БОНКИ ҶАҲОНӢ МӮҲЛАТИ ТАШХИСИ "РОҒУН"-РО ТАЪИН НАКАРД
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ташхиси фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғунро низ баррасӣ кардааст. Аммо Теодор Аллерс, директори амалиёт ва стратегияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз баёни ҷузъиёти ин нуктаи сӯҳбаташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон худдорӣ варзид.
Қарор буд, дар ин гуфтугӯи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ бо президент Раҳмон замони ташхиси нерӯгоҳи барқи обии Роғун дақиқ бишавад. Зеро ҳафтаи гузашта як намояндаи ширкати "Пойри", ки ташхиси фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро анҷом медиҳад, гуфта буд, ки аз Бонки Ҷаҳонӣ хостаанд, то мӯҳлати кори онҳо тамдид шавад.
Теодор Аллерс дар сӯҳбат бо хабарнигорон бештар дар бораи кӯмакҳои ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон таъкид кард. Вай гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ имсол ба иқтисоди Тоҷикистон бештар аз 40 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд. Вай афзуд, "соли гузашта мо ба сармоягузории чор тарҳ шурӯъ кардем, ки ҷамъан 38 миллион долларро ташкил медоданд. Имсол даҳ миллион бештар ҷудо хоҳем кард, ки чор тарҳи иловагиро дарбар мегиранд."
Ба қавли ҷаноби Аллерс, ин чор тарҳи иловагӣ дар тақвияти тарҳҳои қаблӣ, яъне кам кардани хароҷоти нерӯи барқ, содда кардани қайди замин барои кишоварзон ва такмили зерсохторҳои шаҳрдорӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 тарҳро дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, рушди деҳот ва энержӣ пиёда ва сармоягузорӣ мекунад. Ин ниҳоди молӣ дар ҳоли ҳозир бо 371 миллион доллар пас аз Чин дувумин сармоягузори Душанбе ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ узви Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки ба яке аз ниҳодҳои сарпарасти ин кишвар табдил ёфта, ҳудуди 300 миллион доллар қарзи бебозгашт дарёфт намудааст ва ҳам ҳудуди 370 миллион доллар қарздор шудааст. Қисмати умдаи ин пулҳо барои иҷрои тарҳҳо масраф шудаанд, ки ба қавли коршиносон, таъсири назаррасе ба иқтисод надошта, балки манбаи дигари фасод шудаанд.
Аз ҷумла, бо сармоягузории ин ниҳод аз соли 1998 ба 2005 дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон -- Зафаробод, Мастчоҳ, Румӣ, Шаҳринав ва Ёвон тарҳи хусусигардонии хоҷагиҳо пиёда шуда, сари ҳар гектари замин 300 - долларӣ харҷ шудааст. Аммо Муҳаммадраҳим, сарвари яке аз чунин хоҷагиҳо дар ноҳияи Зафаробод мегӯяд, ҳоло вазъ ҳамон гуна аст, ки дар гузашта буд ва ин хоҷагиҳо аз хоҷагиҳои дигар фарқе надоранд.
Коршиносон мегӯянд, ҷурм дар Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳое нест, ки ба Тоҷикистону мардумаш кӯмак мекунанд. Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ниҳодҳои байнулмилаливу хориҷӣ кори хубе мекунанд, ки дар Тоҷикистон соҳаҳои кишоварзиву маориф ва энержиро сармоягузорӣ мекунанд:
"Аммо мушкил ин аст, ки ниҳодҳои грантгиранда ин маблағҳоро чӣ гуна харҷ мекунанд. Мо мебинем, кадом коре, ки бо сармояи хориҷӣ шурӯъ нашавад, натиҷа намедиҳад. Чаро? Барои он ки гузоришҳои натиҷавӣ аслан ба ҳақиқат рост намеоянд. Ба қавле, маблағҳо ё ба яғмо рафтаанд, ё ғайримақсаднок истифода шудаанд."
Теодор Аллерс, директори амалиёт ва стратегияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳам бо ишора ба ин нукта, ки чаро сармоягузориҳо муассир нестанд, гуфт, ниҳоди ӯ бо нияти хайр сармоя ҷудо мекунад, ин ки он то куҷо натиҷаи муассир тамом мешавад, аз худи иҷрокунандагон ва соҳибватанон вобаста аст.
Коршиносон мегӯянд, ин созмонҳо пули худро назорат мекунанд, аммо бо ин низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, коре карда наметавонанд ва сол ба сол қарзи кишвар меафзояду афроди алоҳида дар ин "оташ" даст гарм мекунанд.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
227
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































