10:00:11 13-уми Майи 2026 сол

“Ҳамагӣ бояд масъул бошем!”

Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри дар амал иҷро гаштани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” пайваста санҷишҳо гузаронида, чораҳои зарурии прокурориро меандешад.

2 masuliyati modar 88754451245Дар давраи сипаригаштаи соли 2026 , барои дар амал иҷро накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон ва омӯзгорон дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо нисбати 265 нафар, аз тарафи шуъбаи огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати 1486 нафар, дар маҷмӯъ нисбати 1751 нафар падару модар ва омӯзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.

Чунончӣ, Қурбонова Дилафруз Сатторовна дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Мӯъминобод ба ҳайси омӯзгори фанни зоология кор ва фаъолият намуда, 17 декабри соли 2025 дар раванди таълиму тарбия нисбат ба хонандаи синфи 7“б”-и муассиси мазкур Шарифова Мавҷигул Муҳамадовна, таваллудаш 11.03.2012 сол зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода бурда, бо мушташ якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст, ки тибқи санади судию тиббӣ ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида шудааст.

Ба ҳамин монанд, Набизода Сайёра Натулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи Восеъ ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият намуда, 19.01.2026 сол дар раванди таълиму тарбия нисбат ба хонандаи синфи 5 “б”-и муассисаи мазкур Холзода Аминҷон Диловар, таваллудаш 25.04.2014 сол зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода бурда, бо мушташ якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст, ки тибқи санади судию тиббӣ ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида шудааст.

Оид ба ҳолатҳо мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати Қурбонова Д.С. ва Набизода С.Н. бо моддаи 90 қисми 3-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Ё ин ки Эмомов Эҳсон Табарович, таваллудаш 9 октябри соли 1981, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Қиёт хилофи қонунгузорӣ амал намуда, аз беназоратии ӯ фарзанди ноболиғаш Эмомов Хушнуд Эҳсонович, таваллудаш 1 декабри соли 2015, хонандаи синфи 4-и МТМУ №4-и ноҳияи Қубодиён дар вақти баргузории дарс оромии дигаронро халалдор намуда, нисбати ноболиғ Мардонов Ҳоким зуроварӣ истифода намуда, охиринро бо санг задааст.

Оид ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи ноҳияи Қубодиён нисбати Эмомов Э.Т. бо моддаи 90 қисми 3-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Қубодиён ирсол карда шуд.

Вобаста ба қарорҳои ғайриқонунии судҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуатураи вилоят 14 адад эътирози назоратӣ оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо қонеъ гардидаанд.

Новобаста аз он, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба манъ будани ҷалби ноболиғон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути васоити ахбори омма мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад ҳам, вале баъзе падару модарон дидаю дониста фарзандони ноболиғи худро ба назди шахсони алоҳида, ки ҳуқуқи додани таълимоти диниро надоранд мегузоранд.

Оид ба ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 87 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, нисбати 82 нафар бо моддаи 4742 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои додани таълимоти динӣ) ва нисбати 5 нафар бо моддаи 4742 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои гирифтани таълимоти динӣ) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудаанд.

Новобаста аз чораҳои андешида то инҷониб аз тарафи бархе аз падару модарон монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷой дошта, аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Чунончӣ, Маҳмадиев Расул Таварович,таваллудаш 30 июли соли 1985, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Лағмон бархилофи талаботи моддаҳои 15 қисми 1-3 ва 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак” ва моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумии фарзандонаш Маҳмадиев Додихудо Расулович, таваллудаш 2 июли соли 2009, ки бояд дар синфи 11 “а ”, Маҳмадиева Руқия Расуловна, таваллудаш 18 марти соли 2010 дар синфи 9 “а”, Маҳмадиева Фотима Расуловна, таваллудаш 20 майи соли 2012 дар синфи 7 “а”, Маҳмадиева Оминамо Расуловна, таваллудаш 11 декабри соли 2013 дар синфи 6 “а”, Маҳмадиева Оишамо Расуловна, таваллудаш 19 октяюри соли 2015 дар синфи 4 ва Маҳмадиев Абдураҳмон Расулович, таваллудаш 20 марти соли 2017 бояд дар синфи 2 таҳсил мекарданд ва дар таъминот ва тарбияи ӯ қарор доранд, монеъ шудааст, ки дар натиҷа номбурдагон аз моҳи сентябри соли 2025 барои солҳои хониши 2025-2026 бе сабабҳои узрнок ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.

Вобаста ба ин ҳолат 26 феврали соли 2026 аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати Маҳмадиев Р.Т. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ё ин ки Алихонов Зафарҷон Ёлғашов,санаи таваллудаш 27 марти соли 1983, сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Фахробод, деҳаи Ваҳдат хилофи талаботҳои қонунгузорӣ амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосии фарзадони нобилағаш Алимхонов Убайдулло Зафарҷонович, таваллудаш 14 сентябри соли 2009, Алимхонова Марям Зафарҷоновна, таваллудаш 17 марти соли 2014 ва Алимхонова Хадича Зафарҷоновна, таваллудаш 2 феврали соли 2015 монеъ шуда, нагузоштааст, ки фарзандони ноболиғаш дар муассисаҳои таълимӣ таҳсилашонро идома диҳанд, ки дар натиҷа ноболиғон аз гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумӣ дур мондаанд.

Оид ба ҳолати мазкур 29 январи соли 2026 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Хуросон нисбати Алимхонов З.Ё. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешкакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.Ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзандон уҳдадории падару модар буда, ин меъёри қонун, қабл аз ҳама баҳри ҳифзи саломатии насли наврас, инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии онҳо равона гардидааст.

Мутаассифона, таҳлилҳо нишон дод, ки дар миқёси вилоят ҳолати ба шавҳар додани духтари ноболиғ аз ҷониби падару модар ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст ҷой дошта, аз натиҷаи санҷиш нисбати 3 нафар падару модарон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 168, 169 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Чунончӣ, Муҳиддинова Фаризат Ахридиновна, таваллудаш 22 марти соли 1989, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Гулистон бархилофи талаботи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни никоҳиро аз 18 солагӣ муқаррар кардааст амал намуда, дидаю дониста духтари ноболиғаш Мухиддинова Фарзона Бегиҷоновнаро таваллудаш 26 октябри соли 2007, ҳанӯз 17 солаву 9 моҳа буда, ба синни никоҳӣ нарасидааст, 13 июли соли 2025 ба шаҳрванд Шодрӯзи Сироҷиддин, таваллудаш 17 декабри соли 2002 тариқи расму оинҳои динӣ ба шавҳар додааст.

Оид ба ин ҳолат 12 январи соли 2026 аз тарафи макомоти прокуратура нисбати Муҳиддинова Ф.А. бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар ин давра вобаста ба риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкор гардида аз тарафи шуъба ва прокурорини шаҳру ноҳияҳои вилоят унвонии роҳбарони мақомотҳои дахлдор 140 (118) амр, 30 (30) эътироз, 73 (63) пешниҳод оварда шуда, 153 (145) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 50 (50) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 265 (361) нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 48 (45) нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин аз тарафи кормандони прокуратура вобаста ба фаҳомнидани моҳияти қонунгузориҳо дар самти ноболиғону ҷавонон низ вохӯриҳои зиёде байни волидайн, масъулини соҳаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо анҷом дода шудааст.

Ҳамагӣ бояд дар роҳи таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, ки ояндаи миллатанд тавъаманд масъул бошем.

Муллобоев Фаридун, Прокурори шуъбаи назорати иҷроиқонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураивилояти Хатлон,ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ