ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ОҒОЗ ШУД
Субҳи барвақти имрӯз маросими фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саросари кишвар оғоз гардид.
Ба гуфтаи Нарзулло Ҳабибуллоев, сардори Департаменти буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо фаъол аст ва куллия кормандони ин вазорат ва Бонки давлатии «Амонатбонк» барои иҷрои ин тарҳ сафарбар шудаанд. Вай гуфт, танҳо дар шаҳри Душанбе 47 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо ташкил шуда ва дар чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон марказҳои вижаи фурӯши саҳмия роҳандозӣ гардидааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон авохири соли 2009 саҳмияҳои манзуриро бо арзиши номиналии 100, 500, 1000, 5 000 сомонӣ ва ҳамчунин сертификати саҳмияҳои номӣ, ки барои маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, дар дохили кишвар чоп кардааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 5 миллион адад саҳмияҳои манзурӣ ва сертификати саҳмияҳои номӣ бо маблағи 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Зеро давлати Тоҷикистон нархи оиномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро низ ҳамин миқдор маблағ арзёбӣ кардааст.
Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар охири соли гузашта 6-уми январро ба унвони Рӯзи ҳамраъии сокинони пойтахт барои бунёди неругоҳи «Роғун» эълом кард, ки ба ин муносибат дар чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор гардид. Расонаҳо, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии шаҳрдорӣ ва давлати Тоҷикистон низ дар ташвиқи сокинон барои ширкат ва саҳм гирифтан дар харидории саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» фаъоланд ва ҷараёни фурӯши саҳмияҳо тавассути бархе аз шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш мешавад.
Тибқи муқаррарот хариди саҳмияҳо ихтиёрӣ буда ва ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, масъулони корхонаҳо ва донишгоҳҳо коргарон ва донишҷӯёнро барои харидории иҷбории саҳмияҳо ташвиқ кардаанд ва ҳатто аз маоши моҳонаи онҳо маблағҳоро баргардондаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ бо судури фармоне дар бораи ҳифзи ҳуқуқии саҳмдорон хариди саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» -ро ихтиёрӣ унвон кардааст.
Аммо шаби гузашта аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ муроҷиатномаи президент Раҳмон ба ҳама шаҳрвандон пахш гардид, ки бунёди неругоҳи «Роғун» -ро ормони миллӣ унвон кард ва аз ҳама қишрҳои ҷомиа ва ҳамин тавр аз тоҷиконе, ки дар хориҷ кору зиндагӣ мекунанд, даъват кард, ки дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» фаъолона ширкат варзанд.
Дар остонаи фурӯши ин саҳмияҳо бисёре аз шахсиятҳои номдори Тоҷикистон харидории саҳмияҳо ва бунёди неругоҳи Роғунро кори нангу номуси миллӣ арзёбӣ карданд.
Темуралӣ Афғонов, раиси Департаменти қарзи давлатӣ ва захоири молии Вазорати молия гуфт, таҳлилҳо ҳокист, ки куллия саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» тавассути шаҳрвандон ва корхонаҳо харидорӣ хоҳанд шуд. Зеро, ба таъкиди вай, то оғози фурӯши саҳмияҳо даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандон ба ҳадафи харидории саҳмияҳо ба Вазорати молия ва «Амонатбонк» муроҷиат кардаанд.
Давлат низ бар кафолати саҳмияҳо ва суди онҳо бо фаъол шудани ин неругоҳ таъкид дорад. Ин дар ҳолест, ки саҳмияҳо тавассути Вазорати молия бароварда шуда, Бонки «Амонатбонк» масъулияти фурӯши онро бар ӯҳда дорад, вале зери саҳмияҳо имзои мақомоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии «Роғун» гузошта шудааст.
Дар муддати беш аз 10 соли ахир ин барои бори дуввум аст, ки дар Тоҷкистон саҳмияҳо чоп ва мавриди фурӯш қарор мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1996 ба хотири бунёди неругоҳи «Сангтуда» дар ҷануби ин кишвар саҳмияҳоеро баровард ва аксари шаҳрвандон аз ин коғазҳои қимматдор харидорӣ кардаанд.
Бо он ки ҳанӯз ҳам шаҳрвандон ин коғазҳоро дар даст доранд, вале бо вуҷуди фаъол шудани неругоҳи «Сангтуда-1» аз ҳудуди ду соле пеш касе суди онро дарёфт накардааст. Темуралӣ Афғонов, раиси Департаменти қарзи давлатӣ ва захоири молии Вазорати молия, мегӯяд, ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст ва дар ояндаи наздик ҳалли ниҳоиро пайдо хоҳад кард.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1486-furushi-sahmiyahoi-qrogunq-ogoz-shud.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
307
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3384
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
300
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































