ХАРИДИ САҲМИЯ: ИХТИЁРӢ Ё МАҶБУРӢ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳизби ҳокими халқӣ - демократро, ки раёсати онро бар дӯш дорад, пуштибони равонии бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хонда, ин сохтмонро саҳнаи имтиҳони ифтихору нангу номуси миллати тоҷик унвон кардааст. Қарор аст, фурӯши саҳмияҳо аз 6-уми январи соли 2010 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои фурӯши «Амонатбонк» оғоз шавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар бештари корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ маъракаи маҷбурии ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва харидории саҳмияҳои он шурӯъ шудааст. Дар ҳоле ки президент Раҳмон борҳо ба ихтиёрӣ будани хариди саҳмияҳо таъкид кардааст, боз ҳам масъулон ба зердастони худ ҳушдор додаанд, ки агар касе аз харидории саҳмияҳо худдорӣ кунад, аз кор озод хоҳанд шуд. Шаҳло, омӯзгори мактаби миёна мегӯяд, вай як маоши моҳонаашро ба нерӯгоҳи «Роғун» бахшидааст.
Саттор, як шаҳрванди дигар бошад, гуфт, бидуни хоҳиши ӯ аз маошаш 35 дарсад кам карданд ва нагуфтанд, ки барои чӣ? Шояд барои бунёди Роғун бошад, ҳадс мезанад ӯ. Аммо Шариф, сокини дигари шаҳри Душанбе бештар аз он нигарон аст, ки раҳбарияти корхона коргаронро ба харидории саҳмияҳо маҷбур мекунанд. Вай мегӯяд бо маошаш 275 сомонӣ имкони харидории саҳмияро надорад, зеро ягона ноновари хона аст.
Дар таъйиди сухани донишчӯён, як устоди донишгоҳ, ки нахост, номаш ифшо шавад гуфт, масъулони донишгоҳ амр кардаанд, ки бо оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳо ҳар як устод ба маблағи на камтар аз 1 500 сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» -ро харидорӣ кунад. Дар акси ҳол аз донишгоҳ хориҷ хоҳад шуд.
Ин нигаронӣ, ки ҷамъоварии маблағ барои Роғун билохира ба як амри маҷбурӣ табдил мешавад, бисёриҳоро аз оғоз нигарон карда буд. Дар як мулоқот бо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон аз ӯ пурсиданд, ки харидории саҳмияҳо маҷбурӣ аст ё хайр?
Ҷаноби Наҷмиддинов дар посухи ин суол гуфт, «ман аз пеши худ чизе намегӯям. Ман суханони президентро ба шумо мерасонам, ки дар суханрониаш дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ дар се ҳафтаи пеш, дар мулоқот бо аҳди илму фарҳанг дар ҳафтаи гузашта ва дар маҷлиси ҳукумат дар ду рӯзи қабл таъкид кард, ки харидории саҳмия маҷбурӣ нест ва ба ин роҳ набояд дод».
Мақомот мегӯянд, фурӯши саҳмия бо роҳи кам кардани маоши шаҳрвандон қатъиян манъ аст. Аммо таъкид мекунанд, ки набояд касе ба ин маъракаи сарнавиштсоз бетараф бошад, «ҳар яки мо бетараф набошем ва аввал худамон дар сафи пеш бошем. Дар баробари ин хешу табор ва ёру дӯстон, ҳамсоя дорем, бояд онҳоро ҷалб кунем. Ҳар қадар фаъол бошем, харидорон ва саҳмдорон низ бештар хоҳанд шуд.»
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро саҳнаи имтиҳони ифтихору нангу номуси миллат унвон кард ва дар ҷаласаи ахири Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раёсати онро бар дӯш дорад, ин ҳизбро пуштибони равонии бунёди нерӯгоҳи «Роғун» эълон кард.
Бо он ки ҳанӯз фурӯши саҳмияҳо шурӯъ нашудааст, вале баъзе масъулони корхонаҳо ва муассисаҳо сиёсати маҷбурии харидории саҳмияҳоро ба кор мебаранд. Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси тоҷик мегӯяд, табъан баъзе масъулони давлат мехоҳанд, то аз ин раванд ба нафъи худ истифода кунанд, «мутаассифона, ин доираҳо сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» -ро ба мисли дигар чорабиниҳо барои манфиати хеш истифода мекунанд.»
Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳафтаи оянда, яъне аз 6-уми январи соли 2010 оғоз хоҳад шуд. Ба ин мақсад ифтитоҳи 583 нуқтаи фурӯш дар назар аст. Харидории саҳмияҳо ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат хоҳад гирифт. Ба иттилои Вазорати молия, дар маҷмӯъ 5 миллион саҳмия бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5 000 сомонӣ ва гувоҳномаҳои саҳмияҳои номӣ дар дохили кишвар ба маблағи 6 миллиард сомонӣ нашр шудааст. Нархи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» низ ба ҳамин миқдор арзёбӣ шудааст.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1428-kharidi-sahmiya-ikhtiyori-yo-majburi.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
328
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
307
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3384
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1871
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
301
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
400
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































