БАҲСИ РОҒУН ДАР ДИДОРИ ВАКИЛОНИ ТОҶИКИСТОНУ АВРУПО
Намояндаи порлумонии Тоҷикистон аз вакилони порлумони Аврупо хост "ба таблиғи Тошканд дода нашаванд." Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагониТоҷикистон, Амиршоҳ Миралиев, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, барои амалӣ шудани тарҳҳои энержӣ Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд ва ба таблиғи Узбакистон дода нашавад.
Вай замоне дар ин маврид сӯҳбат кард, ки ҳангоми ҷаласаи дуввуми ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, Никол Киел-Ниелсен, муовини аввали ҳайати аврупоӣ аз фраксияи сабзҳо -- эътилофи либералҳо ва демократҳои Парлумони Аврупо аз фаъолияти корхонаи «Талко» ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун интиқод кард.
Хонум Киел-Ниелсен гуфт, корхонаи «Талко» ба муҳити зист зарар мерасонад ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун ба амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон хатар дорад ва дар оянда вазъи экологиро вайрон мекунад.
Амиршоҳ Миралиев дар посух ба ӯ гуфт, Тоҷикистон ба монанди ҳамсояҳояш Туркманистон ва Узбакистон газу нафт надорад, ҳамасола камбуди барқ гиребонгири мардуми оддии ин кишвар аст: «Мо, мардуми мо, ҳам мехоҳем зиндагии шоиста, инсонӣ дошта бошем, мисли дигарон, мисли аврупоиҳо. Мо мехоҳем иқтисоду саноатамонро рушд диҳем, то мардумамон ба муҳоҷират наравад, ин ҷо бо кор таъмин бошад. Бубинед, солона садҳо «бори 200» аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон меояд. Кӣ инро мехоҳад? Чаро моро фаҳмидан намехоҳанд?»
Вай афзуд, аз Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки барои расидан ба се ҳадафи аслии Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энержӣ мусоидат кунад.
Хонум Киел – Ниелсен мегӯяд, аз фраксияи «сабзҳо» дар парлумони Аврупо ва Фаронса аст, ки ҳамеша мухолифи «гигантомания» аст: «Аз иншоотҳои хеле бузург, ба монанди нерӯгоҳи Роғун хушамон намеояд. Мо бар инем, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Аврупо як иншооти бузург не, балки чанд иншооти миёна дар минтақаҳои гуногун рӯи кор ояд. Ман хеле аз вокуниши Тоҷикистон дар ҳайрат шудам. Дар кишвари демократӣ баҳс мешавад. Ин як падидаи хуб аст. Мо ин ҷо танҳо барои «бале, бале, бале» гуфтан наомадаем.»
Паоло Бартолоззи, сарвари намояндагии парлумони Аврупо, ки дар анҷоми нишаст бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Иттиҳоди Аврупо хоҳони ба истиқлолияти энержӣ даст ёфтани Тоҷикистон аст, аммо то ба охир расидани пажӯҳиши нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҳар гуна мавзеъгирӣ дар ин бобат худдорӣ мекунад:
«Аз ҷумла бояд парлумон ҳама кӯшишҳояшро ба харҷ диҳад, то дар хориҷ аз кишвар таваҷҷӯҳи бештарро ба вуҷуд орад. Мо аз ҷониби худ дар парлумони Аврупо дигаронро низ дар ҷараён хоҳем гузошт. Дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун беҳтар аст як конфронси байнулмилалӣ даъват шавад ва ба мардуми ҷаҳон мавқеи Тоҷикистон расонида шавад. Аз ҷониби худ Иттиҳоди Аврупо ҳама кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки ин мушкил мавриди баррасӣ қарор гирад ва дар ин қисмати дунё амният пойдор бошад.»
Иҷлоси дуюми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону ИА рӯзи панҷшанбе дар Душанбе оғоз ба кор кард. Парлумони Аврупоро дар ин нишасти серӯза 9 вакил ба раҳбарии Паоло Бартолоззӣ аз Итолиё намояндагӣ мекунанд. Иҷлоси аввали кумитаи ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон соли гузашта дар Брюссел доир шуда буд. Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА ва Душанбе аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми иҷро даромад.
4-уми май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷаноби Раҳмон гуфт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад.»
Дар нишаст ҳамчунин масъалаи пуштибонии риштаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Иттиҳоди Аврупо аз имдодрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба маблағи қариб ним миллиард евро кӯмакҳои молӣ расондааст.
Фарҳоди Милод, Акрами Абдуқаҳҳор, «Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































