12:57:10 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҶЛИЛИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ДАР КӮЛОБ

Дар қароргоҳи шохаи дар Кӯлоб будаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон семинари илмӣ бахшида ба ҳаёти паёмбари Худо Муҳаммад (с) ҷиҳати гиромидошти мавлуди муаллими башар баргузор гардид.

2222Дар ҷамъомад ба ҷуз масъулини ҲНИТ дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб узви раёсати дафтари марказии ҳизб, масъули бахши барномарезии ҳизб Саид Иброҳими Назар ва раиси академияи ин ҳизб Аёмиддин Сатторов ширкат доштанд.

Саид Иброҳими Назар дар баромади худ аз ҷумла қайд кард, ки барои мо мусалмонон сараввал  муҳим он аст, ки паёмбар Муҳаммад (а) кадом гуфтаҳои Худоро барои башарият пешкаш кард. Танҳо баъди ин гуфтаҳои худи ӯ ки ҳадис гаштаанд, муҳим аст. Имрӯзҳо душманони дин кушиш мекунанд, то собит созанд, ки Қуръон маҳсули тафаккури паёмбар аст. Мегӯянд паёмбар бисёр донишманд буда, ки чунин китоберо навиштааст. Чунин суханонро баъзе аз муслимин шунида гумон мекунанд суханони некеанд унвонии паёмбар. Дар асл бошад ин амал теша ба решаи ислом задан аст.

mavludҶаноби Аёмиддин Сатторов бошад дар баромади худ таҳти унвони «Паёмбар намунаи нек аст барои башарият» махсусан қайд кард, ки на ҳамаи онҳое, ки ба масҷид мераванд мусалмонанд. Масҷид рафтан муҳим нест, балки имон доштан муҳим аст. Бисёр дидаем, ки сарварони абарқудратоне чун Амрико ва Руссия ба масҷид мераванд, вале баъди ин Ироқ ё Афғонистон барин мамолики исломиро бомбборон мекунанд. Худованд ба ҳар кас мувофиқи тоқаташ ибодат фармудааст.

Бояд гуфт тай ду соли ахир бахшида ба мавлуди паёмбар ин аввалин ҷамъомади бошукуҳ маҳсуб мешавад. То ду соли қабл ин гуна чорабиниҳои аҳамияти динӣ дошта бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегаштанд. Аммо тайи бештар аз як соли ахир садои бонги азон ҳатто аз масоҷиди ҷомеъ низ хело кам ва бо садои паст ба гӯш мерасад. Рӯзҳои ҷумъа бошад масъулини мақомоти қудратии кишвар дар баробари нигаҳдоштани тартибот монеи дохил шудани мактаббачагон ба масоҷид мешаванд. Он ҳам ба хотири дарсшиканӣ накардани мактаббачагон. 

Аҳмади Мӯсавӣ, Кӯлоб, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 24.03.2011 18:02
salom hamvatanoni aziz mo ham az shunidani in tajlile ki az Payombari KHudo(s) giriftand khushhol shudem faqat yak chizro dar sukhanoni janobi Аёмиддин Сатторов bud baroi man loi suol shud va on inki bahsi raftan ba masjidro muhem nadonistand va farmudand ki boyad shakhs bo imon boshad. magar na in ast ki masjid khonai KHudo joi komil kardani imon ast masjid raftan va KHudoro ibodat kardan az sunnathoi Payombar (s) ast. inki az misli abarqudrathoi Amrikovu Rasiya misol ovardand chi rabte bo raftani yak musalmon ba masjid dorad hadafi inho ravshan ast.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi