Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
Дирӯз муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Рейнис Трокша вохӯрӣ анҷом дод.
Восидиён Ф. С. нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими субот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуда, қайд кард, ки сиёсати созандаи роҳбарияти Олии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои гуногун, бахусус бо Латвия заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими равобит дар бахшҳои афзалиятнокро таъкид карданд.
Ҳамзамон дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуда, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиро омили асосии афзоиши имкониятҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ донистанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, омодагии худро барои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.