08:47:01 25-уми Майи 2025 сол

АФЗОИШИ МАСОҶИД ДАР АМРИКО

Шумораи масоҷид ва ба ин макони муқаддас рӯоварандаҳо  ҳоки аз афзоиши ин теъдод дар солҳои ахир дар ҷомеаи Амрикост. Дар ҳоле ки дар давоми 5 соли ахир шумораи ба масоҷидравҳо 75 фоиз афзоиш ёфтааст, тақрибан 2 миллион муслимин бо масоҷид пайваста иртиботи зич  ба ин даргоҳи поку нурониро бунёд кардаанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки иштироккунандаҳои ин даргоҳ дар соли 1994 танҳо 500.000 буд.

 

Ин нишондодро мо тавассути як тадқиқоти масҷидомузӣ дар саросари кишавр ба даст гирифтем.Ин барраси нишон медиҳад, ки арзёбии умумии ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико 6,7 миллион мебошад. Ва тахминан 16,29 фоизи мусулмонҳо ҳаёти диниро ихтиёр кардаанд, ки ин ҳам бошад ба масҷидравию дар намозҳои ид ширкат кардани онҳо мебошад.47 фисади масҷидравҳо ҷавонони зери 35 сола, буда гурӯҳи одамони 36-59 42 фоиз ва гурӯҳи одамони 60-соларо 11 фоиз ташкил мекунад. Ин нишондод метавонад собит созад, ки шумораи ҷавонони мусулмони амрикоӣ хеле баланд аст. Масоҷид дар кишвари Амрико танҳо макони ибодат набуда, балки дар онҷо низ имкони баргузор гардидани фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мушоҳида мешавад.

 

Дар давоми интихоботи ахири президентӣ масоҷид дар иттиҳод намудани мусулмонҳо барои ба қайдгирри овоздиҳӣ нақши боризеро иҷро кардаанд ва 89 фисади роҳбарону ходимони динии масоҷид бар ин боваранд, ки ҷамъияти муслиминро лозим аст ба раванди сиёсӣ шомил кард. 70 фисади ҷамъияти муслимин барои овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд ва мувофиқи арзёбии дуруст 65 фисад (2.3 миллион)-и овоздиҳандаҳо дар интихоботи 2000 ширкат намуданд.

 

Тадқиқот, ки таҳти унвони "Масоҷид дар Амрико" буд, тавассути Шӯрои равобити исломии Амрико, як ниҳоди мусулмонҳо баргузор гардид. Чаҳори дигар аз ниҳодҳои мусулмонҳо; Ҳавзаи исломии Амрикои шимолӣ,Ҷамъияти исломии Амрикои Шимолӣ ва Ҷамъияти мусулмонҳои Амрико сарпарастии ин лоиҳаро бар душ доштанд.Ин аваллин тадқиқотест, ки шумораи масоҷидро ба 1200-то эълом намуд.

 

Қарнҳост,ки насли мусулмонҳо дар Амрико умр ба сар мебаранд.Соли 1893 ҷамъияти муҳоҷирони мусулмон аз давлатҳое чун Араб, Сурия, Лубнон ва дигар мамолики мусулмон ба Амрико ҳиҷрат намуданд. Нажоди аслии онҳо асосан турк, курд,албанӣ ва арабҳо буданд.Ва аз ҳамин сабаби муҳоҷират шумораи ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико рӯ ба афзоиш аст.

 

Нахустин масҷид дар Амрико дар шаҳри Мейн соли 1915 тавассути мусулмонҳои албанигӣ сохта шудааст. Ва соли 1919 аллакай ҳамин табаа боз як масҷиди диггарро дар шаҳри Коннектикут бунёд намуданд. Татарҳои лаҳистонзабон соли 1926 дар шаҳри Бруклини Нию Ёрк масҷиде иморат намуданд, ки ҳанӯз дар истифода аст.

 

Дар шаҳри Питсбурги иёлати Пенсилавания бошад нахустин масҷидро амрикоиҳои африқоии мусулмонтабор таъсис доданд дар соли 1930. Масҷиди дигаре тавассути Шайх Довуд Аҳмад Файсал  соли 1955 дар и Нию Ёрк сохта шуд. Ин масҷид  як нуқтаи вижаеро дар рушди пешрафти ҷамъияти мусулмонҳои Амрико  нишон медиҳад.Ва бояд гуфт, ки ҳаракати Дорул-ислом дар ҳамин ҷо шурӯъ гаштааст.

               

Ҳарчанд, ки бунёди нахустин масоҷид дар Амрико ба соли 1915 рост меояд, аммо  шумори каме аз онҳо то соли 1960 бунёд гардид. Рушди бузурги шумораи масоҷид дар ин кишвар дар солҳои 1970 оғоз меёбад.Аксари масоҷид (87%)дар Амрико дар ҳамин солҳо 1970 зуҳур ёфтаанд.30 фоизи масоҷид дар давоми солҳои 1990-ум ва 32 фоизи дигар дар солҳои 1980 падидор гаштанд. Дар Амрико тибқи як баррасӣ 1.209 масҷид мавҷуд аст.

 

Ин барраси оиди гуногунии гурӯҳҳои этникии ширкаткунандаҳои масоҷид чунин иттилоъ медиҳад: Дар масоҷиди Амрико осиёиҳои ҷанубӣ, амрикоиҳои офриқоӣ ва арабҳо аз гурӯҳҳои бузурги этникӣ маҳсуб меёбанд. Дар як масҷиди миёна 33 фисади аъзоён осиёиҳои ҷанубӣ буда, 30 фоизи он амрикоиҳои офриқоӣ ва 25 фоиз арабҳо мебошанд.

 

Танҳо 7 фоизи масҷидҳоро гурӯҳҳои алоҳидаи этникии алоҳида ташкил мекунанду бас. Ва гуфтан метавон, ки тақрибан 90 фоизи масоҷид масуби гурӯҳҳи этникии дар боло зикр гардида мебошанд. Ба осиёгиҳои ҷанубӣ покистониҳо, ҳиндиҳо,афгонҳо ва бангладешҳо шомил мешавад.

 

Дар мавриди забон бошад,97 фисади масҷидҳо инглисиро ҳамчун забони асоси корбурд мекунанд ва барои хондани хутба низ аз ин забон истифода мебаранд. Ва албатта ҳастанд масоҷиде, ки забони урду ва арабиро истифода мекунанд.Аммо хеле кам.

 

Дар мавриди нақши зан дар масоҷид бошад, ин тадқиқоти мазкур ишора менамояд, ки тақрибан  дар 70 фисади масоҷид занҳо иҷозаи адои намозу ҳидматро соҳибанд. Бо вуҷуди ин дар давоми 5 соли ахир танҳо дар нисфи масоҷид занҳо иҷозаи намоз хондан доштанд. Дар тақрибан 66 фоизи масоҷид занҳо дар паси пардаҳои пӯшида аз ҷинси музаккар ё паси девор намозро ба ҷой меоранд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1994 дар 52 фоизи масоҷид занҳо  ибодатро ба ҷой меоварданд. Албатта масҷидҳо боиси таваҷҷӯҳи амрикоиҳо гардида онҳоро ба ислом роҳнамоӣ мекунанд.

 

Ин тадқиқот хулоса мекунад, ки болотар аз нисфи (55%) масоҷид дорои як ниҳоди марбута мебошанд, ин ҳам дар ҳолест, ки 45фоизи масоҷид аз ягон ниҳоде марбуту бастагӣ надоранд.27 фоизи масоҷид бо Ҷамъияти Исломии Амрикои Шимолӣ (ҶИАШ) узвият доранд ва ҳамроҳанд. Ва танҳо 10 фоизи масоҷид ба ниҳодҳои дигар мисли Ниҳоди Амрикоиҳои Мусулмони Туркӣ, Шӯрои Мусулмонони Амрико ва Шӯрои Равобити Исломӣ узвият доранд.

 

ШАРҲИ ВОҚЕИЮ ТАЪРИХИИ ИСЛОМ ДАР АМРИКО

 

Мувофиқи ақидаву дидгоҳҳои муҳақиқон ва пажӯҳишгарон пеш аз ин ки Кристофер Колумбус Дунёи Навро кашф намояд, ҷамъияти мусулмонҳо ҳанӯз 300 сол қабл аз ин воқеа Амрикоро тасхир намуда буданд. Дуктур Бэрри Фелл бостоншинос ва забоншиноси саршиноси Нию Зиланд ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи Ҳарварди Бостон шаҳодати ин амрро дар китобаш "Ҳамосаи Америка" нишон медиҳад, ки мусулмонҳо қабл аз Кристофер дар Амрико будаанд.

 

Иван Ван Сертима дар китоби машҳури худ: "Онҳо қабл аз Колумбус омаданд" бидуни шак иртиботи қарин доштани одамони африқоӣ бо бумиёни Амрикоро тасдиқ мекунад.

               

Абдусаттор Ғаззoлӣ.

Сарчашма: www.amperspective.com

Аз англисӣ тарҷумаи Фирдавси Аъзам

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1386-afzoishi-masojid-dar-amiko.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ



banner ruzgor cinema 2025-1