ТИБҚИ ФАРМУДАҲОИ ИСЛОМ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ
Баьзе касоне, ки аз фармудаҳои ислом пурра огоҳӣ надоранд, дар ин андешаанд ки гӯё дар дини мубини ислом илоҷи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ вуҷуд надорад. Ҳатто иддае чунин мепиндоранд, ки гӯё дин ва иқтисод бо ҳам зид ҳастанд. Иқтисод тарафдори ғун кардани сармоя асту дин онро маҳв месозад.
Чунин андешаҳоро онҳое паҳн мекунанд, ки аз маърифати исломӣ бархурдор нестанд. Аммо чунин ақида комилан хатто ва беасос аст. Зеро Қуръони карим молро василаи пешбурди зиндагӣ ва ноил шудан ба савоб (закот, қурбонӣ, садақаи фитр, ҳаҷ, садақаи ҷория...) мешуморад. Чунончи дар сураи " «ВаЗзуҳо» таъкид шудааст: " Эй Паёмбар, Худованд туро бечора ёфт, баьдан ғанӣ сохт".
Яьне вақте Расули Худо (с) бо Хадича (р) хонадор шуданд, соҳиби моли зиёд гаштанд. Дар ҷои дигар Парвардигор ба оламиён таъкид менамояд, ки бандагон баъди адои намоз боз аз пайи дарёфти ризқу рӯзиашон бираванд. «Вақте намози ҷумьа адо карда шавад, пас иҷозат аст барои шумо, ки биравед дар рӯи замин ва ҷустуҷӯ кунед аз фазли Худованд ризқу рӯзиро. Дар ин ҳолат ҳам Худоро зиёд зикр кунед (ба ёд оред) то наҷот ёбед».
Яке аз аркони панҷгонаи ислом ибодати молӣ (закот) аст. Агар кас ба тиҷорат, кишоварзӣ, заршӯӣ, чорводорӣ ва дигар корҳои ҳалол машғул нашавад, аз куҷо соҳиби молу сарват гашта закот медиҳад? Дар Қуръони карим тавсифи як қатор Паёмбарони киром ва солиҳон ва касбу ҳунари онҳо омадааст. Чунончи ҳазрати Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Исмоил (а), Довуд (а) ва Зулқарнайн. Дар сураи "Анбиё" омада аст, ки Довуд (а) зиреҳ месохт. Яъне ҳазрати Довуд (а) бо вуҷуди подшоҳ буданаш оҳангарӣ мекард. Дар ин бора шайх Аттор мефармояд:
Чун иноят қодири қаюм кард,
Дар кафи Довуд оҳан мум кард.
Одам (а) зироаткорӣ мекард. Идрис (а) хайётӣ- дӯзандагӣ менамуд. Ҳазрати Яҳё (а) пойафзолдӯзӣ мекард. Ҳазрати Луқмони Ҳаким (а) бурё ва ресмон мебофтанд. Расули Акрам (с) моли ҳалолро неьмати Аллоҳ гуфтанд. Ҳазрати Абулахвас аз падари худ чунин ривоят мекунад: «Ман дар хидмати Расули Акрам (с) ҳозир шудам. Дар тан либоси чандон хубе надоштам. Муҳаммад (с) аз ман пурсиданд: «Оё молу сарват надорӣ?». Гуфтам: «Дорам». Боз пурсиданд, ки чӣ гуна мол дорӣ?
Ман гуфтам: «Худованд моро ҳар навъ мол ато фармудааст. Аз шутурон, говҳо, гӯсфандон, аспҳо ва ғуломон». Расули Акрам (с) фармуданд: «Вақте, ки Худованд бароят мол додааст,пас бояд асари он бар бадани ту зоҳир шавад». Мақсади гуфтаи Расули Худо (с) ин ки Худованд туро вақте мол медиҳад, бояд мувофиқи ҳайсияти худ бихӯрӣ, бинӯшӣ ва бипӯшӣ, вале исроф накунӣ.
Ва ҳамчунин вақте ғанӣ ҳастӣ, набояд мисли қаҳрамони повести Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» мумсик бошӣ. Хасисӣ одати бадест, балки ношукрист, гуноҳаст. Ҳазрати Мухаммад (с) мефармоянд "Моли беҳтару хушсифат чи қадар хубаст, ки агар дар дасти шахси солеҳ бошад" тибқи фармудаҳои ислом меҳнати ҳалол ибодат аст. На як амали оддӣ. Он фаризае аз фароизи динӣ ба шумор меравад.
Байҳақӣ (р) нақл мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд «Талаби ризқи ҳалол баьди фаризаи динӣ фарз аст" Расули Худо (с) беҳтарин луқма он луқмаро шумурда аст, ки шахс аз касби ҳалол бихӯрад. Он ҳазрат (с) ба мо таьлим медиҳанд, ки инсон бояд ризқи худро худаш заҳмат кашида биёбад. Ислом бекор гаштан ва талбандагӣ намуданро ноҷоиз мешуморад. Аз ин рӯ барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол бояд кӯшиш намуд.
Рӯзӣ ба нишастан насиби кас намешавад,
Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.
Наврӯзи Хайрулбашар
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































