Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
Дар шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Уйғур (шимолу ғарб)-и Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 500 намоянда аз 208 расонаи иттилоотии пешрафта, идораҳои ҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои 106 давлат ва минтақаҳои ҷаҳон, инчунин муассисаҳои назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар кори саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.
Дар ҷараёни саммит ҳамчунин намоиши дастовардҳои технологӣ ва маводи Агентии иттилоотии «Синхуа» дар бахши зеҳни сунъӣ ва дар Синтзян намоишгоҳ бахшида ба мубориза бо терроризм доир гардиданд. Иштирокчиёни саммит дар ҷаласаи пленарӣ баромад намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти воситахои ахбори омма, зеҳни сунъӣ, амният ва дигар мавзуъҳои муҳимро баррасӣ намуданд.
Соли равон ба таъсиси механизми Саммити ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма 15 сол пур мешавад. Бо шарофати саъю талошҳои мутахассисони воситаҳои ахбори омма дар саросари ҷаҳон ин саммит ба платформаи сатҳи баланд барои мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии глобалӣ табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид.
Саммит, ки ба мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва трансформатсияи ВАО» бахшида шудааст, соли равон дар якҷоягӣ бо агентии «Синхуа» ва ҳокимияти халқии Синтзян гузаронида мешавад. Ба иштирокдорон ҳамчунин тамошои маконҳои гуногуни тамоми ноҳия пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2017 дар Пекин байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Чин «Синхуа» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
21 майи соли 2023 дар Пекин «Протоколи иловагӣ дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ бо Агентии миллии иттилоотии Чин «Синхуа» аз соли 2017» ба имзо расид.
АМИТ «Ховар»