23:47:44 21-уми Ноябри 2026 сол

Соли 2027 Раёсати ниҳодҳои зиддимухаддиротии СААД ба Тоҷикистон мегузарад

Рӯзи 19 ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 28-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Зафар Самад иштирок намуд.

222 photo 2026-11-20 03-37-17Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, иштирокчиёни нишаст натиҷаҳои амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротиро дар соли 2026 ҷамъбаст карда, нақшаи чорабиниҳои асосии Шуроро барои соли 2027 тасдиқ намуданд. Тибқи қарори қабулшуда, Раёсат дар ин ниҳоди ҳамоҳангсоз соли 2027 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Зимни суханронии худ Зафар Самад вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа таҳлил намуда, ба хатарҳои афзояндаи маводи нашъаовари навъи синтетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

Директори Агентӣ омодагии комили Тоҷикистонро барои иҷрои вазифаҳои Раёсат баён дошта, самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар соли 2027 чунин муайян намуд:

- Бо назардошти мавқеи калидии Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими марзҳо ва пешгирии убури ғайриқонунии маводи нашъаовар равона мешавад.

- Густариши ҳамкориҳо ва баргузории амалиётҳои муштарак бо мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СААД барои пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ