Аз Шуша то Боку: муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон
Дар доираи барномаи «Shusha – ECO Tourism Capital 2026» дар шаҳри Шуша павилиони миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ намояндагони Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон (АМСТ), Сафорати кишвар дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ширкат варзиданд.
Дар павилиони Тоҷикистон мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, мероси ғании табиӣ, фарҳангию таърихӣ ва зарфиятҳои рушди ин соҳа ба меҳмонон ва иштирокчиён муаррифӣ карда шуданд.
Густариши робитаҳои тиҷоратӣ дар Боку
Ҳамзамон, рӯзи 20 ноябр дар шаҳри Боку вохӯрии корӣ дар қолаби B2B баргузор гардид. Ин нишаст аз ҷониби Бюрои сайёҳии Озарбойҷон (Azerbaijan Tourism Board) дар доираи сафари шиносоии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил карда шуд.
Дар доираи ин вохӯриҳо ба масъалаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд:
- Намояндагони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон бо ҳамтоёни озарбойҷонии худ роҳҳои рушди ҳамкорӣ ва ташкили сафарҳои дуҷонибаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
- Пешбурди хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ миёни бахши хусусии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
“Рӯзгор”
















