Зеҳни сунъӣ ва муҳоҷират: Суханронии Файзалӣ Идизода дар нишасти парлумонии ИДМ
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Туркманистон ҷараён дорад, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ Файзалӣ Идизода 35-солагии таъсиси ИДМ-ро марҳилаи муҳим дар таърихи ин созмон арзёбӣ карда, изҳор дошт: «Роҳи тайкардаи давлатҳои мо давоми ин солҳо ба таври возеҳ собит намуд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун минбари муҳимми муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавқеъ ва аҳаммияти хосса дорад».
Таъкид гардид, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ ҳамчун механизми муассири ҳамкории бисёрҷониба дар фазои эътимод хизмат намуда, барои рушди муколамаи созанда равишҳои навро таҳия мекунад.
Дар рӯзномаи ҷаласа ва баромади намояндаи Тоҷикистон ба масъалаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд:
- Густариши ҳамкориҳои технологӣ, инноватсия, рақамикунонӣ, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
- Такмили қонунгузории намунавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати муҳоҷират.
- Таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ.
Дар анҷом иброз гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва созанда дар доираи ИДМ буда, Ассамблеяи байнипарлумонӣ минбаъд низ дар ин раванд нақши калидӣ хоҳад бозид.
“Рӯзгор”
















