ДАР САРИ ҚАБР ДАРАХТ ШИНОНДАН ХУБТАР АСТ Ё САНГ ГУЗОШТАН?
Вақтҳои охир дар қабристонҳои Тоҷикистон гузоштани санги мазор мӯд шудаасту рӯз то рӯз теъдоди мизоҷони санги мазор афзоиш меёбад. Сангтарошон бо истифода аз санъати сангтарошӣ болои санги мазор, ба усулҳои ҳаккокӣ ному насаб, оятҳои Қуръону аҳодиси Паёмбар(с), ашъори бузургону баъзе хотираҳо ва ҳатто тасвири маййитро низ дар болои санг ҷо медиҳанд ва бар ивази кори худ аз 80-сомонӣ то ба ду саду сесад доллари амрикоӣ ҳаққ-уз-заҳма талаб мекунанд.
Дар кишварҳои дигар бошад ин намуди тиҷорат даҳсолаҳо пеш рушд кардаасту алҳол ба яке аз соҳаҳои тиҷорати сердаромад низ табдил шудааст. Назари мардуми тоҷик низ дар мавриди маросими қабру қабристон аз ойинҳои динӣ ба хусус дини ислом маншаъ мегирад. Мусалмонони кишвар дар аксар маврид дар болои қабри наздикони худ дарахт мешинонанду дар баъзе ҷойҳои дигар барои нишона санг мегузоранд. Бо гузашти айём санггузорӣ ба сангтарошӣ табдил шудаасту бар боли он низ ҳаккокӣ ному насаб ва ороиши санг бо тасвирҳои ранга низ муд шудааст.
Дар ривоёт мехонем, ки Расули Худо (с) барои нишона ва гум накардани азизе, дар болои қабраш санг гузошта буд. Низ дар ривояте ба ин маъно омадааст, ки Паёмабри Худо (с) аз назди ду қабре мегузашт ва фаҳмид, ки соҳибони он ду қабр бо гуноҳе мавриди шиканҷа қарор доранд (Он ҳазрат раҳмаш омад) ва шохаи дарахти хурмоеро аз байн ду тақсим карду боло он қабрҳо шинонд ва гуфт: агар инҳо бисабзанд, тасбеҳ мегӯянд ва Худованд бо баракати тасбеҳи онҳо азоби соҳибони қабрҳоро сабук хоҳад кард. Ин ду ривоят ва амал кардан ба онҳо дар кишварамон роиҷ буд, вале на ба шакли имрӯз.
Ривояти аввал далел бар он аст, ки барои муаррифӣ, на шӯҳратпарстӣ, гузоштани санг рӯи қабр ҷоиз аст. Аммо ҳаккокии матн ва тасвир мушкил пайдо мекунад. Тибқи ривоятҳо ва таълимоти исломӣ, ба таври умум, кашидани тасвири ҷондор ба хусус инсон манъ аст, дар ривояте низ ба ин маъно омадааст, ки дар хонае, ки саг ва тасвир вуҷуд дошта бошад, малоика вориди он намешаванд. Табиист, ки рӯи санге, ки болои қабр гузошта мешаваду он нашвитаҷоту тасвире дорад низ дар умуми ин ҳадис дохил мешавад. Пас донишмандони исломӣ бо ин далел кашидани тасвир бар рӯи санги мазорро нораво медонанд.
Уламо ва донишмандони мусалмон дар мавриди навиштаҷоти рӯи санги мазор назари якранг надоранд: Баъзеи онҳо бо далели он, ки ҳазрати Расули Акрам (с) дар рӯи он санг чизе нанавиштанд ва низ нафармуданд, ки рӯи он чизе навишта шавад, ҳар гуна навиштаҷотро, ҳатто ному насаби мутаваффоро, ҷоиз намедонанд. Баъзеи дигар бо далели он, ки Расули Акрам(с) низ амр накардаанд, ки набояд болои он санг чизе навишта шавад, ҳаккокии ному насаб ва танҳо оят ё ҳадисеро дар болои санги мазор раво медонанд.
Гурӯҳе сеюм ва он ҳам на аз қишри гурӯҳҳои донишманди улуми исломӣ, балки тӯдаи мардуми аввом бошад, бо пайравӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона аз фарҳанги ғарб, барои азизони худ, бар иловаи ҳаккокии ному насаб ва ояту ҳадисҳо, порчаҳои шеъру ҳаккокии тасвири шахси дар қабр хобидаро низ бо кайфияти баланд раво медонанд. Ин кори онҳо ба руҳониёни мусалмон хуш намеояд. Чунки шариати ислом каромати инсонро дар ҳаёт ва баъд аз маргаш низ қадр мекунад.
Қадр кардани каромати инсонӣ ҳадди аққал зарар нарасонидан ба марду зани дар қабр хобидашуда мебошад. Ба ақидаи уламои мазкур на ҳамаи навиштаҷоти ҳаккокишуда дар болои санги мазор, ки дар болои қабр ҷойгузин шудааст, тасбеҳ мегӯяду азоби шахси дар қабр хобида бо баракати тасбеҳу таҳлили он сабук мешавад ва ё ин ки бо баракати ҳамду санои он дараҷоти мутаваффои мазкур дар назди Холиқи оламиён баланд мешавад.
Ин донишмандон бо далели он, ки тасвирҳои ҳаккокишуда дар болои санги мазор майитро азият мекунанду фариштаҳоро низ аз қабристон мегурезонад, ҳаккокии тасвирро қатъан ва шаръан ҳаром медонанд. Бар иловаи ҳадиси мазкур қоидаи фиқҳие, ки маъхуз аз ҳадиси Паёбар (с) аст: «на зарар дидан ва на зарар расонидан», низ барои худ далел меҳисобанд.
Ривояти дувум, ки дар боло зикр шуд, барои пайравони оини муҳаммадӣ ҳамсон (алтернатив)-и санггузориро пешбинӣ мекунад. Аз ин ва ривоятҳои ҳамгунаи он бар меояд, ки дарахт шинонидан аз санг гузоштан беҳтар аст. Чунки агар Худои пок он дарахтро бисабзонад, тамоми шоху панҷа ва баргҳояш тасбеҳ мегӯянду бо баракати тасбеҳи онҳо азоби майит сабук ва дараҷоташ низ баланд мегардад.
Асҳоби мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат низ шаръан шинонидани дарахтонро бар рӯи қабр на танҳо ҷоиз, балки афзалу садақаи ҷория низ медонанд. Ба қавли онҳо то дами марг-хушк шудан дарахт тасбеҳ мегӯяду мурда аз баракати он бенасиб намемонад. Инчунин бо ҳамин далел, соҳибони мазоҳиби мазкур кандани дигар рустаниҳои хушк нашударо аз болои қабрҳо амали нораво медонанд. Чунки тамоми рустаниҳо тасбеҳ мегӯянду соҳибони қабр аз баракати тасбеҳи онҳо баҳравар мегардад.
Дар баробари соҳибони мазоҳиби чоргона боз дигар донишмандон, аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Боз, муфтии Арабистони Саудӣ, бо далели он ки дарахт шинонидан дар болои он ду қабр як амали хосси Паёмбар (с) махсус ба он ду маййит дахл дошт ва дигар асҳоби Паёмбар (с), аз ҷумла, чорёри кибор: Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ чунин накардаанд, шинонидани дархтро бар болои қабр ноҷоиз медонанд.
Ба ҳар сурат, назари Имом Молику Имоми Аъзам ва Аҳмади Ҳанбалу Имом Шофеъӣ, соҳибони мазоҳиби чоргона, дар мавриди дарахт шинонидан дар болои қабр дуруст ва далелашон низ нисбат ба далели Ибни Бозу ҳамақидаҳояш қавитар аст, чунки худи Паёмабар (с) дар болои қабре дарахт шинонид ва саҳобие низ чунин кореро анҷом доду Расули Акрам (с) амали онро таъйид кард. Бар илова ҳеч ривояте дар даст надорем, ки чорёрон ё яке аз онҳо касеро аз шинонидани дарахт дар болои қабр манъ карда бошанд. Бо ҳамин хотир мантиқан далели Ибни Боз ва ҳамтоёнаш, дар ин маврид, нисбат ба далели мазоҳиби чоргона заъифтар аст.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
05.09.2026 14:03
487
Ифтитоҳи ҷашни 35-солагии Истиқлол дар Бохтар
-
04.09.2026 00:51
513
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
746
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
08.05.2026 19:24
656
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
634
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
632
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
475
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
279
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
591
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1202
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1132
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
291
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
356
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
478
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
428
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
353
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
277
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
581
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
270
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
459
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
363
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
317
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
815
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2180
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2343
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
498
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2308
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
394
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
315
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
414
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
430
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
443
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?











































Шарҳҳо
RSS Обуна