ДАР АЛМААТО "РОҒУН"-РО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Нишасти саввуми машваратӣ оид ба масъалаи нерӯгоҳи «Роғун», рӯзи сешанбеи 12-уми феврал дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Дафтари матбуоти Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал ба мо гуфт, ки нишасти саввуми машваратӣ оид ба масъалаи нерӯгоҳи «Роғун» фардо дар Алмааато баргузор хоҳад шуд.
Нишасти машваратӣ зери сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ доир мешавад ва қарор аст дар он намояндагони ҳудуди 50 кишвар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд. Дар ин нишасти машваратӣ табодули маълумот оид ба масъалаи танзими захоири об ва масъалаи амнияти обанбори неругоҳи "Роғун" баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷаласаи дуввуми намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна дар масъалаи тарҳи "Роғун" дар моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд. Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки барои кишварҳои минтақа дар намояндагиҳои ин Бонк дар Ишқобод, Бишкек, Остона, Душанбе, Кобул ва Тошканд пахши видеоии ҷараёни нишасти машваратӣ ва иртиботи телефонӣ барқарор карда мешавад.
Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ аз алоқамадони масъалаи нерӯгоҳи "Роғун" даъват кардаанд, ки барои ширкат дар ин нишасти машваратӣ, ҳамчун шунаванда метавонанд ба намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.
Душанбе дар пайи чанд соли талошҳои ноком барои пайдо кардани сармоя ба тарҳи Роғун, аз ҷумла ду созишномаи иҷроношуда бо давлати Русия дар соли 1994 ва бо ширкати русии РусАл дар соли 204, билохира дар соли 2010 талош кард, сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро бо сармояи дохилӣ шурӯъ кунад. Ба ин манзур, дар оғози соли 2010 як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунро ҳам ба роҳ андохтанд, ки дар зарфи 3 моҳ аз мардум ва корхонаҳои маҳаллӣ барои ин сохтмон наздики 200 миллион доллар ҷамъ овард.
Вале мухолифати кишварҳои поёноб, бахусус Тошканд боис шуд, ки Душанбе баъди ҳамагӣ 3 моҳ ин маъракаи саҳмияфурӯширо қатъ кунад ва аз Бонки ҷаҳонӣ анҷоми ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дархост кунад. Ин ташхис мебоист ҳанӯз дар поёни соли 2011 анҷом меёфт, вале ба таъхир уфтод ва дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ эҳтимолан дар соли 2013 нашр хоҳанд шуд.
Дар моҳи сентябри соли гузашта Русия дар ивази қарордоди пойгоҳи низомиаш барои бунёди нирӯгоҳи якуми Қамбар-Отаи Қирғизистон, ки низ ба мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ буд, ваъдаи сармоя дод. Дар Тоҷикистон ба дунбол умедвор буданд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни боздидаш аз Душанбе дар баҳои тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия айни чунин ваъдаро дар қиболи нирӯгоҳи Роғун низ хоҳад дод. Аммо бо вуҷуди то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201, дар ҷараёни сафари рӯзи 5 октябр Путин дар мавзӯъи Роғун байни Маскаву Душанбе ҳатто як ёддошти тафоҳум ҳам ба имзо нарасид.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
454
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2304
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1143
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2352
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































