НАМОЯНДАИ ТОШКАНД: МО МУХОЛИФИ СОХТМОНИ РОҒУНЕМ
Галина Саидова, муовини вазири иқтисоди Узбакистон, зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбе гуфт, Узбакистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, зеро барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст. Муовини вазири иқтисоди Узбакистон, ки ин кишварро дар конфронси байнулмилалӣ дар Душанбе намояндагӣ мекунад, ҳамзамон иброз дошт, ки Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон зид нест.
Таъкиди дигарбораи намояндаи Узбакистон бар мухолифати Тошканд алайҳи тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар ҳолест, ки иддае аз коршиносон конфронси "Об барои ҳаёт"-ро имконе барои гуфтушуниди намояндагони ду кишвар бар сари масоили обу энержии минтақа меномиданд.
"Об барои ҳаёт"
Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» бо ибтикори Тоҷикистон ва таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз оғоз ба кор кард. Ба иттилои масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон барои ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки муддати ду рӯз идома хоҳад дошт, намояндагони беш аз 70 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 65 созмони байналмилаливу минтақавӣ даъват шудаанд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2003 дар ҷаҳон ба унвони Соли оби тоза ва солҳои 2005 — 2015 Даҳаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълом шудааст. Дар чаҳорчуби конфронс шаш мизи гирд доир хоҳад шуд ва барои гузориш дар масоили мазкур 36 коршиноси байналмилалӣ, ба хусус аз СММ даъват шудаанд.
Раҳмон: Баъзе кишварҳо ҳақиқати Аралро таҳриф мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" гуфтааст, баъзе давлатҳои минтақа ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, талош мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиаи баҳри Арал дур кунанд. Оқои Раҳмон гуфт, сабаби аслии хушкидани Арал истифодаи харобкорна ва ғайри оқилонаи манобеи обӣ аз сӯи кишварҳои минтақа мебошад.
Ӯ гуфт, "бо таассуф изҳор менамоям, ки баъзе давлатҳои минтақа ба ҷои ин, ки ба ҳалли проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал кўшиш ба харҷ диҳанд, бо ҳар роҳу восита ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиа, яъне истифодаи ғайриоқилона ва баъзан харобкоронаву ҳалокатбори захираҳои об дур кунанд".
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, маънидоди яктарафаи далелу рақамҳои мавҷуда ба манфиати ҳалли проблема намебошад. Самараи ҷидду ҷаҳди наҷот додани баҳри Арал, пеш аз ҳама, ба дарки аниқу дурусти ҳақиқати ҳол ва амалӣ сохтани тадбирҳои мушаххас вобаста мебошад.
Мушкили ба об печидаи ду кишвар
Аммо конфаронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар ҳоле дар Душанбе баргузор мешавад, ки мавзӯи истифода аз захоири об ва тақсими он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус дар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бештар авҷ мегирад. Кор ба ҷое расидааст, ки ин вазъ равобити ду кишвари минтақа ва ҳамзамон ҳамсояро ба сардӣ мувофеҳ кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ низ дар ҳалли ин мушкил дасткӯтоҳӣ нишон додааст.
Султон Раҳимов, муовини аввали вазири мелоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон низ мавозеи мухталифи мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистонро маҳсули баҳси истифода ва тақсими захоири оби минтақа медонад, «воқеан, Тоҷикистон мехоҳад аз ин захираи табиӣ, ки 60 дар сади онро дар минтақа дар ихтиёр дорад. барои тавлиди неруи барқ ва аз ин тариқ, бароварда кардани ниёзи сокинонаш истифода кунад, аммо Узбакистон бошад бештар дар фикри шодоб кардани заминҳои кишташ мебошад».
Пас суоли матраҳ низ ин аст, ки оё конфаронси Душанбе метавонад таҳарруке дар ҳалли мушкили мавҷуд миёни кишварҳо шавад? Султон Раҳимов, бар иин аст, ки Тоҷикистон, ба ҳайси кишвари пешгом дар амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва аз сӯи дигар кишвари болооби минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамеша хоҳони ҳамкории муштарак, самимӣ ва ҳамзамон мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамося дар заминаи истифода ва тақсими захираҳои обӣ аст.
Ба ин далел вай мегӯяд, ҳарчанд расидан ба ҳадаф дар доираи як нишаст хеле мушкил аст, аммо умед аст, ки конфаронси Душанбе таконе барои таъмини манфиатҳои кишварҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҷиҳати ниятҳо ва ҳадафҳои стратегии онҳо гардад.
ҶустуҷӮи роҳи ҳал
Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки истифода аз захоири об, ки ба як мушкили глобалӣ дар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон табдил шудааст, талоши ҷиддӣ ва ҳамзамон азхудгузаштанҳоро талаб мекунад.
Сафари Абдулаҳад, коршиноси масоили байналмилалии минтақа мегӯяд: «Таҷриба нишон дод, ки дар муддати чанд моҳи ахир, ба хусус пас аз боздошти беш аз 2 ҳазор вогуни коло ва бори Тоҷикистон дар марзи Узбакистон» баҳси об, аниқтараш сохтмони неругоҳи Роғун маҳаки ихтилофи ин ду кишвари ҳамсоя аст. Талошҳо ва ҳатто ҳушдорҳои мақомҳои баландпояи созмонҳои байналмилалӣ низ натавонист ин мушкилро ҳал кунад. Пас танҳо саъи ду раҳбари аввали Тоҷикистон ва Узбакистон, лозим аст, то сари мизи гуфтушунид биншинанд ва роҳи ҳалли ин мушкилро мусолиматомез ва ба таври осоишта ва муколама пайдо кунанд. Дигар роҳе ба чашм намехӯрад».
Ин дар ҳолест, ки Ша Тсу Кан, муовини дабири кулли СММ ва Корӣ Удовичкий, раҳбари минтақавии барномаи СММ дар умури кишварҳои Аврупо ва кишварҳои муштаракулманофеъ дирӯз пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ҳоло масъалаи манъи вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, яке аз мушкилиҳои аслӣ дар миёни Душанбе ва Тошканд аст, ки мутаасифона СММ имкони мустақими мусоидати ҳалли ин масъаларо надорад.
Ин ду раҳбари СММ танҳо музокира миёни ҷонибҳоро омили тахту ҳамвор шудани муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон донистаанд. Пас умеди ҳама ба нишасти Тошканд, ба вижа мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ, ки қарор аст, ба таърихи 10 ва 11 июн баргузор шавад, мебошад. Зеро тибқи барнома, интизор меравад, дар чаҳорчӯби ин нишаст, мулоқоти рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон сурат бигирад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2444-2010-06-08-17-30-46.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
437
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
569
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
998
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
697
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
356
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
545
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































