ЧАРОҒИ САБЗ БАРОИ РОҒУН
Об барои зиндагии инсон ва дигар шаклҳои ҳаёт зарур аст. Норасоии об метавонад оқибатҳои фалокатборе аз қабили коҳиш ёфтани истеҳсолоти маҳсулоти озуқа то таҳдид ба ҳаёт дошта бошад.
Норасоии об метавонад боиси кӯчиши одамон аз маҳалли зист ва ҳатто сабаби аслии низоҳо гардад. Дар ин ҳолат мавҷудияти баҳсҳои вобаста ба об дар минтақаҳои дорои захираҳои фаровони об ҳайратовар ва ғайриоддӣ менамояд, тавре, ки имрӯз чунин вазъият дар Осиёи Марказӣ ҳукмфармост.
Дар даврони шӯравӣ тамоми корҳо аз ҷониби Москва ба таври марказонида нақшабандӣ мешуд. Дар ҷанги тӯлонии худ роҷеъ ба “таслим” кардани табиат Сталин фармуда буд, ки барои интиқоли об ба кишварҳои поёноб ҷиҳати обёрии кишоварзӣ дар мавсими гарми тобистон дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистону Қирғизистон обанборҳои бузург сохта шаванд.
Дар навбати худ кишварҳои поёноб ҳиссаеро аз захираҳои бойи ангишту нафти худ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон интиқол медоданд, то онҳоро давоми зимистони қаҳратун бо нерӯ таъмин намоянд.
Дар замони ҳокимияти шӯравӣ Москва ба Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор меовард, то онҳо обанборҳои худро дар моҳҳои тобистон барои обёрии заминҳои кишти пахтаи давлатҳои поёноб холӣ кунанд. Ҳамаи ин ҳолат пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият тағйир ёфт. Акнун Қирғизистон ва Тоҷикистон обро дар давоми тобистон захира карда, онро дар мавсими зимистон барои истеҳсоли нерӯи барқи обӣ истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба як қатор баҳсҳои ҷиддӣ боис гардид.
Чун амали ҷавобӣ ба ин мушкилот кишварҳои поёноб, ба монанди Узбекистон, ба мақсади захира кардани манбаъҳои обии худ дар тобистон саросемавор сохтмони обанборҳоро оғоз намуданд ва ҳамзамон ин захираҳоро барои обёрии қитъаҳои бузурги пахта ва ҳатто шолӣ истифода мебурданд. Ин амалҳо ба хушкшавии боз ҳам зудтари баҳри Арал мусоидат карданд.
Алҳол шиддати бештар байни Тоҷикистон ва Узбекистон мавҷуд аст. Зуҳуроти охирини ин шиддат чопи мақолаи псевдо-академикӣ таҳти унвони “Гидроқаллобӣ ё захираҳои обӣ ҳамчун фишанги фишор” дар рӯзномаи ҳукуматии Ӯзбекистон “Народное слово (“Сухани халқ”) аз 25 январи соли 2013 буд. Муаллифони мақола сохтмони НОБ-и бузурги Роғунро дар Тоҷикистон ошкоро танқид намуда, таъкид мекунанд, ки бунёди ин нерӯгоҳ дар сурати заминларза ба ҳаёти одамон таҳдид карда, ба интиқоли захираҳои бузурги обӣ ба Ӯзбекистон монеа мешавад.
Дар мақола дар бораи рекорди Ӯзбекистон оид ба ғункунии захираҳои обӣ зикр намешавад. Об дар ҳаҷми хеле ҳам бузург дар майдонҳои кишти шолию пахта сарф мегардад. Ӯзбекистон аз ҷиҳати ҳаҷми содироти пахта дар дунё дар ҷойи сеюм меистад ва ҳамасола аз савдои он қариб 1 млрд. доллари ШМА фоида ба даст меорад.
Истеҳсолоти пахта дар Ӯзбекистон яке аз корҳои истисморгартарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад; ҳукумат мунтазам садҳо ҳазор кӯдаконро маҷбур мекунад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар кишвар кори вазнинро ба иҷро расонанд. Пахта инчунин зироате мебошад, ки барои обёрӣ ҳаҷми бузурги обро талаб менамояд. Ӯзбекистон даҳҳо каналҳои нави обёрӣ ва обанборҳо сохтааст, ки аксари онҳо заминӣ буда, боиси талафоти фоҷеабори об тавассути полоиш ва бухоршавӣ мегарданд.
Шӯршавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва хусусан дар Ӯзбекистон зуҳуроти маъмулӣ буда, он ҳам дар обу ҳам дар хушкӣ бар асари истифодаи усулҳои нодурусти идоракунии захираҳои обии минтақа ба амал омадааст. Дар ин ҳавза обёрии аз ҳад зиёд ба ҷамъшавии захираҳои зиёди намак дар заминҳо оварда расонида, сатҳи обҳои заминӣ ва майдонҳои ботлоқшударо баланд бардошт.
Замин ҳоло чунон шӯр аст, ки саноати як замон манфиатноки пахтаи ӯзбек ҳоло барои арзи вуҷуд доштан мубориза мебарад. Аз ин лиҳоз, аҷиб аст, ки муаллифони мақола дар рӯзномаи “Народное слово” ҳукумати Тоҷикистонро дар сохтмони НОБ-и Роғун, “тағйири таркиби гидрокимиёвӣ ва шӯрии оби дарё, ки дар навбати худ ҳаҷми ғуншавии намакҳоро дар қитъаҳои обёришаванда афзоиш медиҳад” гунаҳкор мекунанд.
Ин ба ҳақиқат мувофиқ нест. Сабаби аслии шӯршавӣ низоми бади идораи захираҳои обӣ ва таваҷҷӯҳи асосӣ ба парвариши зироатҳои обталаб - шолӣ ва пахта дар Ӯзбекистон мебошад. Лоиҳаи НОБ-и Роғун дар болооби дарёи Вахш таҳвили обро ба кишварҳои поёноб коҳиш намедиҳад, боиси шӯршавии минбаъда низ намегардад; ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар ҳолати заминларзаи шадид сарбанд аз вайроншавӣ эмин аст.
Гӯиё танқидгарони НОБ-и Роғун намедонанд, ки ин нерӯгоҳ болотар аз НОБ ва обанбори мавҷудаи Нораки ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохташуда ҷойгир аст. Сарбанди бузурги 300-метраи НОБ-и Норак ба заминларзаҳои бешумор тоб овардааст. Обанбори бузурги он сарчашмаи устувору бовариноки нигаҳдории об барои кишварҳои поёноби ҳамсояҳои Тоҷикистон мебошад. НОБ-и Роғун аз он ҳеҷ фарқият надорад.
Баъди мавриди истифода қарор додан НОБ-и Роғун метавонад то 3600 МВт нерӯи барқ истеҳсол кунад. Сохтмони беш аз 45 км нақбҳои зеризаминии нерӯгоҳ ҳануз дар замони шӯравӣ ба анҷом расида, айни ҳол аз нав тармим шудаанд. Сарбанди сангу хокии НОБ-и Роғун ҷиҳати бастани маҷрои оби дарёи Вахш дар тангнои дара бунёд гашта, баландии он 335 метрро ташкил медиҳад ва ба иншооти муваффақи даврони шӯравӣ, ки дар Норак татбиқ шуда буд, монанд аст. Хатҳои лозимаи интиқоли барқ барои фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, чун Афғонистон ва Покистон аллакай сохта шуда истодаанд.
Сохтмони обанбори тарҳрезишудаи Роғун то пурра ба истифода додани он даҳ солро талаб мекунад, аммо тоҷикон кафолат медиҳанд, ки ба кишварҳои ҳамсояи поёноби худ интиқоли ҳаҷми кунунии обро тавассути Амударё ва Сирдарё коҳиш нахоҳанд дод. Онҳо иброз медоранд, ки низоми нави сарбандҳояшон идораи муносиби захираҳои обиро таъмин карда, ҳамзамон барои ҳама манфиатовар хоҳад буд. Тоҷикон инчунин изҳор медоранд, ки ҳеҷ гоҳ маҷрои обро барои ҳамсоягони поёноби худ маҳдуд накардаанд ва дар оянда низ нахоҳанд кард.
Дар сурати ба истифода додани НОБ-и Роғун он сарчашмаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва фаровон гашта, талаботи Тоҷикистонро қонеъ хоҳад сохт, инчунин кишварҳои ҳамсоя - Афғонистон ва Покистонро бо нерӯи ҳаётан муҳим таъмин хоҳад намуд.
Ин барои минтақае, ки ба нерӯи барқ ниёзи шадид дорад, роҳи бидуни бохт мебошад. Дар ҳолати аз ҷониби кишварҳои поёноб куллан тавассути обанборҳои бетонӣ ва обёрии қатрагӣ истифода намудани захираҳои обӣ манбаъҳои бойи об дар Осиёи Марказӣ метавонанд одилона тақсим шаванд ва чунон истифода гарданд, ки ба ояндаи водии Фарғона таҳдид накунанд, балки онро беҳтар созанд.
Сарбанди НОБ-и Роғун сазовори “чароғи сабз”, яъне анҷоми бомуваффақ мебошад. Ғарб ва махсусан Иттиҳоди Аврупо ба хотири суботи дарозмуддати Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бояд дастгирии худро аз ин лоиҳаи ояндасоз зоҳир намоянд.
Дар қиболи ин камбизоатии давомдор ва ноумедии халқи азиятдида меистад, ки ба манфиати ҳеҷ кадом ҷониб нест.
Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
197
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































