“Назорати қонунгузориҳо дар самти энергетика!”
Дар давраи сипаригаштаи соли равон аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба энергетика 37 маротиба санҷиш гузаронида, дар асоси ин санљишҳо барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 398 амр дода, 43 пешниҳод ирсол намуда, бо санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 15 эътироз оварда, 123 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 1124 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 285 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 15 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Ҳамзамон, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 39470932 сомонӣ зарари қувваи барқ барқарор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки таъмини аҳолӣ бо неруи барқ яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар буда, дастрасии устувор бо қувваи барқ барои рушти иқтисодиёт, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва таъмин намудани фаъолияти устувори корхонаҳо аҳамияти калон дорад.
Дар ҳудуди вилоят бо мақсади истифодаи самараноки қувваи барқ ва хизматрасони ба аҳолӣ Филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқолӣ барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, Раёсатҳои Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва сохторҳои маҳаллии он фаъолият менамоянд.
Вазъи қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кулоб дар ин давра 385 милиону 442 ҳазор сомониро (аз ин 157милиону 933 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 40,97% ба аҳолӣ) ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 18 милиону 801 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 5 милиону 855 ҳазор сомонӣ ба дигар ташкилоту корхонаҳо рост меояд.
Яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани маблаѓи қарзи истифодаи қувваи барқ ин аз тарафи муштариён саривақт пардохт нашудани маблаѓи ҳаққи истифодаи он ва аз тарафи дигар бефаъолияти зоҳир намудани масъулини соҳа љиҳати руёнидани маблаѓи қарздорӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки кормандони баъзе аз Шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар даст ба ҷиноят мезананд.
Чунончӣ, Холов Р. дар вазифаи назоратчии Шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ кор карда, аз моҳи апрели соли 2025 то моҳи январи соли 2026 бо истифода аз ваколатҳои мансаби аз 65 муштариён маблағи 22553 сомониро ҷамъоварӣ карда, онро азонихуд ва ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати Холов Р. бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ба ҳамин монанд, назоратичии шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Баҳридинов Н., назоратчиёни шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ Юсупов С., Палвонов М., назоратчии шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритус Раҳматуллоев А., назоратчиёни шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон Раҳимзода Қ., Розиқов С. 110436 сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро аз муштариён ҷамъовари намуда, азонихуд намудаанд.
Бинобар ин, нисбати назоратчиёни мазкур бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Баъзе аз кормандони шабакаҳои барқ бо суистифода аз ваколати мансаби ба боварии муштариён даромада бо роҳи фиреб аз онҳо маблағҳои пули гирифтаанд.
Ятимов С. корманди шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар аз истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи У.Хайём, кӯчаи Гулистон Неъматов Ҳ. барои насб намудани ҳисобкунаки барқи бо роҳи фиреб ғайриқонунӣ маблағи 3300 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст.
Нисбати номбурда, бо моддаи 247 қисми 2 банди “в”КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Яке аз мушкилоти дигари соҳа ин аз тарафи шахсони масъули шабакаҳои барқ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо мақсади хуб нишон додани фаъолият бо роҳи таҳрифкорӣ барзиёд нишон додани миқдори барқи истифоданашуда дар зиммаи корхонаю муассисаҳо буда, ҳолати мазкур боиси зиёд гардидани маблағи қарздории қувваи барқ дар вилоят гардида истодааст.
Аз беназоратии масъулини шабакаҳои барқ истифода намуда, баъзе соҳибкорон ва шаҳрвандон ба ғайриқонунӣ истифода намудани қувваи барқ даст задаанд, ки ин ҳолат метавонад ба рушди соҳа ва таъмини аҳоли бо неруи барқ таъсири манфӣ расонад.
Чунончи, Гулов Д. дар ноҳияи Дустӣ, Ҷамоати шаҳраки Хурамдиёр, кӯчаи Ҷавонон корхонаи хурди коркарди пахта таъсис дода, бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда худсарона ба хаттӣ интиқоли барқ пайваст гардида, моҳҳои май-декабри соли 2025 ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ машғул шуда, ба шабакаҳои барқи ноҳия 99215 сомонӣ зарар расонидааст.
Ё ин, ки Раҳмонов Ҷ. дар ноҳияи Дустӣ, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул корхонаи коркарди пахта кушода, аз моҳи майи соли 2025 то моҳи январи соли 2026 худсарона ба хаттӣ интиқоли барқ пайваст гардида, ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ даст зада, ба шабакаҳои бақи ноҳияи Дустӣ маблағи 188455 сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати Гулов Д. ва Раҳмонов Ҷ. бо моддаи 253 иловаи 1 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бояд зикр кард, ки яке аз сабабҳои зиёд гардидани талафоти нерӯи барқ асосан дар фарсуда шудани ноқилҳои хатҳои интиқоли қувваи барқ буда, омили дигар, ин дар зеристгоҳҳои барқӣ муҳлати корношоямии трансформаторҳои қуввагӣ аз меъёри додашуда гузаштаанд, ки ҳангоми бе бор ё пурбор коркарданашон барзиёд шудани талафот оварда мерасонанд. Дигар омили зиёд гардидани талафот ин аз тарафи шахсони масъули шабакаҳои барқ бо роҳи таҳрифкорӣ барзиёд нишон додани миқдори барқи истифоданашуда дар зиммаи корхонаю муассисаҳо буда, ҳолати мазкур боиси зиёд гардидани маблағи қарздории барқ дар вилоят гардида истодааст.
Санҷиши гузаронидаи дастгоҳи прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян кард, ки масъулини шабакаҳои барқии ноҳияи мазкур солҳои 2023-2025 дар иљрои вазифаҳои хизматиашон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба мақсади хуб нишон додани фаъолият дидаю дониста қувваи барқи истифоданашударо ба суратҳисоби шахсии 19 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия дар ҳаҷми 5640652 кВт соат ба маблағи 1 мил 867 ҳаз 797 сомонӣ изофанависӣ намуда, санадҳои баръало таҳрифшударо ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Бохтар пешниҳод намудаанд.
Чунинчи, масъулини Шабакаҳои барқии ноҳияи Ҷ.Балхӣ ғайриқонунӣ симчубҳои равшандиҳандаи Ҷамоати деҳоти Золи-зари ноҳияи мазкурро, 30 ноябри соли 2023 санади баҳисобгирии барқӣ №0364257 ба миқдори 300 000 кВт. соат ба маблағи 91460 сомонӣ ҳамчун маълумотҳои таҳрифшуда тартиб дода, ба суратҳисоби шахсии (2060000077) Ҷамоати мазкур изофанависӣ намуда, дар маҳзани ягонаи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Бохтар ворид намудаанд.
Инчунин, масъулини шабакаҳои барқӣ ғайриқонунӣ дар суратҳисоби шахсии Ҷамоати деҳоти Ҷ.Балхӣ моҳи марти соли 2023 ва моҳҳои январ-марти соли 2024 дар ҳаҷми 160334 кВт. соат ба маблағи 54887.16 сомонӣ қувваи барқи истифоданашударо дар асоси маълумотҳои тасдиқшуда ба барномаи билингӣ ворид намудаанд.
Ба ҳамин монанд, дар асоси 10 санади баҳисобгирии истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби симчубҳои равшандиҳандаи Ҷамоатҳои деҳоти Маданият, Навобод, Гулистон, Балхӣ, Навбаҳор ва варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ, маълумоти таҳрифшударо дар ҳаҷми 3 130 00 кВт. соат неруи барқ ба маблағи 969 324 сомонӣ беасос дар суратҳисобҳои шахсии ташкилоту муассисаҳои зикршуда ворид карда шудааст.
Ё ин, ки солҳои 2023-2025 дар 54 ҳолат 2 510 652 кВт. соат неруи барқ ба маблағи 898473 сомонӣ ба суратҳисоби Ҷамоатҳои деҳоти Золи-зар, Хелевард, Маданият, Навобод, Гулистон, Балхӣ, Навбаҳор, беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаҳои №4 ва №1, Маркази саломатӣ, варзишгоҳи марказӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №66, 23, 34 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо роҳи таҳрифкорӣ дар барномаи билингӣ нишон дода шудааст.
Ғайр аз ин, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки масъулини шабакаҳои барқии А.Ҷомӣ дар давоми солҳои 2021-2025 аз рӯи манфиатдории шахсию идоравӣ ва бо мақсади пинҳон кардани талафоти аз меъёр зиёди техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ ба воситаи барномаи биллингӣ, ки дар системаи компютерӣ ва маҳзани мошинаҳо нигоҳ дошта мешавад маълумотҳои баръало бардуруғро бо роҳи таҳрифкорӣ дар 67 ҳолат неруи барқи истифоданашударо ғайриқонунӣ ба суратҳисобҳои шахсии 37 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Якка-тут, беморхонаи марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур дар ҳаҷми 1 234 846 кВт.соат ба маблағи 384 300 сомонӣ ворид намуда, беасос қарздор намудаанд.
Ба ҳамин монанд, дар соли 2023 масъулини шабакаҳои ноҳияи А.Ҷомӣ бо мақсади беҳтар нишон додани фаъолияти корӣ ва пинҳон намудани талафоти аз меъёр зиёди техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ бо роҳи сохтакорона 16 санадҳои баҳисобгирии барқ дар ҳаҷми 1 421 874 кВт.соат барқи истифоданашударо ба маблағи 433 480 сомонӣ тартиб дода, бо воситаи барномаи билингӣ ба суратҳисоби шахсии беморхонаи марказии ноҳия, Ҷамоати деҳоти Якка-тут, 13 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ворид намуда, беасос идораю муассисаҳои буҷетии ноҳияи А.Ҷомиро аз ҳисоби қувваи барқ қарздор намудаанд.
Ҳамин тариқ, масъулини шабакаҳои барқии ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ дар давоми солҳои 2021-2025 дар ҳаҷми 8 297372 кВт. соат ба маблағи 2 мил 685 ҳаз 577 сомонӣ бо роҳи сохтакорӣ намудани сандаҳо ва барномаҳои билингӣ ғайриқонунӣ неруи барқи истифоданашударо ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ворид намуда, беасос қарздор намудаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои болозикршуда, мазкур нисбати шахсони масъулини “Шабакаҳои барқ”-и ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва Ҷ.Балхӣ бо моддаи 299 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони прокуратура дар муассисаҳои шабакаҳои барқии вилоят ва дар байни аҳолӣ моҳияти қонунҳо, аз чумла конунгузориҳо дар самти энергетика фаҳмонида дода шуда, тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) низ корҳои фаҳмондадиҳӣ анљом дода шудаанд.Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандони соҳаи барқ имконият медиҳад,ки қонуншиканиҳо дар ин соҳаи муҳими хољагии халқи мамлакат камтар гардад.
Кор дар ин самти назорати прокурорӣ дар оянда низ вусъати бештараре пайдо хоҳад кард.
Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумиипрокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараљаи 1
















