ШОРЕҲИ МАШҲУРИ АМРИКОӢ АЗ РОҒУН ҲИМОЯТ КАРД
Яке аз машҳуртарин шореҳони иқтисодии Амрико нерӯгоҳи Роғунро яке аз чораҳои муҳими ҷанги зидди терроризм номид.
Шореҳи рӯзномаи Wall Street Journal ва коршиноси меҳмон дар барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News, Ҳиларӣ Креймер, мегӯяд, тарҳи Роғун “калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақа (Осиёи Марказӣ - идора) ва мояи ҳаётан муҳими манфиатҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ҷанги зидди террор аст.” Вай меафзояд, ин калид дар дасти Тоҷикистон аст, ки талош дорад, барои наҷот аз бӯҳрони энержӣ нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бунёд намояд.
Дар матлабе дар маҷаллаи “Forbes”, Ҳиларӣ Креймер ояндаи вазъ дар Афғонистонро пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО осебпазир шумурда, ягона роҳи пешгирӣ аз бозгашти Толибонро ба рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби сармоягузорию соҳибкорӣ дар ин кишвар марбут донистааст. Бе пешрафти густардаи иқтисодии Афғонистон, ба ақидаи муаллиф, на танҳо ин кишвар, балки тамоми минтақа дар баробари гурӯҳҳои тундрав, ки бо даромади азими маводи мухаддир ва “кӯмакҳои хориҷӣ”-и исломгароёни Саудиву Покистон то рафт қавитар мешаванд, осебпазир боқӣ хоҳад монд.
Аммо, меафзояд ӯ, чунин рушди васеи иқтисодӣ бидуни манбаъҳои амн, арзон ва дарозмуддати энержӣ номумкин аст. “Аз хурдтарин бизнеси оилавӣ гирифта то корпоратсияҳои байнулмилалӣ ва тарҳҳои зербиноӣ, ҳамагӣ, чӣ таҷҳизоти истеҳсолкунанда, компютерҳо, дастгоҳҳои касса ва ҷиҳози бешумор ба нерӯи барқ ниёз доранд, ки мисли хун дар бадани иқтисоди солим аст.”
Ҳиларӣ Креймер, муаллифи китоби машҳури “Пеш аз чархиш” дар бораи энержии тоза ва саноати экологӣ, мегӯяд, нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон метавонад, дили ин иқтисоди пешрафтаи Осиёи Марказӣ бошад. “Бо иртифои 335 метр ин баландтарин сарбанди ҷаҳон хоҳад буд ва бо хатми сохтмони нерӯгоҳ он хоҳад тавонист, на танҳо Тоҷикистони ташнаи барқ, балки ҳамчунин минтақаҳои шимоли Афғонистону Покистон, маҳалҳое аз Қирғизистону Узбакистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин кунад.”
Ба ақидаи Креймер, он сарони давлатҳои минтақа, ки ин ояндаро ба таври рӯшан мебинанд ва дарк мекунанд, ҳимояти худро аз тарҳи Роғун ба ин ё он шакл баён доштаанд. Дар соли 2007 Бонки Рушди Осиё созишномаи CASAREM (Central Asia-South Asia Regional Electricity Market) ё бозори минтақаии барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро сарпарастӣ кард.
Ин санадро ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон имзо кардаанд ва он экспорти 1300 мегаватт барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад. Ин заминаи ҳуқуқӣ ва зербинои он имкон медиҳад, ки нерӯи барқ аз Роғун ба миллионҳо манзил ва корхона дар саросари минтақа расад ва барои онҳо имкониятҳои иқтисодӣ офарида, шароити бақои ҳукуматҳои мӯътадил ва рӯбағарби Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фароҳам орад.
Таҳлилгари саршиноси амрикоӣ дар матлаби худ нишон додааст, ки аз мухолифати Узбакистон ба тарҳи Роғун низ ба хубӣ огоҳ аст. Вай менависад: “Бино бар азамати обанбори оянда Узбакистон шиддатеро дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ба вуҷуд овардааст. Нигаронии он бештар аз таъсири эҳтимолии тарҳ ба маҷрои рӯди Вахш ва обёрии киштзорони пахта маншаъ гирифтааст. Аммо ба масъалаи таъмини маҷрои зарурӣ барои саноати пунбапарварии Узбакистон ҳанӯз ҳангоми тарҳрезӣ ва лоиҳакашӣ, ки дар давраи пойбандии бештари Узбакистон ба пахта иттифоқ афтодааст, диққати қобили мулоҳиза дода шудааст. Ҳақиқаташ ин аст, ки тарҳи обанбори Роғун таъмини устувори ҳамаи минтақаҳои поёнобро дар назар гирифтааст.”
Муаллиф ин фактро меорад, ки қарор аст, ҳамчунин миқдори муҳими об аз обанбори оянда ба воситаи нақби 70-километрӣ ва тамоман бидуни гузаштан аз сохтори нерӯгоҳ ба дарё ҳамроҳ ва ҷониби Узбакистон равон хоҳад шуд.
Дар хулосаи матлаби худ, Ҳиларӣ Креймер, таҳлилгаре , ки ақидаҳояш ба тасмимгирандаҳои ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ дорад ва Ҷон Дизард, яке аз сарварони Financial Times ӯро “коршиносе тавоно ва хеле мӯҳтарам дар ҷаҳони сармоягузорӣ ва мудирият” номидааст, менависад, “бидуни шубҳа, тарҳи Роғун бояд на танҳо барои ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон, балки ҳамчунин ниҳодҳои байнулмилалие чун Бунёди байнулмилалии пул (IMF), Бонки Ҷаҳонӣ ва бунгоҳҳое чун Барномаи рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида ё USAID дар сархатти феҳрасти аввалиндараҷа қарор дошта бошад.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
454
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2305
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2352
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































