08:13:07 25-уми Майи 2025 сол

МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА: «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ҒИНО ВА МУСИҚӢ»

Устоди марҳум Муҳаммадшарифи Ҳимматзода,  аз ҷумлаи сермаҳсултарин донишмандони улуми исломии замони мо ба шумор меравад. Китобҳои ӯ дар бораи аҳвол ва осори Имоми Аъзам (р) ҳусни таваҷҷӯҳи олимону донишмандони исломӣ ва фалсафаро ба ин шахсияти нотакрори таърихи дину фарҳангамон дар солҳои баъди истиқлол пеш ва беш аз дигар муаллифони даврони мо ҷалб намудааст.

Устод ХимматзодаМақолаҳои публисистии устод дар мавзӯи ислом ва сиёсат, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ муттассил ба табъ мерасиданд, барои ба ҳам наздик намудани нуқтаназарҳои мухолиф ва муаррифӣ намудани чеҳраи поки дини мубини ислом миёни хонандагони тоҷик хадамотҳое ба харҷ додаанд. Дар солҳои ахири ҳаёташон устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бо вуҷуди бемории шадид ва эҳсоси дарди ҷонкоҳ аз навиштани мақолаву рисолаҳо даст намекашиданд.

Яке аз охирин навиштаҳои устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода китоби «Рисола дар баёни ғино ва мусиқӣ» мебошад, ки дар миёни уламои дини ислом ва мусиқишиносони Тоҷикистону хориҷ аз он вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Рисола чанд сол муқаддам дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Наҷот» ба табъ расида буд. Устод баъди он мақоларо аз сари таҳрир намуда барои чоп омода сохта буданд. Вале, мутаассифона, марг ба ӯ имкон надод, ки ин амали хайрро анҷом бидиҳанд.

Имрӯзҳо аз ҷумлаи олимони фиқҳ, мусиқашиносон, овозхонҳо нафарҳои зиёде  ба идораи сомонаи  мо дар тамос шуда бисёр мехоҳанд, ки тавассути расонаи мо аз мазмун ва мундариҷаи ин рисолаи хеле муфид воқиф гарданд. Мо хоҳиши онҳоро ба ҷо оварда ин рисоларо аз имрӯз эътиборан порча –порча ҳафтае як маротиба таҳти рубрикаи «Дин насиҳат аст» ба чоп хоҳем расонд. Боқӣ биёед, даст ба дуо бардорем, ки Худованди бузург хонаи охирати устоди азиз Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро обод ва рӯҳи покашонро аз мо шод бигардонад. Омин ё Раббалъоламин.

Рисола дар баёни ғино ва мусиқӣ

(Оё мубоҳ аст ва ё ҳаром ва ё макруҳ)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Аз муддатҳо қабл мехостам дар мавзуи ғино ва лаҳв чизе омодаи нашр бисозам, зеро банда, ба ҳайси яке аз донишманди улуми исломӣ, чанд сол қабл дар ҷашни арусии писарам қолаби маъмулиро шикаста, дар хурсандии мазкур афродеро аз сарояндагони наъту ғазалҳои орифона ҳозир сохта будам, ки дар фосилаи миёни  панду андарзҳои воъизон онҳо низ табъи ҳозиронро хуш созанд, то ба ин васила  ҷашни издивоҷ будани маҳфил маълум гардад. Баъди ин қолабшиканӣ баъзе аз руҳониён аз ин амали банда нохуш шуда, нисбати он эътирозҳо карданд, агарчӣ рӯ ба рӯ чизе намегуфтанд, вале ин масъала дар бисёр ҷамъомадҳо мавриди муҳокима қарор мегирифт.

Аз он вақт ба ин тараф хостори он будам, ки мазуъи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, назари уламои динро пешкаши хонандагон месозам. Зеро рӯшанӣ андохтан атрофи масъалаи мазкур, ба назари банда як амри зарурӣ шинохта мешавад, чунки имрӯз ҳаёти одамон, бидуни ғино ва мусиқӣ тасаввур намешавад. Худованди мутаол инсонро дорои ғариза ва дорои табъи моил ба чизҳои лаззатбахш ва тайибот офаридааст ва инсон дар нафси худ, бо истифода аз чунин малаззоту тайибот осори онро пайдо мекунад, оромиш ва роҳату нашот дар худ эҳсос мекунад ва нерӯи ҳиссиёташ ором мешавад. Мебинӣ ки инсон бо дидани манзараҳои ҷолибу сарсабз ва оби софу рӯи зебо ва буйҳои хушу гуворо ва шунидани савти хуш дар нафси худ нашоту гушодагӣ меёбад.

Шариат ҳаргиз ғаризаи инсонро аз байн намебарад, балки онро танзим мекунад ва ба ҳадди васат ва эътидол меоварад. Пас ғино ва мусиқӣ агар муҳаррики ғаризаи шаҳвонӣ ва фисқу фуҷур, ҳамроҳ бо хамр ва рақс бошад ва инчунин он маҷлис василаи муҳаррамот ва воқеъ шудан дар мункарот ва ё ғофил шудан аз воҷибот гардад, дар чунин ҳолат метавон бар таҳрими он ҳукм кард. Ва аммо дар ҳолати муҷаррад будани он аз чунин муҳаррамот чаро инсон дар доираи истифода аз тайибот ва бо риояи васатият нафси худро нашот ва роҳат набахшад? Бо тавфиқи илоҳӣ ин матлаб омодаи нашр гардид ва ҳамакнун он пешкаши хонандаи муҳтарам гардонда мешавад.     

Дар бораи ғино суханҳо бисёр гуфта шудааст, Ибни Ҷавзӣ мавқеъҳои мухталифро дар бораи ғино хулоса карда гуфтааст: "мардумон дар бораи ғино бисёр гуфта ва ба таври тӯлонӣ баҳс кардаанд, баъзе онро ҳаром ва баъзе онро, бидуни кароҳият мубоҳ гуфтаанд ва баъзе онро макруҳ гуфта, мубоҳ донистаанд".  Сипас ин баҳс мавриди назару таҳқиқи бештар қарор гирифта, дар бораи ғиное, ки ҳамроҳ бо асбоби мусиқӣ ва ё бидуни асбоби мусиқӣ анҷом мегирад уламо ба чанд даста тақсим шуданд. Гурӯҳе ғиноро ҳамроҳ бо баъзе аз асбоби мусиқӣ иҷозат додаанд ва баъзеи дигар иҷозат надодаанд ва аммо гурӯҳи дигар ғиноро бо асбоби мусиқӣ мутлақо иҷозат надодаанд.

Ин ихтилофот дар фаслҳои алоҳидаи китобу рисолаҳо ва инчунин дар китобҳои алоҳидаи ба ин масъала бахшидашуда зоҳир мешавад. Аз ҷумлаи фаслҳои ба ин мавзуъ бахшидашуда онест, ки Ғаззолӣ дар "Иҳё" зикр кардааст ва онро Нувайрӣ дар "Ниҳоят –ул – арб", ҷ. 4, саҳ. 161- 188 хулоса кардааст. Дар "Авориф –ул- маъориф" – и Суҳравардӣ ва дар "Қувват-ул-қулуб" – и Абутолиби Маккӣ низ ин мавзуъ ба таври муфассал мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ва аммо таснифоти алоҳида, ки ба ин мавзуъ бахшида шудааст, инҳо мебошанд:

1.китоби Абдулмалик ибни Ҳабиб (ваф. 328 ҳ. 852 м.) дар бораи кароҳияти ғино;

2."Заммулмалоҳӣ"- и Ибни Абудунё (ваф. 281, 894 м.)

3.китоби Абутайиби Табарии Шофеӣ (ваф. 450 ҳ. 1058 м.) дар баёни мазаммати ғино ва манъи аз он;

4.китоби "Ассамоъ" – и Ибни Қайсаронӣ (ваф. 507 ҳ. 1113 м.)

5."Бавориқ - ул – илмоъ" – и Абулфутуҳ – Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (ваф. 520 ҳ. 1126 м.)

6.китоби "Ассамоъу варрақс" – и Ибни Таймия (дар зимни маҷмуаи расоили кубро, ҷ. 2, саҳ. 277 – 315)

7.китоби "Кафф-ур- риъоъ ан муҳаррамоти –л – лаҳви вассамоъ" – и Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ (ваф. 974 ҳ. 1575 м.)

8."Изоҳ – уд- далолот фӣ самоъи-л-олот" – Абдулғании Ноблусӣ (ваф. 1142 ҳ. 1731 м.)

Ибни Ҳазм дар бораи ғино ва лаҳв рисолае навиштааст, ки он дар зумраи силсилаи тӯлонии таълифот, ки қабл аз ӯ навиштаанд ва ё баъди ӯ навиштаанд, бо вуҷуди мухтасар ва содда буданаш дорои арзиши баланди илмӣ мебошад. Зеро Ибни Ҳазм дарро ба рӯи сусту заъиф сохтани ҳадисҳои ворида дар баёни мазаммати ғино ва наҳйи аз он кушодааст. Табиист, ки баъзе аз гурӯҳҳои суфия ҳалол будани самоъро таъйид мекунанд ва ончӣ онҳо дар ин мавзуъ навиштаанд хеле фаровон мебошад.

Ин тоифа аз аҳодис чашм пушида ба амали пешвоёни тариқат чанг задаанд ва ё барои иддаъои худ аз солеҳони саҳоба ва тобеин шавоҳид овардаанд. Лекин чизе, ки назари боҳисро ба худ ҷалб мекунад ин аст, ки онҳое ки ба аҳодис такя кардаанд худ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳе нақши аҳодисеро, ки моил ба таҳрими самоъ мебошанд, нақл намуда барои исботи фикри худ ҳуҷҷат овардаанд ва гурӯҳи дуввум ҳадисҳои мазкурро, айнан ҳамон ҳадисҳоро нақл карда онҳоро заъиф хонда, барои исботи фикри худ ба аҳодиси дигар такя кардаанд. Барои мисол аҳодис ва нусуси овардаи Ибни Ҳазм дар инҷо оварда мешавад:

1.Ҳадиси Оиша (р): "Худованд муғанния ва фурухтани ӯ ва баҳои ӯ ва таълими ӯро ҳаром гардондааст". Ибни Ҳазм ин ҳадисро радд кардааст, зеро дар зумраи ровиёни ин ҳадис касе бо номи Саъид ибни Разин аз бародараш ривоят кардааст, ки ӯ шахси маъруф нест. Раъйи Ибни Ҳазмро Заҳабӣ  ("Мизон…", ҷ.2, саҳ. 136) ва Ибни Ҳаҷар ("Лисон…", ҷ. 3, саҳ. 29) таъйид кардаанд. Ибни Ҳаҷар дар ин бора қавли Ибни Ҳазмро нақл кардааст. Бо вуҷуди шакк дар яке аз ровиёни ҳадиси мазкур онро Ибни Ҷавзӣ қабул кардааст , инчунин Ибни Абудунё   онро овардааст, вале Ибни Қайсаронӣ ҳадиси мазкурро напазируфтааст.

2.Ҳадис: "Ҳаргоҳ уммати ман понздаҳ хислатро анҷом диҳад…". Ин ҳадис аз Алӣ (р) ба таври марфуъ аз Расули Худо (с) ривоят шудааст. Ибни Ҳазм ин ҳадисро радд кардааст, зеро чанд нафаре дар санади ин ҳадис зикр шудаанд, ки кӣ будани онҳо дониста нашудааст. Мисли Абумурҷии Ҷелонӣ (инро Заҳабӣ зикр накардааст ва Ибни Ҳаҷар раъйи Ибни Ҳазмро овардааст) ва инчунин Фараҷ ибни Фузола ( дар бораи ин шахс Аҳмад гуфтааст, ки ӯ аз Яҳё ибни Саъид ҳадисҳои мункарро ривоят кардааст, инчунин аз афроди сиққа ҳадисҳои мункарро ривоят кардааст.

Абуҳотим гуфтааст: ҳадиси ин мард аз Яҳё ибни Саъид накорат дорад. Соҷӣ гуфтааст: ин мард аз Яҳё ибни Саъид ҳадисҳои мункарро ривоят кардааст) "Таҳзиб – ут- таҳзиб", ҷ. 8, саҳ. 260 - 262 Бо вуҷуди ин ҳама Ибни Абудунё ("Заммулмалоҳӣ": 42) ва Ибни Ҷавзӣ ("Талбис..": 234) ҳадиси мазкурро қабул кардаанд. Ибни Қайсаронӣ ин ҳадисро оварда заъфи онро бар шахси Фараҷ ибни Фузола муракказ сохтааст ва дар ин бора қавли аҳли адл ва таҷриҳро овардааст. Аз ҷумла қавли Ибни Ҳиббон: Фараҷ ибни Фузола иснодҳоро дигаргун мекард ва матнҳои заъифро ба иснодҳои саҳеҳ мечаспонд, аз ҷумла Ибни Ҳибон ҳамин ҳадисро барои гуфтаи худ далил овардааст. (Ассамоъ": 85)    

3.Ҳадис: "Расули Худо (с) аз нуҳ чиз наҳй карданд…" (аз ҷумлаи ҳамон нуҳ чиз ғино зикр шудааст) Ин ҳадисро Ибни Ҳазм қабул накардааст, зеро касе, ки номаш Кайсон аст кӣ будани ӯро дониста намешавад, дар ҳамин ҳадис касе бо номи Муҳаммад ибни Муҳоҷир мавҷуд аст, ки ӯ заъиф аст (Заҳабӣ  ва Ибни Ҳаҷар касеро бо номи Кайсон мавлои Муовия зикр накардаанд ва аммо Муҳаммад ибни Муҳоҷир ин ном бар шаш кас мувофиқ меояд ва дониста нашудааст, ки Ибни Ҳазм ба кадоми онҳо ишора карда ӯро заъиф гуфтааст. Ва шояд ӯ (Ибни Ҳазм) Муҳаммад ибни Муҳоҷири ваззоъро (ҳадисбоф) дар назар надоштааст, зеро замони ӯ мутаахир ва дар ҳудуди соли 260 будааст. Ин ҳадисро Ибни Қайсаронӣ ва Ибни Ҷавзӣ наовардаанд.

4.Қавли Ибни Масъуд: "Ва ғино дар қалб нифоқро меруёнад…". Ин ҳадис ба таври мунқатеъ ва марфуъ ривоят шудааст. Ибни Абудунё (Заммулмалоҳӣ: 46) ва  Ибни Ҷавзӣ (Талбис…: 235) ин ҳадисро овардаанд ва Ибни Ҷавзӣ ибораи "тавре, ки об донаро меруёнад" илова кардааст. Ибни Қайсаронӣ ин ҳадисро оварда, онро муснад ба Абуҳурайра аз дигар тариқ, ғайри тариқи Ибни Масъуд донистааст. Дар санади ин ҳадис Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳи Умарӣ мавҷуд аст, ки дар борааш Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтааст: "ҳадисаш арзиши ҳеҷ чиз надорад, ҳадисҳояшро мо сузондем… аҳодисаш аз ҷумлаи мункарот мебошад ва ӯ каззоб буд". (Ассамоъ: 84) Сипас ӯ (Ибни Қайсаронӣ) ҳадисро аз тариқи Ибни Масъуд оварда гуфтааст: "ин ҳадисро Салом аз шайхи маҷҳул ривоят кардааст". (Ассамоъ: 87- 88) Ибни Ҳазм айнан ҳамин чизро гуфтааст.

5.Ҳадиси Абуумома: ба таври марфуъ дар бораи таҳрими таълими муғанния ва харидану фурухтани он ва ба ин ҳадис ояти: "ва баъзе аз мардумон касоне ҳастанд, ки лаҳвулҳадисро мехаранд…" ҳамроҳ омадааст. Ин ҳадисро Ибни Ҳазм ба сабаби Исмоил ибни Айёш радд кардааст, зеро ӯ заъиф аст, мегӯяд Ибни Ҳазм. Дар бораи тафсири оят ӯ (Ибни Ҳазм) гуфтааст: "ин сухани баъзе муфассироне мебошад, ки сухани онҳро ҳуҷҷат оварда намешавад". Ибни Ҷавзӣ ин ҳадисро қабул кардааст (Талбис…:232) ва сухани муфассиронро дар тафсири оят овардааст (Талбис…:231), аз ҷумла Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Муҷоҳид, Икрима, Ҳасан, Саъид ибни Ҷубайр, Қатода ва Иброҳими Нахаъӣ. Ибни Қайсаронӣ (Ассамоъ: 79) аз тариқи Убайдуллоҳ ибни Заҳр - "соҳиби тамоми мушкилот" ҳадиси мазкурро овардааст ва дар ин ҳадис Қосим ибни Абдурраҳмон мавҷуд аст, ки ҳадисҳои ӯ мункар  буда, аз саҳобагон чизҳои мушкилро ривоят кардааст".

Ибни Қайсаронӣ дар баробари ояти : "ва баъзе аз мардумон…" таваққуфи тӯлонӣ намуда гуфтааст: "дар ин бора чандин иснодро мансуб ба Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Умар оварданд ва ман дар ҳаммаи инҳо назар кардам ва дар онҳо ҳатто як тариқеро наёфтам, ки ба саҳоба мансуб буданро исбот кунад, магар як тариқ (Ассамоъ: 75). Сипас ӯ афзудааст: "барои онҳое, ки ба ҳамин тафсирҳо такя карда онҳоро ҳуҷҷат қабул кардаанд гуфта мешавад: " ҳамин тафсирҳое, ки аз саҳобагон қавли онҳоро нисбати ҳамин оят нақл кардед, оё эшон аз ин оят чизеро донистанд ва фаҳмиданд, ки Паёмбар (с) донистанд ва ё онҳо чизеро донистанд, ки хилофи донистаи Паёмбар (с) буд? Бисёр маҳол аст, ки дар оят "лаҳвулҳадис" – ро ба ғино тафсир карда шавад, дар ҳоле, ки Расули Худо (с) Оиша (р) – ро гуфт: "Оё ҳамроҳи шумо лаҳв набуд? Зеро мардумони Ансор лаҳвро бисёр меписанданд…". (Ассамоъ: 76) (ин ҳадис баъдан зикр мешавад)

6.Чанд ҳадиси дигар аз Абдулмалик ибни Ҳабиб овардаанд, ки ҳамаи онҳоро Ибни Ҳазм "ҳолика" донистааст. Абдулмалик ибни Ҳабиб (вафот: 238 ҳ., 852 м.) фақеҳи Андалусӣ ва шахси маъруф буд, ба билоди Машриқ сафар карда илми фаровон ҷамъ кард ва ба Андалус баргашт ва мушовири Яҳё ибни Яҳёи Лайсӣ гардид ва дар ахбори ӯ омадааст, ки аҳодисеро нақл мекард, ки бе восита аз соҳибонашон нашунида буд. Ибни Фарзӣ гуфтааст: Ибни Ҳабиб илми ҳадис надошт, Боҷӣ ва Ибни Ҳазм ҳикоят кардаанд, ки Абуумар ибни Абдулбарр ӯро такзиб мекард, лекин баъзе андалусиҳо аз ӯ ба хотири илму фазл ва таснифоти зиёдаш сахт дифоъ мекарданд. Ва аммо ривояти ӯ аҳодисеро, ки Ибни Ҳазм овардааст, далолат мекунад, ки ӯ ғиноро макруҳ медонист, бо вуҷуди ин ҳикоят шудааст, ки ӯ дар самоъ ҷониби рухсатро мегирфт ва ӯ канизҳое дошт, ки барояш тағаннӣ мекарданд. Вале қавли аввал қавитар аст.

7.Ва аммо ҳадиси Бухорӣ: "Албатта дар миёни уммати ман қавме мавҷуд аст, ки фарҷро (яъне зиноро) ва ҳариру хамр ва маъозифро (олоти мусиқиро) ҳалол мешуморанд". Ин ҳадисро Ибни Ҳазм заъиф хондааст, зеро Бухорӣ ин ҳадисро ба таври муснад наовардааст, балки гуфтааст: "Ҳишом ибни Аммор гуфтааст". Ва дар санади ҳадис Абуомир ё Абумолик омадааст ва дониста намешавад, ки ӯ кӣ ҳаст. Ибни Қайими Ҷавзӣ мавқифи Ибни Ҳазмро мавриди интиқод қарор дода гуфтааст: "Бар Ибни Ҳазм пушида мондааст, ки Бухорӣ бо ровиёне вохурдааст ва аз эшон шунидааст, вале аз онҳо ба таври таълиқ ривоят кардааст, аз ҷумла аз Ҳишшом ибни Аммор. Инчунин бар Ибни Ҳазм пушида мондааст, ки ҳадиси мазкурро чандин имоми ҳадис аз ғайри  Ҳишшом ибни Аммор ба таври муснад ривоят кардаанд. Аз ҳамин сабаб Ибни Ҳазм як суннати саҳеҳи собит аз РасулиХудо (с) – ро, ки дар он ҳеҷ таъне нест, ботил сохтааст". 

Ончӣ Ибни Қайим гуфтааст дуруст аст, зеро Бухорӣ аз Ҳишшом ибни Аммор – Абулвалиди Салмии Димашқӣ (Таҳзиб- ут-таҳзиб: ҷ.11, 52) ривоят кардааст ва ба ибораи "қавл" (бидуни ибораи "ба мо ҳадис гуфт") таъбир кардааст. Байни Бухорӣ ва Ҳишшом музокира воқеъ шудааст (Иршоду-с-сорӣ: ҷ. 8, 317) Ва аммо шубҳае, ки Ибни Ҳазм нисбати воқеъ шудани шакк дар Абуомир ва ё Абумолик зикр кардааст (назди Абудовуд бидуни шакк, Абумолик омадааст) бояд зикр кард, ки шакк дар исми саҳобӣ зарар надорад, дар бораи номи саҳобӣ ихтилоф аст, гуфта шудааст, ки номаш Абдуллоҳ ибни Ҳонӣ буда ва дар қавли дигар Абдуллоҳ ибни Ваҳаб омадааст ва ӯ хилофати Абдулмалик ибни Марвонро дарёфтааст. (масдари собиқ)

8.Ҳадис: "ҳаркӣ назди муғанния бинишинад дар гушҳои ӯ сурб рехта мешавад…". Ибни Ҳазм ин ҳадисро аз ҷумлаи мусибатҳо хондааст, зеро ин ҳадис аз тарафи афроди маҷҳул ривоят шудааст, Абунаъим номаш назди Ибни Қайсаронӣ "Убайд ибни Муҳаммад будааст ва дар борааш гуфтааст: ӯ заъиф буд ва аз Ибни Муборак чизе ривоят накардааст ва ҳадисаш аз Молик бисёр мункар аст ва ӯ аз Ибни Мункадар ба таври мурсал ривоят мекард. Ин нақди иснод аз тарафи Ибни Қайсаронӣ монанд ба ончизест, ки Ибни Ҳазм гуфтааст.

9.Дар бораи ояти "ва баъзе аз мардумон…" баҳс қаблан баён гардид.

10.Ҳадис: "мардумоне аз уммати ман хамрро менушанд ва онро номи дигар мегузоранд…". Ин ҳадисро Ибни Ҳазм қабул накардаст, зеро дар санади ин ҳадис Муовия ибни Солеҳ мавҷуд аст, ки ӯ заъиф аст ва инчунин Молик ибни Абумарямро дониста намешавад, ки ӯ кӣ ҳаст (Заҳабӣ фикри Ибни Ҳазмро таъйид кардааст ва Ибни Ҳиббон ӯро аз ҷумлаи сиққот гуфтааст) ва аммо Муовия ибни Солеҳи Ҳазрамии Ҳамсӣ (Ибни Фарзӣ: ҷ. 2, 137-139 ва Таҳзиб-ут-таҳзиб: ҷ. 10, 209) дохили Андалус шуд ва ӯро имом Абдурраҳмон ибни Муовия (Ад- Дохил) дар Қуртуба қозӣ таъйин кард ва ӯ дар охири ҳукмравоии Ад-Дохил вафот кард (Ибни Ҳиббон вафоти ӯро соли 172 гуфтааст "Ат-таҳзиб": 212) Муовия ибни Солеҳро дар ҳадис заъиф гуфтаанд, Ибни Маъин гуфтааст, ки ӯ мақбул нест, вале дигарон ӯро муътамад гуфтаанд. Ин ҳадис барои мо мушкилиеро пеш меорад, ду шахсе, ки Ибни Ҳазм онҳоро мавриди қабул қарор надодааст дигарон онҳоро муътамад гуфтаанд, пас кадоми ин қавлҳоро гирифта мешавад? Дар ин зимн чанд ҳадиси дигар ворид шудааст, ки "хасф ва масх"-ро ба зуҳури олоти мусиқӣ ва занҳои муғанния ва рӯ овардани мардум ба нӯшидани хамр қарин кардаанд (ниг. Заммулмалоҳӣ: 41-42, 44-46)

11.Ҳадисе, ки дар он наҳй аз ду савти малъун омадааст: "савти ноиҳа ва савти муғанния". Ҳадисро Ибни Абудунё ("Заммулмалоҳӣ":саҳ. 50) овардааст ва Ибни Қайсаронӣ ҳадиси мазкурро ба ду ривоят зикр кардааст: "аз ду савти аҳмақи фоҷир – савти назди мусибат ва савти назди нағмаи лаъбу лаҳв ва олоти шайтон" ва гуфтааст: ҳадисро Ҷобир ривоят кардааст ва ҳадиси мазкур аз сабаби ӯ заъиф аст. Дар шаъни Ҷобир Ибни Ҳиббон гуфтааст: ҳифзи бад дошт, ваҳмаш зиёд ва хатоҳоаш бузург буд, чизҳоеро аз рӯи таваҳҳум ривоят мекард ва аз Ҳасбон ривоят мекард ва мункарот дар ҳадисҳояш бисёр буд ва ӯ мустаҳиқи тарк кардан аст ва ӯро Аҳмад ибни Ҳанбал ва Яҳё ибни Маъин тарк кардаанд. Ва шояд Ҷобир ҳамон Ҷобир ибни Язиди Ҷаъфии Куфӣ (вафот: 128ҳ. 746 м.) бошад ва ӯ маъруф ба дуруғ ва тадлис ва муболаға дар ташайюъ буд.

(идома дорад)

Назари Шумо

Security code
навсозӣ



banner ruzgor cinema 2025-1