НИГАРОНИИ РӮҲОНИЁНИ ТОТОР АЗ ГУСТАРИШИ ВАҲҲОБИЯ
Рӯҳониёни тотор мегӯянд, тавсеаи ҷараёни ваҳҳобия дар қаламрави ҷумҳурии Тотористони Русия метавонад ин кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кунад. Муовини муфтии ин ҷумҳурӣ Валиуллоҳ Яъқуб гуфтааст, набояд имкон дод, ки мусулмонони Тотористон ба ҳанафиву ваҳҳобӣ тақсим шаванд. Яъқуб ин ақидаро дар китобе зери унвони "Ҳанафӣ бош!" таъкид кардааст.
Яъқуб бо дастгирии ҳукумат ва мухолифат ба нуфузи хориҷиён дар миёни мусулмонони Тотористон маъруф мебошад. Ӯ бар ин назар аст, ки бархӯрд дар байни мусулмонон метавонад кишварро ба ҷангу ҷидол ва ба муқовимати шаҳрвандӣ расонад. Ба гуфти муовини муфтии Тотористон, ваҳҳобиён пайравони дигар мазҳабу равияҳоро аслан мусалмон намешуморанд ва аз ин рӯ, чанде пеш ӯ талаб кардааст, ки ба монанди ҷумҳурии Доғистон Тотористон низ ҷараёни ваҳҳобияро мамнӯъ эълон кунад.
Дар китоби Валиуллоҳ Яъқуб зикр шудааст, ки 95 дарсади мусулмонони Тотористон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва он бояд ба ҳайси мазҳаби асосӣ дар қаламрави Тотористон эътироф гардад. Ба гуфти Яъқуб, Тотористон дар муқобили пайравони ҷараёни ваҳҳобия, ки аз мазҳабҳои фавқулодда муҳофизакор буда, дар Арабистони Саудӣ сарчашма мегирад, кореро анҷом надодааст.
Яъқуб анъанаҳои ҳанафии Туркияро ҳамчун намуна барои пайравӣ ёдрас кардааст. Дар он ҷо, ба гуфти Яъқуб, фақат пайравони мазҳаби ҳанафия ҳақ доранд, ки вазифаи имоми масҷидро иҷро кунанд. Яъқуб ихтилофангезии динӣ дар Лубнону Ироқро ба хотир оварда, изҳор намудааст, ки чунин сиёсати нодурусти мазҳабӣ боиси ҷангҳои бепоёни дохилӣ дар ин кишварҳо гардидааст.
Муовини муфтии Тотористон талаб кардааст, ки чораҳои ҷилавгирӣ аз тавсеаи ваҳҳобия дар Тотористон андешида шаванд. Яъқуб мегӯяд, саудиҳо шумори зиёди ҷавонони тоторро барои таҳсил дар ин кишвар даъват намуданд ва акнун ин ҷавонон ба Тотористон баргашта, бо тавсеаи нуфузи мазҳаби ваҳҳобӣ машғул мебошанд.
Билохира, Яъқуб тахмин кардааст, ки шуморе аз ваҳҳобиҳои тотор дар як саф бо ҷангҷӯёни вилояти Вазиристони ҷанубӣ бар зидди ҳукумати Покистон қиём намудаанд.
Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2040-2010-04-02-11-56-21.html
-
15.08.2025 17:52
115
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе
-
07.08.2025 13:54
180
Суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
-
07.08.2025 13:52
171
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
07.05.2025 23:59
681
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
825
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
687
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
15.08.2025 17:48
109
Мулоқоти роҳбарони мақомоти энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
-
08.08.2025 20:33
159
Баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
-
08.08.2025 20:31
148
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
14.10.2024 18:41
1153
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1872
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3559
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.08.2025 17:43
111
Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани талаботҳои он
-
15.08.2025 17:41
124
Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон
-
08.08.2025 20:29
137
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст
-
17.07.2025 18:32
211
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
698
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
690
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
638
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
696
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
640
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
1004
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1199
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2073
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
803
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
791
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1976
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
28.06.2025 14:52
342
Ваҳдати миллӣ – рукни асосии субот ва пешрафт
-
19.09.2021 19:28
2293
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2294
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
27.04.2025 14:10
614
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
743
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
631
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3101
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3262
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3724
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?