10:47:33 01-уми Июни 2025 сол

Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид

15 ноябр дар доираи Фестивали театрии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) «ГИТИС- мастер-класс» мулоқоти намояндагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ректори Донишгоҳи умумирусиягии кинематография ба номи Сергей Герасимов (ВГИК) Владимир Малишев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

rushdi hamkori tj rus 54548745Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории байни муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии зоҳир карда, доир ба масоили омодасозии мутахассисони касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар ин бахш табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар коркарди лоиҳаҳои муштарак, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар чорабиниҳои баргузоршаванда дар Тоҷикистон ва Русия мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854