ШАХСИЯТИ ИМОМ БУХОРӢ
Абӯадуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардзбеҳи Ҷуъфӣ маъруф ба Имом Бухорӣ пас аз намози ҷумъа дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Бухоро таваллуд ёфтааст. Чорумин бобои Имом Бухорӣ аз шаҷараи падариаш Бардзбеҳ марде форснажод ва пайрави дини аҷдодиаш будааст. Писараш Муғира бар дасти Ямони Ҷуъфӣ мусулмон шудааст. Аз онҷо, ки бо вай дӯстӣ дошт ва бо даъвати ӯ мусулмониро пазируфта буд, ба номаш нисбати Ҷуъфӣ доданд.
Падари Имом Бухорӣ Исмоил ном дошт ва пеш аз ҷон супурданаш гуфт, ки дар молаш ҳеч ҳаромиву шубҳаеро намедонад. Вақте, ки Исмоил аз ҷаҳон рахти сафар мебандад, писараш Муҳаммад ҳанӯз хурдсол буд. Ба ҳамин минвол Муҳаммади хурдсол аз меҳрубониҳои падари бузурвораш маҳрум монд ва дар канори модари азизаш парвариш ёфт. Пас аз он, ки бузуртар шуд ҳамроҳи модару бародари калонаш Аҳмад озими Маккаи мукаррама шуда, ҳаҷҷи фарзиро ба ҷой оварданд. Сипас Маккаро барои истиқомат ихтиёр карданду Муҳаммад дар талаби илм гашт.
Ал-Лоликоӣ муаллифи китоби машҳури «Шарҳи суннат» дар боби «Каромоти авлиё» дар бораи Имом Бухорӣ навиштааст, ки Муҳаммад ибни Исмоил дар хурдсолӣ биноии худро аз даст дода буд ва модараш ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳро дар хоб мебинад, Ки ба ӯ мегӯяд: Ай модари Муҳаммад, ба сабаби дуоҳои зиёди ту Аллоҳ таоло биноии чашмони писаратро баргардонд. Модар аз хоб бедор мешавад ва мебинад, ки писараш Муҳаммад бино шудааст.
Донишманди ҳамасри Имом Бухорӣ Муҳаммад ибни Абӯҳотам Варроқи Бухороӣ мегӯяд: Имом Бухориро шунидам, ки мегуфт: Вақте ки дар дабистон (мадрасаи хурдсолон) мехондам бароям ҳифзи аҳодис осон шуд. Гуфтам: Он ҳангом чандсола будӣ? Гуфт: Даҳсола ё камтар аз он. Вақте шонздаҳсола шудам китобҳои Ибни Мубораква Вукайъро аз ёд кардам ва каломи аҳли раъйро фаро гирифтам. Чун ҳаждаҳсола шудам китоби «Қазоёи саҳоба ва тобеин»-ро тасниф кардам. Сипас китоби «Таърих»-ро дар назди қабри расули Худо (с) дар Мадина дар шабҳои маҳтобӣ навиштам. Боз гуфт: Дар таърих кам номест, ки дар бораи он қиссае бидонам, вале маро хушоянд нест ки китобро дароз кунам.
Хотираи бемисоли Имом БухорӢ
Ҳошид ибни Исмоил мегӯяд: Имом Бухорӣ ҳамроҳи мо назди машоихи Басра мерафт ва ӯ наврас буду наменавишт. Ба ҳамин минвол рӯзгоре сипарӣ гашт ва пас аз шонздаҳ рӯз ҷамъ шудему гуфт: Шумо аз ман зиёд донистед ва барои ҳамин навиштахотонро ба ман нишон диҳед. Барояш пеш овардем. Беш аз понздаҳ ҳазор ҳадисро аз ёд гуфт то он ки навиштахоямонро аз аз ҳифзи ӯ ҳукм мекардем.
Муҳаммад ибни Азҳари Сиҷистонӣ донишманди дигар аз ҳамасрони Имом мегӯяд: Дар маҷлиси Сулаймон ибни Ҳарб будем ва Бухорӣ Моро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ гӯш мекарду наменавишт. Якеро пурсиданд, ки чаро ӯ наменависад? Гуфт ӯ ба Бухоро баргашта, онро аз ёд менависад. Имом Бухорӣ гуфтааст: Ман ҳаргиз ҳеч хариду фурӯше накардаам. Инсонеро мефармудам ва барои манн мехарид. Ба ӯ гуфта шуд: Барои чӣ ингуна мекардӣ? Гуфт: Ба хотире, ки дар он бешу каму омехта ҳаст.
Дуоҳои Имом БухорӢ
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Саёрифӣ мегӯяд: Имом Бухориро шунидам, ки мегуфт: Ду аз Худо хостам ва дуоям дар ҳол мустаҷоб шуд. Дигар дуо нахоҳам кард, шояд он ҳасанотамро кам кунад. Дигар гуфт, ки маро дар қиёмат ҳеч хасме намебошад. Гуфтам: Агар касе аз мардум ба таърих туро айб бигирад, ки дар он бархе нестанд. Имом Бухорӣ гуфт: Мо онро ривоят кардем ва аз пеши худ нагуфтем. Паёмбар (с) гуфтааст: «Чи бад аст бародари қабила». Ва фармуд: Аз гоҳе, ки ҳаром будани ғайбатро донистам ҳеч гоҳ касеро ғайбат накардаам. Умедворм, ки ба мулоқоти худо мерасаму маро бо ғайбати кассе муҳосаба намекунад.
Дар шаби аввали моҳи шарифи Рамазон дӯстони Имом Бухорӣ дар гирдаш ҷамъ мешуданду ҳамроҳи онҳо намоз мегузошт ва дар ҳар ракаате 20 оят мехонд ва ҳамин амалро идома медод то Қуръонро хатм мекард. Дар саҳарӣ аз ним то сеяк ҳиссаи Қуръонро мехонд ва ҳар саҳари сеюм Қуръонро хатм менамуд. Ҳар рӯзи ҷумъа як хатми Қуръон мекард ва хатми ӯ ҳар шаб ба ҳангоми ифтор буд. Пас аз ҳар хатме дуое мустаҷоб мекард. Ҳар шабе пеш аз дамидани субҳ 13 ракаат намоз мегузошту якеро витр (тоқ) адо мекард. Чизе аз мӯйи паёмбар (с) бо худ дошт ва онро дар пӯшокаш ҳамроҳ медошт.
Шоирии Имом БухорӢ
Имом Бухорӣ шеър ҳам мегуфт. Байти зер аз ашъори ӯст:
Иғтаним филфароғи фазла рукуъ,
Фаъасо ан якуна мавтука бағта.
Кам саҳиҳин раайта мин ғайри суқм,
Заҳабат нафсуҳуссаҳиҳату фалта.
Тарҷума: Дар вақти фароғат фазилати рукӯъро ғанимат дон, ки шояд марги ту ногаҳон бошад. Чи басо каси бедард дидӣ, ки ҷони саломаташ ногаҳонӣ бирафт. Қутайба ибни Саид гуфт: Бо фақеҳону зоҳидону обидон ҳамнишин шудам, аммо аз хангоме, ки худро шинохтам касеро монанди Муҳаммад ибни Исмоил надидам ва ӯ дар замони худ мисли Умар дар байни саҳобагон буд. Қутайба ҳамчунин гуфтааст: Агар Муҳаммад ибни Исмоил дар миёни саҳобагон мебуд, ояте мешуд.
БухорӢ - фақеҳи уммат
Биндор Муҳаммад ибни Ҳамоди Хузоӣ гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил фақеҳи ин уммат аст. Раҷо ибни Раҷо ал-Ҳофиз гуфт: Бартарии Муҳаммад ибни Исмоил бар уламо монанди бартарии мардон бар занон аст. Ҳам ӯ гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил ояте аз оёти Худост, ки бар рӯйи Замин роҳ меравад. Ҳусайн ибни Ҳарис гуфт: Намедонам касеро монанди Муҳаммад ибни Исмоил дида бошам. ӯ гӯиё танҳо барои ҳадис офарида шуда шудааст.
Абулфазл Аҳмад ибни Саламаи Нишопурӣ мегӯяд: Фатҳ ибни Нӯҳи Нишопурӣ ба ман нақл када гуфт: Назди Алӣ ибни Мадинӣ рафтаму Муҳаммад ибни Исмоилро дар паҳлӯяш аз тарафи рост нишаста дидам. Вақте, ки сухан мегуфт ба хотири бузурдошти вай рӯяшро ба ӯ (Муҳаммад ибни Исмоил) мегардонд. Имом Бухорӣ мегӯяд: Худамро ба ҷуз дар назди Алӣ ибни Мадинӣ сағир нашумудаам. Сипас ин сухани Алӣ ибни Мадиниро зикр карда гуфт: Қавли ӯро бигзор, ӯ мисли худашро надид.
Фавти Имом БухорӢ марги илм буд
Яҳё ибни Ҷаъфари Пайкандӣ нақл мекунад, ки агар аз умри хеш бар умри Муҳаммад ибни Исмоил афзудн метавонистам, ҳамин корро мекардам. Марги манн марги як мард хоҳад буд, аммо дар марги Муҳаммад ибни Исмоил рафтани илм аст. Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Дорумӣ дар бораи Имом Бухорӣ мегӯяд:
Дар Маккаву Мадинаву Ҳиҷозу Шому Ироқ донишмандонро дидам, вале ҷомеътар (донишмандтар) аз Муҳаммад ибни Исмоил надидам. Ӯ боз гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил басиртар аз манн аст. Ӯ дақиқтарини офаридаҳои Худост. Ақле аз Аллоҳ аст, ки ба он амр шуда наҳйӣ аз он аз китоби ӯ ва бар забони паёмбари ӯст. Вақте ки Муҳаммад ибни Исмоил Қуръон хонад, дилу дидаву гӯши ӯ машғул мешавад ва дар амсоли ӯ тафаккур мекунаду ҳалолашро аз ҳаром фарқ мегузорад. Абӯттайиб Ҳотим ибни Мансур гуфт: Муҳаммад ибни Исмоил ояте аз оёти Худо дар басирату осоние дар илми ӯст.
Донотарин марди хуросонӢ
Солиҳ ибни Ҷузра мегӯяд: Ҳеч хуросониеро бофаҳмтар аз Муҳаммад ибни Исмоил надидаам. Ӯ миёни хуросониҳо аз ҳама бештар ҳадис ҳифз карда буд. Дар Бағдод аз ӯ ҳадисҳоро имло мекардам ва дар ҳузури маҷлис наздик ба 20 ҳазор гуфт. Имомулаимма Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма гуфтааст: Дар зери осмон дар ҳадис донотар аз Муҳаммад ибни Исмоил надидаам.
Абуламрӯ Хаффоф мегӯяд: Муҳаммад ибни Исмоил, ки донотар олими парҳезкортар аз ӯ надидаам ба мо ҳадис гуфт ва ӯ аз Аҳмаду Исҳоқу ғайри онҳо ба бист дараҷа донотар буд. Агар кассе дар ҳаққи ӯ чизе (бад) бигӯяд, аз ман бар он гӯянда ҳазор лаънат бод. Ӯ боз мегӯяд, ки агар дар ҳоли сухан гуфтанам Муҳаммад ибни Исмоил аз дар медаромад, маро хавф фаро мегирифт.
«Рисолат»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3993-2010-12-27-06-17-13.html
-
08.05.2025 15:28
185
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
130
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
163
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
217
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
341
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
197
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
18.05.2025 13:37
98
Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Aлабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон
-
14.05.2025 23:45
137
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
-
14.05.2025 23:38
92
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
14.10.2024 18:41
737
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1434
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3125
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
294
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
420
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
713
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
293
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
531
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
648
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
234
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
250
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
260
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
471
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
758
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1558
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
371
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
359
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1554
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1876
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2070
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2764
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
281
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
249
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
705
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2772
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3212
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3201
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
416
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
476
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
415
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?