Шарҳи Тӯраҷонзода роҷеъ ба "ҳалқаҳои зикр"
Ин матлаб аз номи рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода унвонии Радиои Озодӣ фиристода шуда, баҳсеро идома медиҳад, чанде пеш оғоз ёфта буд.
Баҳси ҳастии маҳфилҳои орифона дар Тоҷикистон, намояндагони он ва нақши пирони тариқат дар ин кишвар бо мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" рӯзи 8-уми феврали соли равон дар торнамои мо сар шуда буд. Даҳҳо нафар аз хонандагон ба ин мақола шарҳ навиштанд ва ду нафари онҳо наворҳои видеоро, ки гуфта мешавад, ба ҳалқаҳои тасаввуфии Тоҷикистон рабт доранд, ба мо фиристоданд.
Он гоҳ баҳс дар матлабе бо номи "Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" идома пайдо кард. Ва акнун рӯҳонии саршиноси тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар масъалаҳои мазкур изҳори назар намуд.
Мақола ва 70 вокуниши хонандагонро бо диққат мутолиа кардам ва ҳамчунин харду наворро дидам, ба хулосае омадам ки ягон нафар донандаи улуми Исломӣ, хусусан аҳли сунна вал ҷамоат ба сайти Озодӣ дохил намешаванд. Ман низ аз ҷумлаи онҳое ҳастам ки ба сайти Озодӣ дохил намешавам. Дар инҷо фақат салафиҳою атеистҳо ҷавлон кардаанд. Салафиҳо ва атеистҳо!
Агар шумо аз торихи Исломи азиз бохабар бошед, дар ҳама манотиқ равияи сӯфиҳо бо таври ниҳоят густардае фаъолият мекарданд. Ҳам дар шимоли Африқо, Халиҷи Форс, Ҳиҷоз, Қафқоз, Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон ва Покистону Бангладеш вуҷуди густарда доштанд. Мардумро ба роҳи рост ва покии нафс ҳидоят мекарданд. Фазкуруллоҳа зикран касиро - Худованди Бузургро ниҳоят зиёд зикр намоед, беадад. Бо панҷ вақт намозро хонда, ҷимакак гаштан кор буд намешавад. Худои Бузург аз бандаҳояш ихлос, муҳаббат, садоқат... мехоҳад. Хулоса, аз асри 9-10 сар карда тасаввуф паҳн шуд.
Ҳазрати Мавлонои Рум дар ҳалқаи зикрашон рақсу садои мусиқӣ, хусусан найро иҷоза дода буданд. Ҳазрати Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбандӣ, ҳазрати Саид Қаландаршо бо тахаллуси Ҷунунӣ, ҳазрати Мавлоно ва ҳазрати Амирҷон ҳама пирони тариқат буданд. 25-30 сол пештар ҳазрати Эшони Тӯраҷон, ҳазрати Эшони Абдурраҳмонҷон ва Эшони Шайх дар Ҳисор аз пирони тариқат буданд ва ҳалқаҳои зикр доштанд.
Навори аввал ҳалкаи зикр нест. Салафиҳо монтаж кардаанд. Агар чунин набошад чаро расми пирашонро нишон надодаанд? Ҳалкаи дуввум ҳалкаи зикри Эшони Халилҷон мебошад. Ҳеч мухолифате ба Ислом ва фиқҳи Исломӣ надорад. Илова ба ин эшон, эшони Абдулвоҷид дар Қалъаи Нави Файзобод, Домулло Ҳикматулло дар ноҳияи Тоҷикобод низ ҳалқаҳои зикр доранд, вале бо равияи Нақшбандия. Эшони Халил дар равияи Қодирия мебошанд. Ҳарду равия ҳақ ҳаст ва касе ба ҷуз аз салафиҳо инро инкор намекунад. Саҳобаҳое аз аҳли суфа дар масҷиди Пайғамбари Худо ҳамеша ҳалқаи зикр доштанд.
Касоне, ки моро ба асри 21 тазаккур медиҳед ва ин корҳоро як амали зишт меҳисобед, паёми ман ин аст: дар Тоҷикистон 4000 масҷид ҳаст ва аз ин 400-тояш ҷомеъ. Агар ҳар масҷиди ҷомеъ ҳазор намозгузор дошта бошад, ҷамъ 400 ҳазор намозхон дорем. 3600 масҷиди панҷвақта 50 -100 намозхон дорад, ки 90 фоизашон рӯзҳои ҷумъа ба масҷидҳои ҷумъа мераванд. Мемонад 10 фоизаш яъне 10 х 3600 = 36 ҳазор. Ҷамъи ҳамаи намозхонҳои Тоҷикистон 436 ҳазор нафар мебошад, яъне камтар аз панҷ фоизи аҳолии Тоҷикистон.
Дар ҳалқаҳои зикр бошад, шояд ҳамагӣ ҳазор нафар иштирок мекунад ё не?, Худо медонад. Аз ин рӯ шумо, ҷанобони атеист изҳори ташвиш накунед. Ҳафтуним миллион мардум дар роҳи ихтиёри шумо ҳастанд, аз ҳамонҳо косманавту олим, духтуру муҳандис, раққосу хонанда тайёр карда, мамлакатро ривоҷ диҳед. Чаро ривоҷ намедиҳед? Кӣ халал мерасонад? Кӣ пеши роҳатонро гирифтааст?
Аввал ба меҳнату азоб хонда, дипломгирифтаҳоро бо кор таъмин кунед, то дигар ҷавонҳо шерак шаванд. Донишҷӯйҳои имрӯзаро 80 фоизаш барои аз хидмати аскарӣ халос шудан ва ё бо фишори падаронашон мехонанд. Зеро медонанд, ки баъди тамом кардан боз Русия мардикорӣ...... Хулоса, камбудии худатонро ёбед ва ислоҳ кунед, кишвар тараққӣ мекунад.
Шайхҳое, ки номашон зикр шуд, аз онҳо натарсед, зеро ҳарсеяшон дуoгӯйҳои "Ҷаноб" ҳастанд ва ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд ва "ифтихори" ҳамнишинӣ ҳам доранд. Касе пурсид, ки чаро Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбарро зикр накардӣ? Ба хидмататон мерасонем, ки мо ҳалқаҳои амри маъруф ва наҳйи мункар дорем, вале даъвои пири тариқатӣ надорем. Агарчи ҳазрати Қиблагоҳамон ба Эшони Нуриддин, бардарамон, фотиҳа додаанд. Радиои Озоди, комменти хеле дароз шуд, агар одамгарӣ дошта бошед, заҳмати бандаро ба назар гирифта, ба ҳайси як мақолаи алоҳида нашр намоед. Вассалому ало маниттабаъал Худо. Зинда бошед!
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
570
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
197
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































