САНҶИШИ ҲОЛАТИ САНИТАРИИ МАСҶИДҲО НАБОЯД БОИСИ ПӮШИДА ШУДАНИ ОНҲО ГАРДАД!
Маркази давлатии эпидемилогӣ ва назорати санитарии дар шаҳри Кӯлоб будаи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо прокуратура, санҷиши санитарию гигиении масҷидҳоро тибқи меъёрҳои қабулшуда оғоз кардаанд. Дар рафти санҷиш шароити санитарӣ ва гигиении масоҷиди ин вилоят бо диққат дида баромада хоҳад шуд.
Дар ривояте мехонем, ки Расули Худо (с) масҷидро писандидатарини ҷойҳо (дар рӯи замин), дар назди Худованд унвон кардаанд. Ва низ масҷидро хонаи Худо гуфтаанд. Хонаи Офаридгоре, ки ҳеч гоҳ ва ба ҳеч ваҷҳ зулмро дар ҳақи касе раво надонистаст. Шояд ба ҳамин далел, ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд, ки ҳар касе пиёз, сирпиёз (ва ё амсоли он) хӯрда бошад, ба масҷид,(ба намозгоҳи мо) наздик нашавад, чунки фариштаҳо аз он нороҳат мешаванд ва…
Худои таъоло дар Қуръони карим фармуда: «Ва макони хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем: «Ҳеч чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор» (Ҳаҷ, ояи 26). Имом Қуртубӣ дар тафсири ин ояи нуронӣ ишора мекунад, ки покиза нигаҳ доштани хона аз ҳамаи нопокиҳо, бидъатҳо, бутпарастиҳо ва хунрезиҳост. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт:
«Расули Худо (с) амр карданд, ки дар деҳаҳо ва ё дар миёни қабилаҳо масҷид бисозед ва онро покиза нигаҳдорӣ кунеду низ атрогинаш намоед» (ривояти саҳеҳ аз Абӯдовуд ва Тирмизӣ). Худованди Маннон дар Қуръони маҷид фармудааст: «Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед!»
(Аъроф, ояи 31). Бо вуҷуди он ки Худованди Раҳим дар ин ояти карима дар хусуси Хонаи Каъба ҳарф мезанад, аммо Ибни Касир дар тафсири ин ояи карима ба нақл аз суннати Паёмбар (с) мегӯяд: худороӣ дар вақти намоз, ба вижа дар вақти намози ҷумъа ва идҳо амри мустаҳаб аст.
Дар ривояте омадааст, ки назофат-покизагӣ нисфи имон аст. Ҳамчуни шариъати ислом низ вобаста ба покизагӣ барои намозгузор чанд шарт мегузорад: 1. Покии бадан 2. Покии либос 3. Покии ҷои намоз, ин ҳама покиву покизагӣ бар он далолат мекунад, ки ислом ҳама покиву покизагист.
Бар замми ин, тавре дар боло зикр шуд, шариати Муҳаммадӣ ҳатто ба намозгузорон пиёзу сирпиёз хӯрда иҷозаи ворид шудан ба масҷидро то се рӯз надодааст, чун аз ин бӯи нохӯш фазои атрогини масҷид халалдор мешаваду ҳам мардум ва ҳам фариштаҳо аз он нороҳат мешаванд…
Дар ривоёти низ мехонем, ки Расули Худо(с) фармуданд: «Туф кардан дар масҷид хато ҳаст ва каффорат (ҷуброн)-и он пок кардани вай (яъне ҳамон туф) аст» (ривояти саҳеҳ аз Бухорӣ ва Муслим). Дар ҳадиси дигар низ аз Абӯҳурайра(р) ривоят шудааст, ки марди сияҳпӯсте ё зани сияҳпӯсте масҷидро тоза мекард, ӯ мурд, Паёмбар(с) дар бораи вай пурсиданд, ба Ӯ(с) гуфтанд, ки он кас вафот кардааст, гуфт: чаро маро огоҳ накардед! Қабри он мард ва ё занро бароям нишон диҳед, Паёмбар (с) ба назди қабри он рафта бар вай намоз гузоштанд» ( ривояти саҳеҳ аз Бухорӣ ва Муслим).
Низ аз Анас (р) ривоят шудааст, Паёмбар(с) балғамеро дар қиблаи масҷид дида аз ғазаб рӯяшон сурх шуд, зани ансорие омада онро пок кард (яъне, балғамро аз қибла тоза кард) ва ҷои онро ба мисли пешин тозаву покиза намуд, Паёмбар (с) фармуданд “чӣ аз ин беҳтар?”» ( ривояи саҳеҳ аз Насоӣ ва Ибни Моҷа). Аз ин ривоятҳо бар меояд, ки тозаву озода нигаҳ доштани масҷид, дар ҳар давру замон ва ҳар маконе, ки мусалмонон ба сар мебаранд, амри мустаҳаб аст.
Ба вижа дар ин мавсим, ки оғози фасли гармо мебошаду баъзе ҷойнамозҳои масоҷид ва фаршҳои онҳо ба шустану покиза нигоҳ доштани ҳарчи бештар ниёз доранд, кори ҳар фарди намозгузор ва мӯъминест, ки аз фармудаҳои Расул (с) пайравӣ намояд ва тибқи меъёрҳои санитарию гигиении қабулшуда амал намоянд.
Мардуме, ки хонаҳои Худоро на танҳо бо қиёму рукӯъ ва саҷдаҳояшон обод мекунанд, ҳамчунин бо аз ҳама ганду олӯдаҳо тоза нигоҳ доштани масоҷид имондории худро исбот мекунанд. Ҳазрати Ҳақтаъоло фармудааст: «Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!» (Тавба, ояи 18)
Аммо, ин дар ҳолест, ки Қонун рафтани ноболиғон дар вақти намозҳои панҷгона ва ҷумъа ба масҷидҳоро манъ ва иштироки онҳоро дар маросими мазҳабӣ маҳдуд кардааст. Бархе аз намояндагони мақомоти интизомӣ садди роҳи рафтани ноболиғон ба масҷид шудаанду баъзеҳоро риштарошон кардаанд, ки ин амалҳо то ҷое боиси сард шудани эътиқоду эҳтироми мардум нисбати масъулин шудааст.
Бо дарназардошти ин вазъият мабодо ин амр (санҷиши санитарию гигиенӣ) низ баҳонаи бастани чандин масҷиди дигар шаваду нафрати мардум бедор гардад. Накунад, ки чунин шаваду он гоҳ намозгузороне дасти дуо ба сӯи Ҳазрати Якто баланд кунанд ва ба ғазаби Ӯ чандин марди дигар гирифтор шаванд, чунки Худои таъоло мефармояд:
«Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидҳои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар онҳо ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!» (Бақара, ояи 114).
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
22.03.2026 15:27
344
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
472
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
288
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:45
1133
«Абумуслими Хуросонӣ бузургтарин қаҳрамонии миллии тоҷикон!”
-
26.09.2025 12:42
923
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1234
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
15.03.2026 21:05
156
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
868
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
886
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
601
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1269
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2210
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
29.03.2026 14:35
346
Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта
-
15.03.2026 21:06
172
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
180
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
19.03.2026 23:09
439
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
445
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
424
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
770
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1109
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1052
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2183
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2255
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3265
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
403
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1778
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1898
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
885
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1066
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1055
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
195
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1271
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1603
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4271
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4499
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4805
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?











































Шарҳҳо
«Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидҳои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар онҳо ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!»
Илохи омин !
(Бақара, ояи 114).
RSS Обуна