БАҲОИ КОМИССИЮНИ ИМА БА ВАЗЪИ ОЗОДИИ ДИН ДАР ТОҶИКИСТОН
Комиссиюни байнулмилалии озодии дини ИМА Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид кардааст, ки ҳукуматҳои онҳо дар нақзи шадиди озодиҳои диниву мазҳабӣ даст доранд ва бояд мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор бигиранд.
Дар баробари Тоҷикистон ба ин рӯйхат ҳамчунин Куба, Афғонистон, Белорус, Лаос, Русия, Сомалӣ ва як қатор кишварҳои дигар ворид шудаанд. Ин комиссиюн дар гузориши солонаи худ навиштааст, тайи солҳои ахир вазъи озодии дин дар Тоҷикистон ба таври назаррас бад шудааст. Гарчанде тибқи сарқонуни Тоҷикистон, ин кишвар дунявист ва озодии дин ва эътиқодро эътироф мекунад, вале қонунҳо ва сиёсати давлати Тоҷикистон дар ин самт маҳдудиятҳои бузург эҷод менамояд.
Маҳдудиятҳои Қонуни нави дин
Қонуни нави дини Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2009 аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, дар ин гузориш қонуни дорои «маҳдудиятҳои шадид» унвон шудааст. Муаллифони гузориш авлавият додан ба мазҳаби ҳанафия, сабти масоҷид аз рӯи шумори сокинони маҳалл, дахолати давлат ба ҳангоми интихоби имомхатибҳо, иҷозаи намозгузорӣ танҳо дар масҷид, ҷои зист ва қабристонро аз бандҳои мушкилзои ин қонун номидаанд.
Комиссиюни озодии дини Амрико менависад, «собиқ муфтии кулли Тоҷикистон Акбар Тӯраҷонзода қонуни нави динро маҳкум кард ва як тарҳи нисбатан либералии қонун дар бораи динро пешниҳод намуд. Вале ба дунболи ин изҳорот ӯро аз воситаи нақлиёти хидматияш маҳрум кардаанд».
Басташавии масоҷид
Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон давоми соли гузашта бисёре аз масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои сабтином нашударо бастааст, дар ҳоле ки дубора ба кушода шудани онҳо иҷозат медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон танҳо як масҷиди ҷомеъро барои гузоштани намози ҷумъа бар сари ҳар 15 ҳазор аҳолӣ иҷозат медиҳад.
Комиссиюн ҳамчунин аз он нигаронӣ кардааст, ки намояндагони давлат, аз ҷумла аъзои Кумитаи амният масҷидҳоро дар саросари Тоҷикистон назорат мекунанд. Ашхоси расмӣ ҷашнҳои арусӣ ва маросимҳои дафнро низ тибқи қонун дар бораи танзими расму оинҳо таҳти назорат қарор додаанд.
Фишор ба ҳиҷобпӮшҳо
Дар гузориш мавзӯи манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон матраҳ шудааст. Муаллифон менависанд, дар ин кишвар муҳассилин ва омӯзгорони ҷинси зан барои пӯшидани ҳиҷоб мавриди таъқиб қарор мегиранд. Мақомот ба занон барои ошкоро пӯшидани абзори сари ғайрианъанавӣ монеъ мешаванд.Ягона муассисаи олии таҳсилоти динии ин кишвар - Донишгоҳи исломӣ, ки қаблан мустақил буд, давлатӣ шудааст ва ҳукумат онро зери идораи Вазорати маориф қарор додааст.
Таъқиби салафиҳо
Дар оғози соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фирқаи Салафия ва адабиёти салафиро дар кишвар манъ кард. Комиссиюни амрикоӣ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки ягон нафар мусалмони салафӣ дар Тоҷикистон ба содир кардани кирдори ҷиноӣ муттаҳам дониста нашудааст ва мақомот танҳо тахмин мезананд, ки салафиён метавонанд дар оянда зиёновар шаванд. Ҳамзамон ҳукумат манъи чопи мавод бо хатти арабӣ дар нашриётҳои давлатиро лағв кардааст, аммо танҳо ба маводҳое иҷозаи нашр дода мешавад, ки масъулони давлатӣ онро таҳдидкунанда наҳисобанд.
Вазъи ақаллиятҳои мазҳабӢ
Комиссиюни озодии дин бо ишора ба манъи равияи Шоҳидони Яҳво ва баҳси калисои Грейс Сунмин, соли гузаштаро барои ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон соли фишорҳо муаррифӣ кардааст. Вазорати фарҳанги ин кишвар адабиёти мазҳабии созмонҳоеро, ки ғайримақбул меҳисобад, манъ мекунад. Аз ҷумла соли гузашта мақомоти Тоҷикистон иҷозаи вуруди як маҷмӯъ китобҳои созмони баптистиро рад карда буданд.
Дар гузориш аз он изҳори ташвиш шудааст, ки дар соли 2008 ягона каниса дар шаҳри Душанбе бо булдозер тахриб шуд. Аҳли ин каниса ва дигар муасисаҳои динӣ барои тахриби биноҳо ҷуброн нагирифтаанд. Комиссиюни байнулмилалии озодии дини ИМА як ниҳоди мустақили таҳқиқотист, ки ҳарсола дар мавриди вазъи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон пажӯҳиш анҷом дода, гузориш омода мекунад.
Гузоришҳои ин комиссиюн ҳамроҳ бо тавсияҳо ба раисиҷумҳури Амрико, вазири умури хориҷӣ ва Конгресси ин кишвар ироа мешавад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2227-2010-04-30-09-33-38.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































