РОҒУН. "САД ЗАДАНИ СӮЗАНГАРУ ЯК ЗАДАНИ ОҲАНГАР"
Дар ин авохир таронаҳо дар мавзӯи Роғун, ҳарчӣ камтар ба гӯш мерасанд ва мақомоти тоҷик бештар аз бартарии нерӯгоҳҳои хурд ҳарф мезананд.
Нурмуҳаммад Холназаров, масъули Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, бо зиёд кардани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ метавон сокинони рустонишини кишварро, ки 73 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд, қисман ё пурра бо барқ таъмин кард. Тоҷикистон бояд аз энергетикаи хурд ба таври густарда истифода кунад, мегӯяд ӯ ва меафзояд:
"Бунёди ин неругоҳҳо дар деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ хеле зарур аст. Чун дар ин минтақаҳо интиқоли қувваи барқ аз шабакаҳои барқии марказӣ мушкил аст ва хизматрасонии онҳо дар зимистон ниҳоят мшукил аст. Сохтмони ин нерӯгоҳҳо ягон зарар ба муҳити зист надорад», - мегӯяд Нурмуҳаммад Холназаров.
Ҷаноби Холназаров, ки рӯзи чаҳоршанбеи 27 феврал дар нишаст САҲА ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии нерӯгоҳҳои кӯчаки Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон 300 нерӯгоҳи барқи обии хурд дорад, вале нисфи ин нерӯгоҳҳо бо сабаби камбуди об ва номувофиқ интихоб шудани маҳали сохтмон, амалан нафъе намеоранд.
Дар зимн, аксари нерӯгоҳҳои хурд, бо тантана ва дар ҷамъи мардуми деҳ аз сӯйи мақомоти масъули давлат ифтитоҳ шудаанд, вале пас аз як муддати кӯтоҳ, мардум боз ба ҳамон хонаҳои сард ва шамъу чароғ баргаштанд.
Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе лоиҳаи “консепсияи ҷалби сармоягузорӣ ба энергетикаи хурд» ки ахиран аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул шуд, муаррифӣ гардид. Лоиҳаи мазкур барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурд бунёд кунанд, имконоти густарда пешкаш мекунад. Тибқи барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, то соли 2020 бояд дар Тоҷикистон 189 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори тавлидотии 650 миллион киловат-соат барқ ба истифода дода шавад.
Аммо мутахассисон мегӯянд, 100 нерӯгоҳи хурд наметавонанд иқтидори як агрегати нерӯгоҳи бузурги Роғунро дошта бошанд ва танҳо Роғун метавонад Тоҷикистонро аз вартаи бебарқӣ раҳо созад. Даъват ба бунёди нерӯгоҳҳои худ ин нигарониҳоро ба бор овардааст, ки дар ниҳояти амр, ин тарҳи миллӣ дар паси шиорҳои "ҳама ба пеш, ба сӯи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд", нопадид мешавад.
Зоҳиран аз Тоҷикистон тавре ба назар мерасад, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд Тоҷикистонро мутақоид созанд, ки бунёди силсила нерӯгоҳҳои хурд аз тарҳи Роғун беҳтару бедарди сар аст. Дар он сурат рақобат бо Узбакистон низ рафъ хоҳад шуд ва ин кишвару созмонҳо дигар байни интихоби душвори ҳимоят ё радди тарҳи Роғун қарор нахоҳанд гирифт. Ин эҳтимол низ дар миён аст, ки шояд бо бунёди теъдоди зиёди нерӯгоҳҳои хурд Тоҷикистон бо барқ таъмин гардад ва худ аз баҳри Роғун бигзарад. Ба вижа, ки ташхиси тарҳи Роғун аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ба дарозо мекашад ва кори асосӣ дар сохтмони он низ қатъ шудааст.
Аммо Баҳром Сироҷов раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик” ва академики Академияи ҷаҳонии муҳандисӣ мегӯяд, таваҷҷуҳ ба нерӯгоҳҳои хурд сад задани сӯзангару як задани оҳангарро мемонад.
«Мо агар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои хурдро пеш гирем, дар ду дунё аз мушкили барқ берун намеоем. Бубинед, 10 соли пеш ҳам Тоҷикистон камбуди 3 миллиард киловат соат барқ дошт, имрӯз ки 300 нерӯгоҳи хурд сохтем, боз ҳам ҳамин миқдор барқ ба кишвар намерасад. Роғун бояд аз авлавиятҳои давлат бошад, оҳиста оҳиста агрегат ба агрегат ба истифода дода шавад. Нерӯгоҳҳои хурд дар зимистон ба мушкили беоби дучор мешаванду аз фаъолият мемонанд. Аммо бо ба кор даровардани обанборҳои бузург мисли Роғуну Норак мо метавонем дар зимистон бемушкил барқ истеҳсол кунем.»- мегӯяд ҷаноби Сироҷов.
Қурбонҷон Кабудов роҳбари маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар назди Пажӯҳишгоҳи физикотехникӣ мегӯяд, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар манотиқи дурдаст зарур аст, аммо ин нерӯгоҳҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд алтернативаи Роғун бошанд. Нерӯгоҳҳои хурд ба назари ӯ, танҳо тарҳҳои иҷтимоиянд, аммо Роғуну Норак аҳамияти бузурги иқтисодиву сиёсӣ доранд.
Ба ақидаи ҷаноби Кабудов ҳоло Тоҷикистон аз ин хотир ба нерӯгоҳҳои хурд рӯ овардааст, ки ҷалби сармоя ва дарёфти маблағ дар ин самт осонтар аст ва созмонҳои зиёди байналимллалӣ омодаанд, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум сармоягузорӣ кунанд. Аммо барои сохтмони иншооти бузурге мисли Роғун ҳалли ихтилофот ва сармояҳои бузург зарур аст.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар як сол тавони истеҳсоли 13,3 миллиард киловат-соат қувваи барқ дошта, метавонад бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва дар сурати бунёд шуданаш Тоҷикистони ба кишвари истеҳсолкунандаи барқ табдил хоҳад шуд. Аммо ин тарҳ ҳоло дар мухолифтаҳои байни кишварҳои болооб ва кишвари поёноб- Узбакистон дар мондааст, ки тарҳҳои бузурги мисли бунёди Роғун ва тарҳи нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистонро барои соҳаи кишварзии худ хатарзо мешуморад.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
436
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
569
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
998
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
697
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
356
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
545
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































