Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (16-18 июн)
Мухлисони гиромӣ! Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 идома дорад. Дар рӯзҳои 16, 17 ва 18 июн бозиҳои навбатии марҳилаи гурӯҳӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо гурӯҳҳои I, J, K, L ва инчунин бозиҳои гурӯҳҳои дигар шуруъ шуданд.
Рӯзи 16 июн бозиҳои гурӯҳи G ва H баргузор шуданд
Дар гурӯҳи G, дастаҳои Эрон ва Зеландияи Нав бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карданд. Ин бозӣ яке аз ҷолибтарин бозиҳои чемпионат гардид. Зеландияи Нав ду маротиба пеш афтод, аммо Эрон ҳар ду маротиба ҳисобро баробар кард. Голҳои Зеландияи Навро Илайа Ҷаст (дақиқаи 7 ва 55) ба сабт расонид. Дар ҳайати Эрон Рамин Резаиён (дақиқаи 32) ва Муҳаммад Муҳибӣ (дақиқаи 64) гол заданд.
Дар гурӯҳи H, дастаи Уругвай бо Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ кард. Дастаи Испания ва Кабо-Верде низ бо ҳисоби 0:0 баробар шуданд.
Дар рӯзи 17 июн бозиҳои гурӯҳи I ва J баргузор шуданд
Дар гурӯҳи I, дастаи Фаронса бар Сенегал бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард. Дастаи Норвегия низ бо Ироқ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Дар гурӯҳи J, дастаи Аргентина бар Алҷазоир бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. Дастаи Австрия низ бар Урдун бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Рӯзи 18 июн бозиҳои гурӯҳи K ва L баргузор шуданд
Дар гурӯҳи K, дастаи Португалия дар варзишгоҳи "NRG Stadium"-и Хюстон (ИМА) бар Ҷумҳурии Демократии Конго бо ҳисоби 1:1 мусовӣ кард. Португалия дар дақиқаи 6-ум тавассути Жуан Невеш пеш афтод . Аммо дар дақиқаи 90+5, Йоане Висса ҳисобро баробар кард. Ин аввалин хол ва голи Ҷумҳурии Демократии Конго дар таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар гурӯҳи K, дастаи Колумбия дар варзишгоҳи "Эстадио Банорте"-и Мексика бар тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳои Колумбияро Луис Диас, Даниэл Мунйос ва Хаминтон Кампас ба сабт расониданд. Ягона голи Ӯзбекистонро Аббосбек Файзуллоев зада, ки ин аввалин голи таърихи ин кишвар дар марҳилаи ниҳоии Чемпионатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар гурӯҳи L, дастаи Англия бо Хорватия дар бозии пурғавғо бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Ҳарри Кейн дар ин бозӣ ду гол ба сабт расонд. Дастаи Гана бар Панама бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голи ягонаро Калеб Йиренки дар дақиқаи 90+5 ба сабт расонд.
Ҷадвалҳои гурӯҳҳо (пас аз даври аввал)
Гурӯҳи I
|
Ҷой |
Даста |
Бозӣ |
Ғалаба |
Мусовӣ |
Бохт |
Тӯбҳо |
Хол |
|
1 |
Норвегия |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-1 |
3 |
|
2 |
Фаронса |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
|
3 |
Ироқ |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
|
4 |
Сенегал |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-3 |
0 |
Гурӯҳи J
|
Ҷой |
Даста |
Бозӣ |
Ғалаба |
Мусовӣ |
Бохт |
Тӯбҳо |
Хол |
|
1 |
Аргентина |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
|
2 |
Австрия |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
|
3 |
Урдун |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-3 |
0 |
|
4 |
Алҷазоир |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Гурӯҳи К
|
Ҷой |
Даста |
Бозӣ |
Ғалаба |
Мусовӣ |
Бохт |
Тӯбҳо |
Хол |
|
1 |
Колумбия |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
|
2 |
Португалия |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
0 |
|
3 |
Ҷумҳурии Демократии Конго |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
0 |
|
4 |
Ӯзбекистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-3 |
0 |
Гурӯҳи L
|
Ҷой |
Даста |
Бозӣ |
Ғалаба |
Мусовӣ |
Бохт |
Тӯбҳо |
Хол |
|
1 |
Англия |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-2 |
3 |
|
2 |
Гана |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
|
3 |
Панама |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
|
4 |
Хорватия |
1 |
0 |
0 |
1 |
2-4 |
0 |
Оморҳои ҷолиб
- Норвегия дар бозии аввал бо Ироқ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Эрлинг Холанд дар ин бозӣ ду гол зада, аввалин голҳои худро дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба сабт расонд.
- Фаронса дар бозии аввал бар Сенегал бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Килиан Мбаппе дар ин бозӣ ду гол зада, шумораи голҳои худро дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба 14 расонд.
“Рӯзгор»
















