Идоракунии муосири муҳоҷират ва нақши сармояи инсонӣ: Ширкати Солеҳа Холмаҳмадзода дар Конфронси Вена
Дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Конфронси байналмилалии Вена оид ба муҳоҷират баргузор гардид, ки дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, меҳвари асосии ин ҳамоишро баррасии роҳҳои идоракунии ҳамаҷониба ва ҳамоҳангшудаи равандҳои муҳоҷират дар шароити тағйирёбии бозори ҷаҳонии меҳнат ташкил дод.
Дар ҷараёни нишаст ба масъалаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд:
- Нақши муҳимми сармояи инсонӣ дар рушди иқтисодӣ, мутобиқшавӣ ба тағйироти бозори ҷаҳонии меҳнат ва ташаккули низомҳои устувори идоракунии муҳоҷират мавриди таҳлил қарор гирифт.
- Масъалаҳои таҳкими назорати сарҳадӣ, муқовимати муштарак ба зидди қочоқи одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар масирҳои асосии муҳоҷират баррасӣ шуданд.
- Иштирокчиён роҳҳои татбиқи равишҳои фарогир дар идоракунии муҳоҷират ва қадамҳои минбаъдаро дар самти амалисозии Паймони Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ муҳокима карданд.
Ширкати намояндаи расмии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд барои табодули таҷриба, шиносоӣ бо усулҳои пешқадами ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират заминаи мусоид фароҳам меорад.
“Рӯзгор”
















