиёданд вале ба ҳаминаш қаноат меварзем.
Бояд қайд намуд, ки медали хотиравии «Сталинград» бароварда шудааст, ки дар рӯи он сатрҳои ҷовидонаи устод Қаноат аз суруши 3-юми достон бо номи «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» хакокӣ шуда аст, ки онро дар зер меоварем:
«Так песней Данко вошёл в сталинградские дни.
Пред этим костром да погаснут все в мире огни!
Пред мужеством этим любая бравада мертва»...
Бояд гуфт, ки қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград», сарбози қатории қушунҳои пиёданизоми баҳри Михаил Паникаха мебошад.Дар бораи қаҳрамонии ӯ, устод Мӯъмин Қаноат дар суруши сеюми достон бо номи «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» чунин менигорад:
Саропо оташи зинда,
Ба зери танк метозад,
Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад…
Михаил Авериянович Паникаха соли 1914, тибқи дигар маъхазҳо соли 1918 дар деҳаи Могилёв, ноҳияи Саричании вилояти Днепропетровски Украина дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Дар сафаи Артиши Сурх аз соли 1939 ҳамчун маллоҳи Флоти Уқёнуси Ором хизмат намудааст. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо хоҳиши шахсияш ӯ ба Сталинград фиристода мешавад.
Дар ҳайати полки тирандозии 883, дивизияи тирандозии 193-юми артиши 62 ба ҳайси сарбози зиреҳшикандохил карда мешавад.
Ӯ дар замони хизмат дар ин полк ҳеҷ вақт либоси маллоҳии худро иваз накардааст.
Санаи 2-юми октябри соли 1942 ҳангоми муҳориба барои ҳимояи корхонаи «Красный Октябр», сарбоз Михали Паникаха қаҳрамонӣ нишон медиҳад.Он замоне, ки ӯ дар окоп буд, ба сӯи окопи ӯ танки душман ҳаракат менамояд.Михаил ду шишаи моъеи сӯзандаро гирифта ба сӯи танк хазида меравад. Дар ин ҳолат тире ба яке аз шишаҳои моддаҳои сӯзанда бархӯрда оташ мегирад ва худи Михаил низ саропо дар оғӯши оташ қарор мегирад, лекин ӯ бо шишаи дуюм ба сӯи танк рафта, ба мотори танк шишаи сӯзандаро мепартояд ва танк оташ гирифта аз қатор мебарояд. Барои ин шуҷоаташ баъди маргаш ӯ бо ордени Ҷанги Ватани дараҷаи 1 қадршиносӣ мешавад. Дар бораи қаҳрамонии Михаил, Маршали Иттифоқи Советӣ, Василий Чуйков дар ёддоштҳояш»(Аз Сталинград то Берлин») қайдҳо дорад.
Барои гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӯ ӯ моҳи ноябри соли 1942 пешниҳод гашта, ин ба ӯ ин унвонро танҳо санаи 5-уми майи соли 1990, бо имзои Президенти вақти СССР сазовор донистаанд. Ба хотираи ӯ дар Волгограду Днепропетровск ва дигар шаҳру деҳоти Руссия ва Украина ҳайкалу лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда, мактабу кӯчаҳо номи ӯро доранд.
Достони устод Муъмин Қаноат ва навиштааш дар бораи Михаил Паникаха(Миша) номи ин қаҳрамонро воқеъан дар сатҳи СССР хело машҳур гардонид ва гуфтугузорҳое, ки дар бораи ин қаҳрамони достону муҳорибаи Сталинград солҳо давом дошт ва мардум, ҳунармандон, қишрҳои гуногуни ҷомеъа, достони шоири тоҷикро қироат мекарданд, замони босозӣ ва ошкорбаёнӣ ахиран вайро баъди 48 соли ҳалокаташ ба унвони қаҳрамонӣ бурд(ибораи «суханро қудрати ҷонофарин» гуфтани шоир инҷо дар ҷовидона гаштани як инсон ба хуби мушоҳида мешавад- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Рӯҳи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шоири тавонои ҷаҳонӣ, устод Мӯъмин Қаноат шод бошаду хонаи охираташон обод.
Дар ҳамин росто 93 солагии устоди зиндаёд, бузургтарин достонсарои достонҳои хаммосӣ-равонӣ дар дабиёти ҷаҳонӣ,Фирдавсии сонӣ, аллома Мӯъмин Қаноат ва аз фурсат истифода бурда 82 солагии яке аз шогирди дӯстдоштааш, устоди равоншод Лоиқ Шералиро ба ҳамватанон табрик мегӯям.
«Ситоиш мекунам кӯҳи баланди рӯҳи инсонро,
Фурӯ меоварам ман қуллаи кӯҳи Бадахшонро,
Ба пои ту, аё гултеппаи боми ҷаҳонбардӯш,
Ай сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомӯш!»
Варқаи Зайниддин,Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1, Узви ИЖ -Ҷумҳурии Тоҷикистон,Корманди фахрии прокуратураи ҶТ.