МОДАР МЕХОҲАД, ПИСАРАШРО АЗ ПОКИСТОН БАРГАРДОНАНД
«Ман зидди терроризм ҳастам, намехоҳам, ки аз писарони ман террористу одамкуш созанд. Илтиҷо мекунам, ба додам бирасед…» Ин суханони модарест, ки намехоҳад фарзандонаш террористу худкуш шаванд.
Ховархон Орзуева, як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки дар бозгардонии фарзандон ва ҳамсараш, ки ғолибан дар Покистон ба сар мебаранд, мусоидат кунанд. Ин зан, ки ба гуфтаи худаш, яккаву танҳо зиндагӣ мекунад, 6 соли охир аз дидори пайвандонаш маҳрум буда, намедонад, ки онҳо ба чӣ ҳоланду чӣ сарнавишт доранд.
Хонаводаи хонум Ховархон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистону Покистон гуреза шуда, он ҷо солҳо дар ҳоли гуруснагӣ ва дарбадарӣ ба сар бурдаанд. Фарзандонаш таҳсилкардаи мактаб набуданд ва аз ночорӣ духтарашро дар Покистон ба шавҳар додааст, ки ҳоло аз вай соҳиби се набера аст. Худи Ховархон авоили солҳои 2000-ум ба Тоҷикистон баргашт, аммо ба ҳамсар ва ду писараш муяссар нашудааст, ки ба ватан бозпас оянд.
Вай афзуд: «Худам соҳиб надорам, касе нест, ки ғами маро хӯрад. Модари камбахтам, чун аз фарзандонам ҷудо ҳастам. Тавалло мекунам, ки писаронамро ба наздам баргардонед. Метарсам, ки онҳоро гирифта, террорист накунанд, онҳо бе падару модар мондаанд, сарашон зулм карда, ба роҳи хато набаранд. Аз давлат мехоҳам, ки барои пайдо карданашон ёрӣ расонад, то ки ба ватан, пеши модари худ баргарданд».
Ховархон чанд сол қабл ба Афғонистон барои ҷустани фарзандонаш рафта, дари чандин созмонҳои давлатӣ ва байналмилалиро барои кӯмак кӯфтааст, аммо аз шавҳару писаронаш дарак наёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мегӯяд, ки то ҳанӯз 19 ҷавон аз ин ноҳия бенишон буда, ғолибан, дар мадрасаҳои исломии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд.
Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, гуфт, ҳукумати маҳаллӣ барои бозпас овардани ин ҷавонон талош ба харҷ дода, омода аст, ки кӯмаки молӣ ҳам расонад. Аммо Саъдулло Бекназаров ҳамзамон аз волидон ва мақомоти маҳаллӣ интиқод кард, ки дар амри бозгардонии ҷавонон аз мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷӣ оҷизӣ мекашанд.
Вай афзуд: «Ин қадар ҷавонҳо дар Покистону дигар кишварҳо ба чӣ кор машғуланд? Оё хешу табори онҳо мутмаинанд, ки ин ҷавонҳо танҳо таҳсили илм мекунанду қурбони кадом гуруҳҳои иртиҷоӣ нашудаанд? Фикр намекунанд, ки оянда ин ҷавонҳо худкушу ифротӣ шуда, ба ҷомеа зиён расониданашон мумкин аст? Чаро пайвандон, раисони маҳаллаҳо, домуллоҳо бо ҷавонон кам кор мекунанд, чаро онҳоро барои баргаштан ба ҳаёти мулкӣ насиҳат намекунанд? Гуруҳҳое ҳастанд, ки ба пора шудани ҷомеаи мо, давлати мо манфиатдоранд ва талош мекунанд бо дасти ҷавонҳои худамон ба мақсадҳои нопокашон бирасанд. Барои ҳамин онҳоро ҷалб карда, террористу экстремист тайёр мекунанд».
Раиси ноҳияи Қубодиён бо ишора ба он ки тайи чанд соли охир беш аз бист сокини ин ноҳия бо ҷурми пайравӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздошт ва муҷозот шудаанд, гуфт, аксари ҷавононе, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои хориҷӣ роҳ ёфтаанд, шеваҳои гуногуни ифротгароию терроризмро аз худ мекунанд ва дар оянда ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод хоҳанд кард. Биноан, вай аз имомони масоҷиди Қубодиён даъват кард, ки ҷавононро ба сулҳу салоҳ ва таҳаммулпазирӣ ташвиқ кунанд.
Саидэҳсон Маҳмудов, сархатиби масҷиди марказии ба номи «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Қубодиён, дар ин иртибот гуфт: «Мо дар ҳар намози ҷумъа бар зидди терроризму ифротгароӣ мавъиза мехонем. Ба ҷавонон, ба падарон мефаҳмонем, ки ислом мухолифи амалҳои иртиҷоист, зулму ситамро қабул надорад. Ҳама имомоми масҷидҳо дастур гирифтаанд, ки бештар дар мавриди сулҳу ваҳдат ва неъмати бузург будани истиқлоли кишвар бо намозгузорон суҳбат кунанд».
Ба иттилои мақомоти қудратӣ, феълан 28 сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони пайравӣ ё узвият дар гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Узбакистон», мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Аммо маълум нест, ки дар миёни афроди ҷустуҷӯшаванда писарони Ховархон Орзуева низ ҳастанд ё хайр.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
307
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3384
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
300
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































