УЗБАКИСТОН РОҒУНРО "АБЗОРИ ТАМАЪҶӮӢ" ХОНД
Нашрияи давлати Узбакистон, иддаъо кардааст, ки ҳадафи аслии бунёди Роғун, «сохтани як абзори муассири фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба кишварҳои поёноб» дар Осиёи Марказӣ аст.
Дар мақолае бо номи «Дасткории об ва ё захираҳои об як аҳроми фишор», (Гидроманипуляции, или водные ресурсы как рычаг давления) муовини сардабири рӯзномаи русизабони «Народное Слово», навиштааст, ки давлати Тоҷикистон Роғун ва обанбори азими «онро барои тамаъҷӯӣ ва пеш гузоштани шарту шароити дилхоҳ ба кишварҳои поёноб месозад.
Ба гуфтаи Cалим Дониёров, нерӯи барқе, ки дар Роғун тавлид хоҳад шуд, ҳатто дар ояндаи дур ҳам аз сару гӯши Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин рӯ метавон ба хулосае омад, ки нерӯгоҳи мазкур на ба хотири аз байн бурдани эҳтиёҷоти нерӯи барқ, балки барои аҳдофи дигар сохта мешавад.
Дар идомаи мақолаи «Народное Слово» нерӯгоҳи Роғунро ба ҳайси як иншооти стротегӣ барои Тоҷикистон, вале як «ҷомадони сиёҳ бо тугмае» номидаанд, ки метавонад, сабаби оқибатҳои ғайриқобили пешбинӣ ва сабаби муноқиша дар миёни мардумоне шавад, ки садсолаҳо дар Осиёи Марказӣ дар канори ҳам бо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд.
Ба гуфтаи муаллифи мақола, имрӯзҳо мудирияти оқилонаву одилонаи захираҳои об ва бахусус рӯдхонаҳои фаромарзӣ муҳимтар аз гузашта шудааст, зеро рушди ояндаву некӯаҳволии мардум ва бештар аз ҳама амнияти кишварҳо ба он вобаста аст. Вале мегӯяд, ин муовини сардабири "Народное Слово", минбари расмии ҳукумати Ӯзбакистон, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои бунёди Роғун ва Қамбарота камар бастаанд, парвое надоранд, ки бо ин тарҳҳо ҷони даҳҳо миллион нафар ва некӯаҳволии тамоми минтақаро дар хатар мегузоранд.
Дар идомаи мақола, ки дар торнамои вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон ҳам ҳаст, омадааст, ки дар сурати бунёди Роғун маҷрои об ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дар мавсими обёрӣ 22 дар сад кам хоҳад шуд, ки оқибатҳои бисёр бад дорад. Аз ҷумла обанбори азими Капар дар Ӯзбакистон, бо зарфияти тақрибан 8 миллиард метри мукааб об ва обанборҳои хурду бузург дар ин кишвар пур нахоҳанд шуд.
«Народное Слово» идома додааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тайи чанд соли ахир бо шарти "энержӣ дар ивази об" талош доранд, созишномаҳои байни панҷ кишвари минтақа, Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар бораи истифодаи оби ҳавзаи рӯдхонаҳои Сир ва Аму бознигарӣ шавад. Ҳамингуна сохторҳое байнидавлатие ислоҳ шаванд, ки солҳои тулонист, мудирияту тақсими обро дар минтақа бар ӯҳда доранд. Ба гуфтаи муаллифи мақола, Тоҷикистону Қирғизистон бо талошҳо мехоҳанд, шарту шароити худ бо формулаи «об дар ивази энержиро» дикта кунанд.
Дар ин мақола иддаъоҳои пешинаи Ӯзбакистон дар бораи беоб мондани заминҳои зиёд ва сар задани фалокатҳои зистмуҳитӣ дар Осиёи Марказӣ такрор шудаанд. Бори аввал нест, ки мақомоти Ӯзбакистон ва бахусус рӯзномаҳои расмии ин кишвар, мегӯянд, ки нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота барои муҳити зист дар Осиёи Марказӣ хатарнок ва бахусус барои Баҳри Арал марговаранд. Аммо бори аввал аст, ки гуфта мешавад, Тоҷикистон мехоҳад, Роғунро ба ҳайси абзоре ба хотири фишор ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бисозад.
Тоҷикистон, ки дар саргаҳи рӯдхонаҳои азими Осиёи Марказӣ қарор дорад ва бештар аз 60 дар сади оби минтақа аз он ҷорӣ мешавад, ҳар зимистон мӯҳтоҷи нерӯи барқ мешавад ва то ҳадде, ки дар рустоҳои дурдаст моҳҳо мардум нерӯи барқро намебинанд. Аз ин рӯ чанд сол пеш, ҳукумати Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи нимасохтаи барқи обии Роғун бо тавоноии 6000 мегават, ки мероси замони шӯравист, аз сар гирифт, вале ба мухолифати Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шуд. Чун иқтисоди ин кишвар пойбанди кишоварзӣ ва бахусус пахтапарварӣ аст, давлати Ӯзбакистон бим дорад, ки оби кофӣ барои ин киштзорҳои васеъи худ нахоҳад дошт.
Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди Роғун ин нигаронӣ асосе надорад, зеро обанбори Роғун батадриҷ ва тайи ду даҳсола пур карда мешавад. Муаллифи мақолаи «Народное Слово» гуфтааст, масъалаи истифодаи оқилонаву одилонаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ бояд бо риояти қонуну муқаррароти байналмилалӣ ва ба таври созанда ҳал шавад ва ибрози умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба ин муқаррарот эҳтиром мегузоранд.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
570
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
197
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































