Ҳикоёти латиф
Оре, латифанд ин ҳикоёт, аз он ки ёду хотири шунавандаву хонандаи худро ба андеша мебаранд. Андешае, ки созандагӣ дар тафаккур ва бинишу дарки олам, некиву накукорӣ, фалсафаи хайру шар дар бунёд дорад. Аз мутолиаи онҳо на танҳо лаззати маънавӣ ҳосил мешавад, балки инсон ба тафаккур дода мешавад: чӣ гуна бояд зист, то пушаймонӣ пеш наояд?
Мо чанде аз ин гуна ҳикоётро аз манобеъи гуногун гулчин кардаем ва боз хушае аз рӯзгори Имом Абуҳанифа (р) низ овардем, то хотираи ӯро дар чунин рӯзҳое, ки ҷомеаи моро хавфи парешонӣ аз таҳдиди мазоҳиби гуногун таҳдид мекунад, пос дорем, то рӯҳаш аз бозмондагонаш шод гардад. Ва дар оянда низ сари чанд вақт аз ин гуна ҳикоёт намунаҳо меорем, зеро медонем, ки онҳо таъсироти бузурги ахлоқиву маънавӣ доранд.
Тавбаи Абумуслим, ки ноумед аз пазириши он аст
Аз "Рабеъ-ул-анбор"-и Замахшарӣ нақл шуда, ки Абӯмуслими Хуросониро дар Арафот диданд, ки мегуфт: "Худоё, ба даргоҳи ту аз гуноҳонам тавба ва талаби омурзиш мекунам, гарчи медонам маро нахоҳӣ омурзид".
Ба ӯ гуфта шуд: Чаро аз омурзиши Худой маъюсӣ?
Гуфт: Ман ҷомае аз тору пуди зулм бофтам ва бар тани бани Аббос кардам. То ин давлат боқист фарёди мардум аз ситаму таъаддии онҳо баланд аст. Бо ин ҳама дадхоҳ ва мутааллимин ва душман чӣ тавр умедвор ба мағфирати Худой бошам?
Васваса ва илҳом дар шарҳи авлиё
Шайх Абӯсаъиди Абулхайр бо муриде ба роҳе мерафт. Зимистон буду шайх побараҳна. Мурид ирода кард, ки футаи худро ду ним кунад ва ниме ба шайх бидиҳад, баъд пушаймон шуд.
Рӯзе аз шайх пурсид: Фарқ миёни васваса ва илҳом чист?
Шайх гуфт: Илҳом он буд, ки ниме аз фӯтаи худро ба пои ман бипечӣ, васваса он буд, ки баъд мунсариф шудӣ.
Аз "Ҳазору як ҳикояти таърихӣ"
Пушаймонии Султон Саҷнар
Султон Санҷарро пурсиданд, иллат чӣ буд, ки мулке бад-ин вусъат ва оростагӣ, ки туро буд чунин мухтал (дарҳаму парешон) шуд?
Гуфт: Корҳои бузург ба мардуми хурд фармудам ва корҳои хурд ба мардуми бузург, ки мардуми хурд корҳои бузургро натавонистанд кард ва мардуми бузург аз корҳои хурд ор доштанд ва дар пай нарафтанд. Ҳарду кор табоҳ шуд ва нуқсон ба мулк расид ва кори лашкару кишвар рӯй ба фасод овард.
Аз "Ҳазору як ҳикояти таърихӣ"
Имом Муҳаммади Боқир ва хулафои рошидин
Имом Муҳаммади Боқир (р) дорои фазлу покӣ ва вараъу тақво буд ва ӯ бар хилофи мавқеъи баъзе шиаҳои ифротӣ хулафои рошидинро танҳо бо эҳтирому тақдир ёд мекард. Солим бинни Абуҳафса мегӯяд, ки ман аз Абуҷаъфар ва писараш Ҷаъфари Содиқ роҷеъ ба Абубакру Умар (р) пурсидам. Эшон ба ман чунин гуфтанд: "Эй Солим! Онҳоро дӯст бидор ва аз душманони онҳо безор бош. Зеро ин ду имомони роҳи рост буданд". Дигар бор аз Имом Муҳаммади Боқир шунидам, ки мегуфт: "Ҳеҷ касе аз аҳли хонадони худро пайдо накардам, ки ин дуро дӯст надоранд".
Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, "Зиндагӣ ва осори Имом Абуҳанифа", истинодан ба "Таҳзибут-таҳзиб",ҷ.9. с. 350
Бузургон дар зикри Имом Абуҳанифа (р)
Муваффақи Маккӣ бо санаде, ки он ба Абдуллоҳ бинни Воқид мерасад, ривоят кардааст, ки ӯ чунин гуфт: "Ҳасан бинни Аммора Абуҳанифа (р)-ро ғусл дод ва ман об мерехтам, ҷисми ӯро бисёр лоғар дидам, ки риёзату ибодат онро об карда буд. Вақте Ҳасан аз ғусли ӯ фориғ шуд, Абуҳанифа (р)-ро ситоиш кард ва баъзе аз хислатҳои ӯро ёдовар шуд, ки ҳама дар гиря фурӯ рафтанд. Ҳангоме, ки тобуташ бардошта шуд, мардумро ба ҳадде дар гиря дидам, ки ҳеҷ гоҳ чунин надида будам.
Суханоне, ки Ҳасан дар шаъну ситоиши Абуҳанифа (р) гуфт, чунин буданд: "Худованд туро мағфирату раҳмат кунад, сӣ сол инҷониб рӯзадор будӣ, ифтор накардӣ, чил сол буд, ки шабона сар дар болин нагузоштӣ...".
Маноқиби Маккӣ,ҷ.2, с. 176.
Имом (р) васият кард, ки ӯро дар замини "Ал-Ҳузайрон" дафн кунанд, зеро замини Бағдод ғасбӣ аст. Тобути Абуҳанифа (р) ба он ҷо бурда шуд ва дар ҷанозааш ҷамъи азиме, ки онро панҷоҳ ҳазор тахмин кардаанд, иштирок намуд ва шаш бор бар ӯ намози ҷаноза хонда шуд ва охиринашро фарзандаш Ҳаммод адо кард. Мансур (халифа) ҳозир шуда бар он намоз хонд. Мардуми зиёде аз гӯшаву канори дур ба поси хотири Имом (р) меомаданд ва дар муддати 20 рӯз бар қабри ӯ намоз мехонданд. Вақте ба Мансур хабари васияти Абуҳанифа (р)-ро ҷиҳати адами дафнаш дар Бағдод (иллати ғасбӣ будани замини он) расонданд ва гуфтанд, ки ӯро дар Ҳузайрон дафн кунанд, ӯ (Мансур) гуфт: "Эй Имом, кӣ аз ҷониби Шумо, узри маро (дар зиндагӣ ва баъд аз марг) мепазирад?!".
Масдари собиқ, ҷ. 2. С. 180
Имом Шафеъӣ гуфтааст: "Ман ба Абуҳанифа (р) табаррук металабам, ба назди қабраш ҳар рӯз ба қасди зиёрат ва табаррук меоям, агар барояш ҳоҷате пайдо шавад, ду ракаъат намоз хонда, назди қабри ӯ меравам ва аз Худо назди қабри ӯ ҳоҷатамро талаб мекунам, дере намегузарад, ҳоҷатам бароварда мешавад".
Аз "Маноқиби Маккӣ", ҷ. 2.с.199.
Ҳаммонӣ гуфтааст: "Аз падарам шунидам, ки мегуфт: "Дар хоб дидам, ки се ситора суқут кард. Баъди ин хоб Абуҳанифа (р) вафот кард. Сипас, Мисъар ва баъди ӯ Суфёни Саврӣ (раҳмати Худо бод бар эшон)". Ин хобро падарам ба Муҳаммад бинни Муқотил хабар дод. Ӯ бисёр гирист ва гуфт: "Уламо ситораҳои заминанд".
Аз "Масдари собиқ", ҷ.2. с.201.
Равҳ бини Убода гуфт, ки ман назди ибни Ҷурайҳ будам ва он соли 150 ҳиҷрӣ буд, ки хабари марги Абуҳанифа (р) расид. Ғамгин гашт ва гуфт: "Чӣ илме аз байн рафт!".
Вақте хабари марги Абуҳанифа (р) ба Шуъба расид, истирҷоъ хонд ва гуфт: "Нури илми Куфа хомӯш гашт ва инҳо (аҳли Куфа) мисли ӯро ҳаргиз намебинанд".
Аз "Ал-хайрот-ул ҳисон", с.. 71
Маккӣ бо санаде, ки он ба Худба бини Абдулваҳҳоб мерасад, ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: "Шақиқи Балхӣ (р) ба Балх омад ва дар маҷлиси ӯ ҳозир мешудем ва ӯ зикри Абуҳанифа (р) бисёр мегуфт. Ба ӯ гуфтем: "То кай ба Абуҳанифа (р) сано мегӯӣ?! Ба мо сухане бигӯ, ки аз он фоида бигирем. Шақиқ гуфт: "Ҳайҳот, ки шумо зикри маноқиби Абуҳанифа (р)-ро аз беҳтарин ибодат намедонед. Агар шумо ӯро медидед ва ҳамнишин мегаштед, чунин ҳарфҳоро намегуфтед".
Муваффақи Маккӣ.
Инчунин Маккӣ дар маноқиби худ дар санаде, ки Абдуллоҳ бини Муборак (р) мерасад, ривоят кардааст, ки ӯ (ибни Абдуллоҳ) гуфт: Ба Шом омадам ва хидмати Авзоъӣ дар Бейрут расидам. Ҳангоме ки ӯ маро дид, гуфт: "Эй хуросонӣ, ин мубтадиъе, ки дар Куфа баромада кунияти Абуҳанифа (р)-ро гирифтааст, кист?.
Ба хона баргаштам ва ба кутуби Абуҳанифа (р) рӯ овардам ва мисоли ҷиддиеро аз онҳо дар саҳифае рӯнавис кардам ва ӯро дар масҷиде, ки он ҷо муаззин ва имом буд, пайдо кардам. Саҳифа дар дастам буд, гуфт ин чӣ саҳифа аст? Саҳифаро ба ӯ додам, дар он навишта будам: "Нӯъмон бини Собит гуфт..." Назар кард, баъди азон дар ҳолати истода боқӣ монд ва садри онро қироат кард, сипас саҳифаро ба остинаш гузошт. Баъди адои намоз ба хондани масъала баргашт. Баъди шиносоӣ ба мазмуни масоил ба ман гуфт: Нӯъмон бини Собит кист? Гуфтам: Шахсест, ки ӯро дар Ироқ шинос шудам. Гуфт: Ин мард аз ҷумлаи машоихи бузург аст, наздаш бирав ва аз илмаш бештар бигир!
Гуфтам: Ин ҳамон Абуҳанифа (р) аст, ки маро аз ӯ манъ кардӣ!!".
Иқтибосоти ҳама аз китоби Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, "Зиндагӣ ва осори Имом Абуҳанифа", гирифта шуд, ки соли 2004 зери назари докторони илм М.Диноршоев, Иброҳим Усмонов ва Абдунабӣ Сатторзода нашр шудааст.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013
-
22.03.2026 15:28
381
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
370
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
495
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
04.05.2026 23:37
255
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
330
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
01.05.2026 02:37
389
22 июни 1941 – Рӯзе, ки ҷаҳон тағйир ёфт
-
15.03.2026 21:05
182
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
898
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
919
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
633
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1305
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2241
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
06.05.2026 14:15
191
«Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ иҷро мешавад!»
-
06.05.2026 14:14
194
“Мубориза бо коррупсия вусъат меёбад!”
-
05.05.2026 00:03
195
“Замин ба назорат ниёз дорад!”
-
19.03.2026 23:09
464
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
480
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
451
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
805
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1130
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1081
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2216
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2284
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3303
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
442
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1805
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1933
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
908
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1094
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1083
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
224
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1293
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1630
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4318
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4552
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4836
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































