БАҲСИ "РОҒУН" ДАР ҲАМОИШИ ОБ ДАР ДУШАНБЕ
Тарҳи сохтмони нирӯгоҳи обии "Роғун" дар кунфронси “Об барои ҳаёт” дар Душанбе баҳсу ихтилофоти шадидеро миёни намояндагони Тоҷикистон ва ҳайъати Ӯзбакистон ба миён овард. Галина Саидова, муъовини аввали вазири иқтисоди Ӯзбакистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, рӯзи сешанбеи 8 июн эълом кард, ки кишвараш бар ин назар аст, ки сохтмони нирӯгоҳҳои бузург хатар дорад, зеро ин нирӯгоҳҳо дар минтақаи заминларзаи 9-дараҷаӣ сохта мешаванд.
Вай афзуд, ки агар нирӯгоҳи бузурги "Роғун" дар натиҷаи заминларза хароб шавад, ин ҳодиса метавонад як қисми Ӯзбакистонро зери об монад.
Бими заминларза
Вай гуфт: "Ҷаъмоварии оби зиёд ва сохтани банди 350-метра метавонад мӯҷиби заминларзаи шадид дар минтақа шавад. Оқибати он чи хоҳад шуд, касе намедонад. Дар ин сурат тамоми сокинони на танҳо Ӯзбакистон, балки тамоми кишварҳои поёноб зиён хоҳанд дид."
Хонуми Саидова афзуд, ки замонати лафзии ҷониби Тоҷикистон ба дард намехӯрад ва ба ҳамин далел Ӯзбакистон хостори санҷиши байналмилалии тарҳи "Роғун" аст. Ин санҷиш бояд замонат диҳад, ки сохтмони ин нирӯгоҳ ба мардуми Ӯзбакистон зарар нахоҳад расонд. Ҳамчунин хонуми Саидова афзуд, ки Ӯзбакистон бо сохтмони нирӯгоҳи обии "Роғун" мухолиф нест, баръакс кишвараш ҳамеша хоҳони он аст, ки Тоҷикистон инкишоф ёбад ва рушд кунад.
Аммо Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, иддаъои ин намояндаи Ӯзбакистонро рад кард ва гуфт, ки Тоҷикистон тамоми тақозоҳои Ӯзбакистонро ба назар гирифтааст ва дар ин самт кор мекунад. Вай афзуд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ бозрасии иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи "Роғун"-ро оғоз кардааст. Тоҷикистон нирӯгоҳи "Роғун"-ро дар он сурат месозад, ки тамоми асноди заруриро дар даст дошта бошад.
"Ҳамсоя ва ҳамхун"
Ҳамчунин вазири энержии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбакистонро ба он муттаҳам кард, ки дар мавсими зимистон, ки мардуми Тоҷикистон аз норасоии барқ ранҷ мебаранд, кишвари "ҳамсоя ва ҳамхуни мо" кумак намекунад. Вай ин суолро матраҳ кард, ки чаро Ӯзбакистон дар фасли зимистон тронзити барқро, ки Тоҷикистон аз Туркаманистон харидорӣ мекунад, иҷоза намедиҳад?
Ҳамчунин, оқои Шералӣ афзуд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Ӯзбакистон номае расмӣ барои ширкат дар сохтмони нирӯгоҳи "Роғун"-ро ирсол кардааст.
Дар охир Гул Шералӣ гуфт: "Сарфи назар аз он ки Ӯзбакистон намехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, мо ба кишвари ҳамсоя кумак ҳохем кард. Мо обро барои онҳо намебандем ва наҳохем баст. Мо ба Ӯзбакистон обро бо миқдори кофӣ хоҳем дод."
Дар ҳамин ҳол, окодемисиян Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси тоҷик, далоили Ӯзбакистонро дар бораи он ки нирӯгоҳи "Роғун" дар минтақаи хавфноки заминларза қарор дорад, рад кард. Ба гуфтаи вай, дар минтақаи сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" дар 500 соли ахир ҳеч заминларзае ба шиддати беш аз 6 дараҷа сабт нашудааст.
Вай гуфт: "Мо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки нирӯгоҳро барои 9 дараҷаи заминҷунбӣ бисозанд, ҳукумат ва коршиносони Ӯзбакистон аз ин бохабар ҳастанд ва медонанд."
"Пули обро бояд пардохт"
Оқои Неъматулоев афзуд, ки Тоҷикистон хостори он аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ин масъаларо санҷанд ва Тоҷикистон тамоми маводди лозимаро барои онҳо пешниҳод хоҳад кард. Вай афзуд: "Тамоми таҳқиқоти донишмандони хориҷӣ ва Тоҷикистон барои ҳамагон дастрас аст, мо омода ҳастем ин санадҳоро ба ҷониби Ӯзбакистон низ пешниҳод кунем."
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиноси дигар, профессори донишгоҳи сохтмони София, Борис Абаджиев, агар Тоҷикистон банди нирӯгоҳи "Роғун"-ро ба андозаи 335 метр насозад, истифода аз ин нирӯгоҳ самар нахоҳад дод. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, баъд аз лағви қарордод миёни ширкати русии "РусАл" тарафи Ӯзбакистон дар мавриди сохтмони ин нирӯгоҳ тардиди худро нишон медиҳад.
Оқои Абаджиев гуфт: "Донишмандони Ӯзбакистон ҳамеша ишора мекунанд, ки сохтмони ин нирӯгоҳ барои кишварҳои поёноб зиён хоҳад дошт. Ин ақида комилан ғалат аст. Ӯзбакистон худаш тарҳи сохтмони нирӯгоҳи "Роғун"-ро пешниҳод карда буд ва имрӯз аз ҳарфҳои худ даст мекашад."
Вай афзуд, ки кишварҳои поёноб бояд ба кишварҳои дорои захираҳои об барои ҷамъоварии об дар фасли зимистон ва сар додани он дар фасли тобистон барои мазореъ ҷуброн бипардозанд. Роҳи ҳалли дигари ин мушкил он аст, ки кишварҳои поёноб обро бихаранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронии худ дар ҳамош, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳайъатҳо даъват кард, ки Клик "эҳсосотро канор гузоранд" ва роҳҳои ҳалли мушкилотро бо роҳи музокира ва ба таври муслиматомез пайдо кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт мушкили тақсими обро ба роҳи зӯрӣ ва таҳқиру даъвао наметавон ҳал кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2455--qq-----.html
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































